11 Сураи ҲУД

Назад

11 Сураи ҲУД

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

 

1.Алиф, лом, ро. (ин қуръон) китобест бо оёте устувору равшан, аз ҷониби ҳакиме  огоҳ (Худованди ҷаҳон, ки корҳояш аз рӯйи кордонӣ ва фарзонагӣ анҷом мепазирад),

 

2.(эи паёмбар, ба онҳо бигӯ), ки ҷуз Худои якторо напарастед, ман аз ҷониби ӯ бимдиҳандаи  шумо (кофирон ба азоби дӯзах) ва низ муждадиҳандае  барои шумо (мӯъминон ба неъмати биҳишт) ҳастам!

 

3.Ва низ аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо (ба сабаби истиғфори содиқона ва тавбаи мухлисона) аз ризқе некӯ, то он гоҳ ки муқаррар аст (то омадани аҷал), бархурдорӣ диҳад (аз неъматҳои ин дунё). Ва (дар охират баробари адлу доди хеш) ҳар шоистаи неъматро  неъмат диҳад. Ва агар (аз имон ба Худо ва тоъату ибодати ӯ) рӯй гардонед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург (ки рӯзи қиёмат аст) бимнокам.

 

4. Бозгаштатон ба Худост ва ӯ ба ҳар коре тавоност!

 

5. Огоҳ бош, ки инҳо мепечанд синаҳои худро (андешаҳои носавоб меронанд), то рози дили хеш   пинҳон доранд, ҳол он ки ба он ҳангом, ки ҷомаҳои худ дар сар мекашанд, Худо ошкору ниҳонашонро медонад, зеро ӯ ба рози дилҳо огоҳ  аст.

6.    Ҳеҷ  ҷунбандае дар рӯи замин нест, ҷуз он ки рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Худост ва мавзеъу (мисли хона) маконашро (маҳали зист ва маҳали дафн) медонад, зеро ҳама дар китоби мубин (лавҳи маҳфуз) омадааст.

7.   ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва арши ӯ бар рӯи об буд. То биёзмояд, кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст. Ва агар бигӯӣ, ки баъд аз марг зинда мешавед, кофирон гӯянд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкор нест!

8.   Ва агар  муддати муайяне  азобашонро ба дер бияфканем, мепурсанд: «Чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чиро масхара мекарданд (азоби Худовандро), ононро (он  азоб) дар бар хоҳад гирифт .

9.Агар  инсонро раҳмате бичашонем, пасон аз ӯ бозаш гирем, бисёр ноумед мешавад ва ношукрӣ мекунад.

10.  Ва агар пас аз сахтиву ранҷ неъмату осоише ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Ногувориҳо аз ман дур шудааст». Ва дар ин ҳол шодмон аст ва худситоӣ мекунад,

11. магар касоне, ки сабр варзиданд ва корҳои некӯ карданд,  омурзиш ва музди бузург аз они онҳост!

12. Мабодо,  баъзе аз чизҳоеро, ки ба ту ваҳй кардаем, вогузорӣ  ва ба он дилтанг бошӣ, ки мегӯянд: «Чаро ганҷе бар ӯ фурӯ фиристода намешавад? Ва чаро фариштае ҳамроҳи ӯ намеояд?» Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае беш нестӣ ва Худост, ки корсози ҳар чизест.

13. Ё он ки мегӯянд, ки аз худ бармебофад ва ба дурӯғ ба Худо нисбаташ мекунад. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҷуз Худо ҳар киро, ки тавонед, ба ёрӣ биталабед ва даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта, биёваред.

14. Пас агар шуморо иҷобат накарданд, бидонед, ки Қуръон ба илми Худо нозил  шуда ва низ ҳеҷ худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Пас оё шумо мусалмон (фармонбардори Худо) ҳастед?»

15. Онон, ки (танҳо) зиндагиву зинати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди  кирдорашонро дар ин ҷаҳон пурра медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд.

16. Инҳо касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва ҳар чӣ дар дунё кардаанд, ночиз шавад ва ҳар чӣ ба ҷой овардаанд, ботил аст!

17. Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори хеш далеле равшан дорад ва дунболи вай гувоҳе аз ҷониби Парвардигори ӯ меояд ва пеш аз ин китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ дода, бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби равшан  (қуръон) имон меоваранд. Ва ҳар гурӯҳи дигаре, ки ба он  (қуръон) кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар он шак макун, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бештари мардум имон намеоваранд!

18.Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Худо  дурӯғ мебандад? Инҳоро ба Парвардигорашон арза хоҳанд дошт (оварда мешаванд) ва шоҳидон гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳо ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастаанд. Лаънати Худо бар ситамкорон бод;

19. онон, ки мардумро аз роҳи Худо бозмедоранд ва роҳи каҷро мехоҳанд  ва ба охират имон надоранд,

20. инҳо наметавонанд дар рӯи замин аз Худо бигурезанд ва ҷуз ӯ ҳеҷ  ёваре надоранд, азобашон дучандон мешавад. На тавони шунидан  доштаанд (ҳақро) ва на тавони дидан (ба сабаби шиддати нохушии онҳо аз шунидан ва дидани ҳақ).

21. Инҳо ба хештан зиён расониданд ва он чиро, ки ба дурӯғ  мебофтанд, аз даст додаанд.

22. ҳатман, онон дар охират зиёнкортаранд.

23. Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон сар хам намудаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.

24. Масали ин ду гурӯҳ (мӯъминон ва кофирон) масали кӯру кар ва бинову шунавост. Оё ин ду ба масал бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред?

25.  Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: «Ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам,

26. ки ҷуз Худои барҳақро напарастед! Зеро аз азоби рӯзи сахти қиёмат бар шумо бимнокам!»

27. Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Мо туро ҷуз инсоне монанди хеш намебинем. Ва намебинем, ки ҷуз бечораҳолони мо (фақиру, бемақом), аз ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо фазилате бошад, балки пиндорем, ки дурӯғ мегӯед».

28. Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар аз Парвардигорам яқин  дошта бошам (ин ки ман барҳақ ҳастам) ва ӯ ба ман раҳмати хеш  (яъне, нубувват ва рисолат)  арзонӣ карда бошад.  Пас, ҳақиқати он (раҳмати илоҳӣ ба сабаби таваҷҷӯҳи шумо ба моддиёт ва ғафлат аз маънавиёт)  бар шумо пинҳон монда бошад, оё дар ҳоле, ки худ намехоҳед, шуморо ба зӯрӣ ба қабули ӯ водорем?

29. Эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати хеш моле аз шумо наметалабам. Музди ман танҳо ба Худост. Онҳоеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори хеш дидор хоҳанд кард. Вале мебинам, ки шумо мардуме нодон ҳастед.

30. Эй қавми ман, агар онҳоро (мӯъминонро)аз худ биронам, чӣ касе дар баробари (муҷозоти шадиди) Худо маро ёрӣ хоҳад кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед?

31. Ба шумо намегӯям, хазинаҳои Худо дар назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фаришта ҳастам. Ва намегӯям, ки Худо ба онон, ки шумо ба ҳа­қорат дар онҳо менигаред, хайри худро ато накунад. Худо ба он чӣ дар дилҳои онҳост, огоҳтар аст. Агар чунин кунам, аз ситамкорон хоҳам буд».

32. Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, бо мо ҷидол (баҳс, ситеза ва пархош) кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ. Агар рост мегӯӣ, ҳар ваъдае ки ба мо додаӣ, биёвар!»

33. Гуфт: «Худост, ки агар бихоҳад, он ваъдаро меорад ва шумо оҷизкунанда (Худоро) нестед.

34.  Ва агар Худо хоста бошад, ки гумроҳатон созад, агар ман бихоҳам шуморо панд диҳам, пандам суд нахоҳад кард. ӯст Парвардигори шумо ва ҳама ба  сӯйи ӯ  бозгардонида мешавед».

35. Ё мегӯянд, ки онро ба Худо дурӯғ бастааст. Бигӯ: «Агар онро ба Худо дурӯғ баста бошам, гуноҳаш бар ман аст ва ман аз гуноҳе, ки мекунед, мубарро (пок) ҳастам».

36. Ва ба Нӯҳ ваҳй расид, ки аз қавми ту ҷуз  он гурӯҳ, ки имон овардаанд, дигар имон нахоҳанд овард. Аз кирдори онон андӯҳгин мабош.

37. Киштиро  зери назар ва таълиму тавҷеҳи Мо  бисоз ва дар бораи он ситамкорон бо ман сухан магӯй  (дар бораи ғарқ нашудан ва наҷот доданашон), ҳамоно, онҳо ғарқ шавандагонанд.

38. Нӯҳ киштӣ месохт ва ҳар бор, ки бузургони қавмаш бар ӯ мегузаштанд, масхарааш мекарданд. Мегуфт: « Агар шумо моро масхара мекунед, ба зудӣ мо ҳам монанди шумо масхараатон хоҳем кард.

39.Ба зудӣ хоҳед донист,  онро ки азоб  расад  ( дар дунё),  хораш созад ва азоби  ҳамешагӣ (дар охират) бар вай  фурӯд ояд!»

40. Чун фармони Мо (ба ҳалоки онҳо) дар расид ва танӯр ҷӯшид (танури пухтупази нон, ки ҷӯшидани об аз он  далолат бар омадани азоб мекунад),  гуфтем: «Аз ҳар нару мода дуто ва низ хонадони худро дар киштӣ биншон, ғайри он касе (ғайри ҳамсар ва яке аз писаронат), ки сухан бар ҳалок  дар борааш аз пеш содир шуда бошад ва низ (ҳамроҳ гир) онҳоеро, ки ба ту имон овардаанд. Ва ҷуз андаке ба ӯ имон наёварда буданд».

41. Гуфт: «Бар он (киштӣ) савор шавед, ки ба номи Худо ба роҳ афтад ва ба номи Худо лангар бияндозад. Зеро Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!»

42. Киштӣ ононро дар миёни мавҷҳое чун кӯҳ мебурд. Нӯҳ писарашро, ки дар гӯшае истода буд, нидо дод: «Эй писаракам, бо мо савор шав ва бо кофирон мабош!»

43. Гуфт: «ман бар сари кӯҳе, ки маро аз об нигаҳ дорад, паноҳ хоҳам  бурд». Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ нигаҳдорандае аз  азоби Худо нест, магар касеро, ки (Худо) бар ӯ раҳм оварад». Ногаҳон мавҷ миёни он ду парда гашт ва ӯ аз ғарқшудагон буд.

44. Ва гуфта шуд: «Эй замин, оби худ фурӯ бар  ва эй осмон, бозист». Об фурӯ шуд ва кор ба поён омад ва киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ қарор гирифт ва нидо омад, ки ҳалокат бод бар мардуми ситамкор!

45. Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, писарам аз хонадони ман буд ва ваъдаи Ту ҳақ аст ва нерӯмандтарини ҳукмкунандагон Ту ҳастӣ!»

46. Гуфт: «Эй Нӯҳ, ҳаройна, ӯ аз хонадони ту нест (яъне, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки онҳоро наҷот медиҳем), албатта, пурсидани ту наҷоти писаратро амали солеҳ нест (зеро писараш кофир буд). Аз сари ноогоҳӣ аз Ман чизе махоҳ. Панд медиҳам туро, ки аз мардуми нодон набошӣ».

47. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, агар аз сари ноогоҳӣ чизе бихоҳам ва агар маро наёмурзӣ ва ба ман раҳмат наёварӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд».

48. Гуфта шуд: «Эй Нӯҳ, ҳаройна ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фурӯд ой (аз киштӣ). Ва умматҳое ҳастанд аз зурияи ҳамроҳони ту, ки онҳоро (аз неъматҳои дунё) бархурдор месозем, он гоҳ мерасад онҳоро азоби дардовари Мо  (дар охират)».

49.  Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки бар ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту онҳоро медонистӣ ва на қавми ту. Пас сабр кун, зеро оқибати нек аз они парҳезгорон аст!

50. Ва бар қавми Од  бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман,  Худои  барҳақро бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз ӯ нест ва шумо дурӯғсозоне беш нестед.

51. Эй қавми ман, дар баробари паёми худ аз шумо музде наметалабам. Музди ман танҳо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед?

52. Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, он гоҳ бар остони ӯ тавба кунед, то боронро пай дар пай бар шумо фурӯ резад ва бар нерӯятон бияфзояд! Ва чун гунаҳкорон рӯй барматобед!»

53. Гуфтанд: «Эй Ҳуд, ту барои мо далели равшане наёвардаӣ ва мо ба гуфтори ту худоёни хешро тарк намекунем ва ба ту имон намеоварем.

2. Дар бораи  қавми Од, руҷӯъ кунед ба сураи Аъроф, ояти 65.

54.  Ҷуз ин нагӯем, ки баъзе аз худоёни мо ба ту озоре расондаанд (мисли беақлӣ ва девонагӣ)». Гуфт: «Худоро гувоҳ мегирам ва шумо низ гувоҳ бошед, ки ман аз он чӣ  ҷуз Худои барҳақ  ба ширк мепарастед, безорам.

55. Ҳамагӣ (шумо ҳамроҳи бутҳоятон), ба ҷуз Худо,  бо ҳилагарӣ  бар зидди ман бархезед (барои зарар расонидан) ва маро мӯҳлат мадиҳед.

56. Ман бар Худои якто, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккул кардам. Ҳеҷ ҷунбандае, нест магар он ки зимоми ихтиёрашро ӯ гирифтааст. Албатта, Парвардигори ман бар роҳи рост аст (ҳаким ва одил аст)!

57. Пас, агар ҳам рӯй бигардонед, ман рисолати хешро ба шумо расонидам ва Парвардигори ман мардуми дигареро ҷонишини шумо хоҳад сохт ва ҳеҷ ба ӯ зиёне намерасонед (ба сабаби куфр ва исёнатон). Зеро Парвардигори ман нигаҳбони ҳамаи чизҳост!»

58. Ва чун фармони Мо даррасид, ба бахшоиши хеш Ҳуд ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, наҷот додем ва онҳоро аз азоби сахт раҳонидем.

59. Ва инҳо қавми Од буданд, ки оёти Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашро нофармонӣ карданд ва ба фармони ҳар ҷаббори саркаш  гардан ниҳоданд.

60. Ва дар ин дунёву рӯзи қиёмат гирифтори лаънат шуданд. Огоҳ бошед, ки қавми Од  ба Парвардигорашон кофир шуданд,   огоҳ бошед, ки нафрин бод бар Од, қавми Ҳуд!

61. Ва бар қавми Самуд3 бародарашон Солеҳро фиристодем, Гуфт:  «Эй қавми ман, Худои барҳақро бипарастед! Шуморо ҷуз ӯ маъбуди барҳақе нест. ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва хост, ки ободонаш доред. Пас омурзиш хоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед. Албатта, Парвардигори ман наздик аст ва дуъоҳоро иҷобат мекунад!»

62. Гуфтанд: «Эй Солеҳ, пеш аз ин ба ту умед медоштем. Оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Мо аз он чӣ моро ба он мехонӣ, дар шаккем ки моро дар шубҳаи бузург меандозад».

63. Гуфт: «Эй қавми ман, хабар диҳед маро агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате  ба ҳамроҳ дошта бошам ва ӯ ба ман раҳмати  хеш (яъне, нубувват) арзонӣ карда бошад, чӣ касе маро ёрӣ мекунад, агар аз фармонаш сарпечӣ кунам? Агар аз шумо фармон барам, ҷуз ба зиёни ман нахоҳед афзуд.

64. Ва эй қавми ман, ин модашутури Худованд аст ва нишонаест барои шумо. Бигзоредаш, то дар замини Худо бичарад ва ӯро макушед, ки ба зудӣ азоб шуморо фурӯ гирад».

65. Пас модашутурро сар буриданд. Гуфт: «Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ».

66. Чун амри Мо  (ба ҳалоки онҳо) фаро расид, Солеҳро бо касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати хеш аз хории он рӯз наҷот бахшидем. Зеро Парвардигори ту тавонову пирӯзманд аст!

67. Ва ситамгоронро сайҳае (садои ваҳшатноки оташак) фурӯ гирифт пас субҳ карданд дар хонаҳои худ ба зону афтода, мурданд.

68. Чунон ки гӯӣ ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бошед, ки қавми Самуд ба Парвардигорашон кофир шуданд, Огоҳ бошед, ки нобуди бод бар қавми Самуд!

69. Ба таҳқиқ расулони4 Мо барои Иброҳим мужда оварданд. Гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом!» Ва лаҳзае баъд гӯсолае бирён (ҳаниз, яъне гӯшти бирёншуда бар болои санги тасфон) ҳозир  овард.

70. Ва чун дид, ки ба он даст дароз намекунанд, ононро написандид ва дар дил аз онҳо бимнок шуд, гуфтанд: «Матарс, мо бар қавми Лут фиристода шудаем».

71. Ва занаш, ки истода буд, пас хандид. Пас, ӯро ба Исҳоқ хушхабар додем ва пас аз Исҳоқ ба Яъқуб.

72. Зан гуфт: «Вой бар ман, оё дар ин пиронсолӣ мезоям ва ин шавҳари ман низ пир аст? ҳамоно, ин чизи аҷибест!»

73. Гуфтанд: «Оё аз қудрати Худо таъаҷҷуб мекунӣ? Раҳмату баракати Худо бар шумо,  аҳли ин хона арзонӣ бод.  ҳаройна, ӯ сутуданитар ва воломақомтар  аст!

74. Чун ваҳшат аз Иброҳим бирафт ва ӯро хушхабар омад, бо Мо дар бораи қавми Лут ба мубоҳаса бархост.

75. Албатта, Иброҳим бурдбору раҳмдил ва ҳалиму фармонбардор аст!

76. Эй Иброҳим, аз ин сухан рӯй гардон! Фармони Парвардигорат омадааст ва бар онҳо азобе, ки ҳеҷ баргаштан надорад, фурӯд хоҳад омад.

77. Ва чун расулони Мо назди Лут омаданд, Лут аз омадани онҳо нохуш  ва андӯҳгину дилтанг шуд ва (аз рӯи нотавонӣ), гуфт: «Имрӯз, рӯзи сахтест».

78.  Ва қавмаш шитобон назди ӯ омаданд ва онон пеш аз ин муртакиби корҳои зишт мешуданд. Лут гуфт: «Эй қавми ман, инҳо духтарони ман (духтарони уммати ман) ҳастанд (пас, никоҳ кунед онҳоро5). Барои Шумо  (барои издивоҷ) покизатаранд. Аз Худо битарсед ва маро дар баробари меҳмононам хиҷил макунед. Оё марди хирадманде дар миёни шумо нест?»

79. Гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки моро ба духтарони ту ниёзе нест ва низ медонӣ, ки чӣ мехоҳем (яъне, мо ба занҳо эҳтиёҷ надорем ва мо мардҳоро мехоҳем)».

80. Лут гуфт: «Кош дар баробари шумо қудрате медоштам ва метавонистам ба такягоҳе устувор паноҳ бибарам (яъне, ба қабилаи қудратманде, ки маро дар муқобили шумо нусрат медоданд)!»

81. Гуфтанд: «Эй Лут, мо расулони Парвардигори ту ҳастем! Инҳо ҳаргиз ба ту даст нахоҳанд ёфт. Чун посе аз шаб бигзарад, хонадони хешро берун бибар. Ва ҳеҷ як аз шумо ба қафо нангарад, ҷуз занат, ки ба ӯ низ он чӣ ба онҳо расад, хоҳад расид. Ваъдаи онҳо субҳгоҳ аст. Оё субҳ наздик нест?»

 

5. Мурод аз духтарони Паёмбар духтарони қавмаш аст, зеро Паёмбари ҳар уммат барои занҳо ва духтарони он ба манзалаи падар мебошад.

82. Чун фармони Мо (бар ҳалоки онҳо) фаро расид, он ҷоро зеру забар кардем ва бар он шаҳр бороне аз сангҳое аз сиҷҷил6 пай дар пай фурӯ боридем,

83. ки бар онҳо нишони Парвардигорат буд ва чунин азобе аз ситамкорон дур нест.

84. Ва бар Мадян бародарашон Шуъайбро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди  барҳақе ҷуз ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу нуқсон макунед! Инак, шуморо дар неъмат мебинам. Ва аз рӯзе, ки азобаш шуморо фурӯ гирад, бимнокам.

85. Ва эй қавми ман, паймонаву тарозуро аз рӯи адл комил адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам мадиҳед ва чун табаҳкорон дар замин фасод макунед.

86. Агар имон овардаед, он чӣ Худо боқӣ мегузорад (фоидаҳое, ки ба сабаби вафо карданатон бар паймона ва тарозу мегиред), бароятон беҳтар аст. Ва ман нигаҳбону муроқиби шумо нестам».

87. Гуфтанд: «Эй Шуъайб, оё намозат ба ту фармон медиҳад, ки мо он чиро падаронамон мепарастиданд, тарк гӯем ё дар амволи худ ончунон, ки худ мехоҳем, тасарруф накунем? Ба ростӣ ту марде бурдбору хирадманд ҳастӣ (лек аз ин сухан мақсадашон истеҳзо буд, яъне гуфтанд, ки ту беақл ҳастӣ)».

88. Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар бо ман аз ҷониби Парвардигорам ҳуҷҷате бошад ва ӯ маро ризқе некӯ ато карда бошад? Агар шуморо аз чизе манъ мекунам, барои он нест, ки худ муртакиби он бишавам. То он ҷо, ки битавонам, қасде ҷуз ба ислоҳ оварданатонро надорам. Тавфиқи ман танҳо бо Худост. Ба ӯ таваккул кардаам ва ба даргоҳи ӯ рӯй меоварам».

89. Ва эй қавми ман, зиддият бо ман шуморо ба коре вонадорад, то он чӣ бар қавми Нӯҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ, ё дар ҳамин наздикӣ ба қавми Лут расид, ба шумо низ бирасад.

90. Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед. Ба даргоҳаш тавба кунед, ки  албатта,  Парвардигори ман меҳрубону дӯстдоранда аст (барои тавбакунандагон)!»

91. Гуфтанд: «Эй Шуъайб, бисёре аз чизҳоеро, ки мегӯӣ, намефаҳмем, туро дар миёни худ нотавон мебинем, агар ба хотири қабилаат набуд, сангсорат мекардем ва ту назди мо  арзиш ва эҳтироме надорӣ».

92. Гуфт: «Эй қавми ман, оё қабилаи ман дар назди шумо аз Худои барҳақ  болотару гиромитар аст? Оё Худоро  пушти сар қарор медиҳед (ва ба қудрат ва иззати вай эътиное намекунед)? Ва ҳол он ки Парвардигори ман бар ҳар коре, ки мекунед, иҳота дорад (ҳамаи амалҳои бандагонашро медонад ва мувофиқи он ҷазо медиҳад)!

93. Ва эй қавми ман, шумо ҳамчунон, ки ҳастед, ба кори хеш машғул бошед ва ман ҳам ба кори хеш машғул мешавам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки он азоби хоркунанда бар чӣ касе фурӯд меояд ва чӣ касе дурӯғгӯст. Мунтазир бимонед, ман низ бо шумо мунтазир мемонам!»

94. Ва чун замони азоби Мо (бар ҳалоки онҳо) фаро расид, Шуъайб ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати хеш раҳонидем. Ва ситамкоронро наъраи (ваҳшатангези азоб) фурӯ гирифт ва дар хонаҳои хеш ба зону афтода, мурданд,

95. чунон ки гӯӣ ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бош, дурӣ  (аз раҳмати Худо) ва ҳалок бар мардуми Мадян бод, ҳамчунон ки дурӣ (аз раҳмати Худо) ва ҳалок бар қавми Самуд буд!

96. Ва ҳаройна, Мо Мӯсоро ҳамроҳ бо оёту ҳуҷҷати ошкори хеш фиристодем,

97. ба назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Аммо онон (қавми Фиръавн) пайрави фармони Фиръавн шуданд. Ва фармони Фиръавн ба роҳи савоб роҳ наменамуд.

98.  Дар рӯзи қиёмат пешопеши қавми худ биёяд ва ҳамаро ба оташ дароварад, ки дохилшудагонро бад ҷойгоҳест!

99.  Лаънати инҷаҳонӣ ва лаънати рӯзи қиёматро аз пайи азоб бар онҳо фиристода шуд ва чӣ бад атое ба онон дода шудааст!

100. Инҳо ахбори қарияҳоест (қарияҳое, ки гирифтори азоби Худованд шуданд), ки барои ту ҳикоят мекунем; деҳаҳое, ки баъзе ҳанӯз барпоянд (деҳаҳое, ки мардумаш ҳалок шуда хонаҳояшон боқӣ монданд) ва баъзе вайрон (деҳаҳое, ки бо сокинонаш ҳамагӣ нобуд шуданд).

101. Мо ба онҳо ситам накардаем, балки худ ба нафси худ ситам мекарданд. Ва чун амри Парвардигори ту фаро расид (бар ҳалоки онҳо), маъбудоне, ки ба ҷои Худои барҳақ мепарастиданд, ҳеҷ ба корашон наёмаданд ва ҷуз зиёнкорӣ чизе бар онон наяфзуданд.

102. Ва инчунин аст ба азоб гирифтани Парвардигори ту, вақте ки бихоҳад  қаряҳои ситамкорро ба азоб кашад. ҳамоно, ба азоб гирифтани ӯ,  азобе сахт дардовар аст!

103.  Албатта, дар инҳо (қисса ва ахбори гузаштагон) барои касоне, ки аз азоби охират бимноканд, ибратест. Дар он рӯз (рӯзи қиёмат), ки мардум (барои ҳисобу китоб ва подоши аъмол) гирд оварда шаванд ва он рӯз, ки мардумро (аз аввалин то охирин) дар он ҳозир оваранд!

104. Ва ҷуз то андак муддати муайяне (рӯзи қиёматро) ба дераш намеандозем.

105. Рӯзе, ки чун биёяд, ҳеҷ кас ҷуз ба фармони ӯ сухан нагӯяд ва мардумон баъзе бадбахт бошанд ва баъзе некбахт.

106. Аммо бадбахтон дар оташанд ва ононро дар он ҷо (дӯзах) нолае зору фарёде сахт бувад (яъне, монанди овози хар).

107. Абадӣ бошанд дар дӯзах (кофирон) ба муддати бақо осмонҳо ва замин, магар он чи Парвардигорат бихоҳад (яъне, баровардани муваҳҳидон аз дӯзах), албатта, Парвардигори ту ҳар чӣ хоҳад, ҳамон кунад!

108.  Ва аммо ононе, ки некбахт гардонида шудаанд,  то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, дар биҳишт ҷовидон бимонанд; магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад (дохил кардани гунаҳкорони муваҳҳидро ба ҷаннат, баъд аз пок шуданашон аз гуноҳ). Атои ӯ ҳеҷ қатъ намешавад.

109.  Пас, аз он чӣ инҳо (мушрикон) мепарастанд, ба шакку шубҳа мабош. Намепарастанд (худоёнашонро) ҷуз ба он гуна, ки падаронашон пеш аз ин мепарастиданд. Ва албатта, Мо насиби ононро (аз азоб) бе ҳеҷ каму костӣ адо хоҳем кард!

110. Ба Мӯсо китоб додем. Дар он китоб ихтилоф шуд (яъне, баъзеҳо имон оварданд ва баъзеашон инкор карданд). Агар на ҳукме буд, ки пеш аз ҷониби Парвардигорат содир шуда буд (дар таъхири азоби онҳо),  миёнашон доварӣ мешуд (дар азоб додани онҳо дарҳол). Ва онҳо (куффори қавмат)  албатта, дар он китоб (қуръон) сахт дар шубҳаанд.

111. Ва қасам, ки албатта,  Парвардигори ту ҷазои аъмоли ҳамаро  ба тамомӣ хоҳад дод ва Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!

112.  Ҳамроҳ бо онон, ки тавба карданд ва бо ту рӯ ба Худо оварданд, ҳамчунон ки амр шудаӣ, собитқадам бош. Ва аз ҳад нагузаред, ки ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, биност!

113. Ва ба ситамкорон майл макунед, ки азоби оташ шуморо бирасад. Шуморо ҷуз Худо ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад!

114. Ва намоз бигузор дар оғозу анҷоми рӯз ва чанд соате аз шаб. ҳамоно, некиҳо бадиҳоро аз миён мебаранд. Ин пандест барои пандпазирон.

115. Сабр кун, зеро Худованд музди некӯкоронро табоҳ намесозад!

116. Чаро дар миёни умматҳое, ки пеш аз шумо буданд, ғайри андаке, ки аз он миён наҷоташон додем, хирадмандоне набуданд, то мардумонро аз фасод кардан дар замин боздоранд? Золимон аз паи осудагиву лаззоти дунявӣ рафтанд ва гунаҳкор буданд.

117. Парвардигори ту ҳеҷ деҳотеро, ки мардумаш некӯкор бошанд, ба ситам ҳалок нахоҳад сохт.

118. Ва (эй паёмбаре, ки орзуманди имон овардани қавми худ ва мутаассиф бар рӯй гардондани онҳо аз даъвати осмонӣ астӣ, бидон, ки) агар Парвардигори ту хоста  буд, ҳамаи мардумро (ҳамчун фариштагон дар як тариқа ва бар як низом қарор медод ва) як уммат карда буд (ва пайрави дини ягонае менамуд ва онҳо дар моддиёту маънавиёт ва интихоби ҳаққу ботил ихтиёр ва ихтилофе намедоштанд, он гоҳ ҷаҳон ба шакли дигаре дармеомад), вале (Худо мардумро соҳибихтиёр офаридааст ва онҳо) ҳамеша (дар ҳама чиз, ҳатто интихоби дин ва усули ақоиди он) гуногун хоҳанд буд,

119. магар онҳое, ки Парвардигорат бар онҳо раҳмат оварда (ки дар роҳи ҳақ ҳамеша муттафиқанд) ва онҳоро барои ҳамин гуногун (яъне, гурӯҳе некбахт ва гурӯҳе бадбахт, гурӯҳе дар биҳишт ва гурӯҳе дар дӯзах) биёфаридааст. Ва сухани Парвардигори ту бар ин муқаррар (лозим ва тамом) шуда, ки албатта, ҷаҳаннамро аз ҳамаи  ҷинну инс пур мекунам.

120. Ҳар хабаре аз ахбори паёмбаронро  бароят ҳикоят мекунем, то туро қавидил гардонем. Ва дар ин сура бар ту сухани ҳақ (мурод аз сухани ҳақ қиссаҳоест, ки пештар дар ин сура зикр шудаанд) ва барои мӯъминон мавъизаву панд ва ёдоварӣ омадааст (яъне, нозил шудааст).

121. Ба касоне, ки имон намеоваранд, бигӯ: «Шумо ба ҳар сон, ки хоҳед, амал кунед, мо низ амал мекунем.

122. Ва шумо интизорӣ бикашед (оқибати моро ), мо низ мунтазир мемонем (ки баробари ваъдаи Худо, даъвати илоҳӣ пирӯз шавад ва Ислом бар шумо ва бар ҳамаи душманони дин ғалаба кунад)!»

123.  Ва аз они Худост илми ғайби (илми он чизе, ки аз мардум пинҳон аст) осмонҳову замин ва ба ӯ бозгардонда мешавад ҳамаи корҳо (рӯзи қиёмат). ӯро бипараст ва бар ӯ таваккул кун, ки Парвардигори ту аз он чӣ ба ҷой меоваред (аз амалҳои неку бадатон, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад), ғофил нест !

Мы в социальных сетях