13 Сураи РАЪД (Тундар)

Назад

13 Сураи РАЪД1 (тундар)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Алиф, лом, мим, ро. Инҳо оёти ин китоб аст ва он чӣ аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд.

2.Аллоҳ- ҳамон Худовандест, ки осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне, ки онро бубинед, барафрошт. Сипас ба арш истиво2 ёфт ва офтобу моҳро, ки ҳар як то замоне муайян дар сайранд, ром кард. Корҳоро мегардонад ва оётро баён мекунад, бошад, ки ба дидори Парвардигоратон яқин кунед!

3.ӯст, ки заминро бигустурд ва дар он кӯҳҳову рӯдҳо қарор дод ва аз ҳар мева ҷуфт-ҷуфт падид овард ва шабро дар рӯз мепӯшонад. Дар инҳо ибратҳост барои мардуме, ки меандешанд!

4.Ва бар рӯи замин қитъаҳоест дар канори якдигар ва боғҳои ангуру киштзорҳо ва нахлҳое, ки ду тана аз як реша руста аст ё як тана аз як реша ва ҳама ба як об сероб мешаванд ва дар (таъм ва маззаи) мева баъзеро бар дигаре бартарӣ ниҳодаем. Албатта дар инҳо барои хирадмандон ибратҳост!

5.Агар ту дар ҳайрат меоӣ, таъаҷҷуб  дар сухани онҳост, ки оё он ҳангом, ки хок шавем, аз нав моро биёфаринад? Инҳо ба Парвардигорашон имон надоранд, бар гарданҳошон тавқҳо бошад ва аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонанд.

6.Ба шитоб аз ту, пеш аз хайру омурзиш, азоб металабанд. Пеш аз онҳо азобҳое будааст ва Парвардигори ту мардумро, бо он ки ситам кардаанд, меомурзад ва низ Парвардигори ту ба сахтӣ уқубат мекунад.

7.Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае ҳастӣ ва ҳар қавмеро раҳбарест!

8.Худо медонад,  ҳар зане (моддинае) он чӣ (дар шиками худ) мебардорад  ва он чӣ раҳмҳо коҳад  ва он чӣ раҳмҳо афзояд. Ва ҳар чизро дар назди ӯ миқдоре муъайян аст.

9.Донои ниҳону ошкор,  (Худои)  бузургвору баландмартаба аст!

10.Барои ӯ яксон аст аз шумо ҳар кӣ сухан пинҳон гӯяд ё  ошкоро. Ва он ки дар пардаи шаб пинҳон мешавад ва он ки дар рӯз  ошкоро меравад.

11.Одамиро фариштагонест, ки паёпай ба амри Худо аз рӯбарӯву пушти сараш меоянд ва нигаҳбонияш мекунанд.  ҳаройна, Худо чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд. Чун Худо барои мардуме бадӣ хоҳад, ҳеҷ чиз монеъи ӯ натавонад шуд ва онҳоро ҷуз Худо ҳеҷ корсозе нест!

12.ӯст, ки барқро гоҳ барои тарсонидан ва гоҳ барои умед бахшидан ба шумо менамоёнад ва абрҳои гаронборро падид меоварад.

13.Раъд ба ситоиши ӯ ва фариштагон аз бими ӯ тасбеҳ мегуянд. Ва соъиқаҳоро (оташакҳоро) мефиристад ва ҳар киро бихоҳад, бо он осеб мерасонад. Боз ҳам дар бораи Худо баҳсу ҷидол мекунанд. Ва ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!

14.  Дуъову илтиҷои ростин хоси ӯст. Онон, ки ҷуз ӯро илтиҷо мекунанд, ҳеҷ посухашон намегӯянд. Монанди касе, ки ду даст ба сӯи об барад, то об ба даҳон расонад ва натавонад,ки об ба даҳон расонад. Ва дуъои кофирон ҷуз ба гумроҳӣ нест!

15. Хоҳу нохоҳ (бо иҷбору икроҳ) барои Худованд саҷда мекунанд ҳамаи онҳо , ки дар осмонҳову заминанд ва сояҳояшон низ бомдодону шомгоҳон ба саҷда меоянд.

16. Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳову замин?» Бигӯ: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё ғайри ӯ худоёне баргузидаед, ки қодир ба суду зиёни хеш нестанд? Бигӯ: «Оё нобинову бино баробаранд? Ё торикиву равшанӣ яксонанд? Ё шариконе, ки барои Худо қоил шудаанд, чизҳое офаридаанд, монанди он чӣ Худо офаридааст ва онон дар бораи офариниш ба иштибоҳ афтодаанд?» Бигӯ: «Аллоҳ офаринандаи ҳар чизест ва ӯ ягонаву қаҳҳор аст!»

17. Аз осмон об фиристод ва ҳар рӯдхона баандозаи хеш ҷорӣ шуд ва оби равон кафк  бар сар овард, Ва аз он чӣ бар оташ мегудозанд, то зевару матоъе созанд, низ кафке бар сар ояд. Худо барои ҳаққу ботил чунин масал мезанад. Аммо кафк ба каноре афтад ва нобуд шавад ва он чӣ барои мардум судманд аст, дар замин пойдор бимонад. Худо инчунин мисол меорад.

18. Барои онон, ки даъвати парвардигорашонро пазируфтанд, мукофоти некӯест. Ва касоне, ки даъвати ӯро напазируфтаанд, агар ҳар он чиро, ки бар рӯи замин аст ва монанди онро дошта бошанд, онро фидя кунанд, онон ба сахтӣ бозхост хоҳанд шуд ва маконашон ҷаҳаннам аст ва (он) бад ҷойгоҳест!

19. Оё касе, ки медонад он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шуда ҳақ аст, монанди касест, ки нобиност? Танҳо хирадмандон панд мегиранд:

20.   касоне, ки ба аҳди Худо вафо мекунанд ва худ паймон намешикананд;

21. Онон, ки он чиро Худо ба пайвастани3 он фармон дода, мепайванданд  ва аз Парвардигорашон метарсанд ва аз сахтии бозхости Худованд бимноканд;

22. онон, ки ба талаби савоби Парвардигори хеш сабр пеша карданд ва намоз гузориданд ва дар ниҳону ошкор аз он чӣ ба онҳо  рӯзӣ додаем, хайр карданд ва бадиро бо некӣ дафъ мекунанд,  сарои охират хосси онҳост.

23. Биҳиштҳои ҷовидон; онҳо ва ҳар ки некӯкор будааст аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон, ба он дохил шаванд ва фариштагон аз ҳар дар ба наздашон оянд.

24. Салом бар шумо ба хотири он ҳама сабре, ки варзидаед. Сарои охират чӣ сарое некӯст!

25. Ва онон, ки паймони Худоро пас аз устувор карданаш мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он (силаи раҳм) фармон дода, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд, лаънат (дурӣ аз раҳмати Худо) бар онҳост ва бадиҳои он ҷаҳон (дӯзахи сузон) насибашон.

26. Худо ҳар киро хоҳад, рӯзии бисёр диҳад ё рӯзии андак. Ва мардум ба зиндагии дунё хушнуданд, ҳол он ки зиндагии дунё дар баробари зиндагии охират ҷуз андак матоъе нест.

27. Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Худо ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад. Ва ҳар киро ба даргоҳи ӯ рӯй кунад, ҳидоят мекунад».

28. Онон, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо оромиш меёбад, огоҳ бошед, ки дилҳо ба ёди Худо  оромиш меёбанд!

 

 

3. Аз қабили робитаи инсон бо офаринандаи ҷаҳон, ҷомеъаи инсоният ва ҳамнавъони худ, ба хусус хешовандон ва наздикон.

29. Зиндагии хуш ва бозгаштангоҳи некӯ аз они касонест, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд.

30. Ҳамчунин туро ба миёни уммате, ки пеш аз онҳо умматҳое дигар будаанд, ба пайғамбарӣ фиристодаем, то он чиро, ки бар ту ваҳй кардаем, барояшон тиловат кунӣ ва онҳо ба Раҳмон кофир мешаванд. Бигӯ: «ӯ Парвардигори ман аст. Худое ҷуз ӯ нест. Бар ӯ таваккул кардаам ва тавбаи ман ба даргоҳи ӯст!»

31. Агар Қуръоне мебуд, ки ба сабаби он кӯҳҳо равон карда мешуд ё ба сабаби он замин пора-пора мешуд ё ба сабаби он мурдагон ба сухан дароварда шаванд (низ имон намеоваранд), балки Худорост ҳамаи корҳо. Оё мӯъминон ҳанӯз надонистаанд, ки агар Худо мехост, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард? Ва кофиронро пайваста ба сабаби аъмолашон ҳодисае расад ё он ҳодиса дар наздикии хонаҳояшон фурӯд ояд, то он гоҳ, ки ваъдаи Худо фароз ояд, зеро Худо хилофи ваъда намекунад!

32. Паёмбароне ҳам, ки пеш аз ту буданд, ба масхара гирифта шуданд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам, он гоҳ ҳамаро фурӯ гирифтам ва он уқубати ман чӣ сахт буд!

33. Оё он ки бар ҳамаи мардум ва аъмолашон нозир аст, монанди бутон аст? Барои Худо шариконе қоил шуданд. Бигӯ: «Онҳоро ном бибаред. Шояд мехоҳед ӯро аз чизе дар рӯи замин огоҳ кунед, ки намедонад, ё суханони беҳуда мегӯянд?» Дар назари кофирон макрашон ороста омад ва аз роҳи рост бероҳа шуданд. Ва ҳар киро Худо  гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое надорад!

34. Дар ин зиндагии дунё ба азобе гирифтор оянд ва азоби охират сахттар аст ва онҳоро ҳеҷ нигаҳдорандае аз азоби Худо нест!

35. Сифати биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда шуда: об аз зери дарахтонаш равон аст ва меваҳову сояаш ҳамешагист. Ин саранҷоми касонест, ки парҳезгоранд ва саранҷоми кофирон оташ аст.

36. Аҳли китоб аз он чӣ бар ту нозил шуда, шодмонанд. Ва аз он ҷамоъат касоне ҳастанд, ки порае аз онро инкор мекунанд. Бигӯ: «Ман амр шудаам, ки Худои якторо бипарастам ва ба ӯ ширк наёварам.  Ба сӯи ӯ даъват мекунам ва бозгашти ман ба сӯи ӯст!

37.   Ҳамчунин Қуръонро ба забони арабӣ нозил кардем. Агар пас  аз донише, ки ба ту расида, аз пайи хоҳишҳои онон биравӣ, дар   баробари азоби Худо корсозу нигаҳорандае нахоҳӣ дошт.

38.  Ба таҳқиқ  пеш аз ту паёмбароне фиристодаем ва барояшон ҳамсарону фарзандон қарор додаем. Ва ҳеҷ паёмбареро ҳаққи он набуд, ки ҷуз ба фармони Худо ояте (мӯҷизае) биёварад ва ҳар амреро (мӯҷизаеро) замони муайяне аст.

39.  Худо ҳар чиро бихоҳад, маҳв ё исбот мекунад ва уммулкитоб4 назди ӯст.

40.  Агар порае аз он чиро ки ба онҳо ваъда кардаем, ба ту бинамоёнем, ё туро пеш аз вақт бимиронем, дар ҳар ҳол он чӣ бар ӯҳдаи туст, таблиғ аст ва он чӣ бар ӯҳдаи мост, ҳисоб кардан!

41.  Оё ҳанӯз надонистаанд, ки мо аз атрофи ин сарзамин5 кам мекунем ва Худо ҳукм мекунад ва ҳеҷ чиз ҳукми ӯро рад намекунад ва ӯ зуд ба ҳисоби ҳама мерасад?

42.  Касоне, ки пеш аз инҳо буданд, макрҳо карданд, вале ҳамаи тадбирҳо назди Худованд аст. Медонад, ки ҳар касе чӣ мекунад. Ва кофирон ба зудӣ хоҳанд донист, ки сарои охират аз они кист!

43. Кофирон мегӯянд, ки ту (Муҳаммади мустафо) паёмбар нестӣ. Бигӯ: « Худо ва ҳар кас, ки аз китоб6 огоҳӣ дошта бошад, ба шоҳидӣ миёни ману шумо кофист (яъне ҳамин бас, ки Худо медонад, ки ман фиристодаи ӯ ҳастам ва касоне, ки аз мазмуну мундариҷаи қуръони маҷид огоҳ ҳастанд ва эъҷози беназири қуръонро мӯшикофона дарк мекунанд, хоҳанд донист, ки ин китоб сохта ва пардохтаи одамизода нест. Балки аз ҷониби офаридгори якто тавассути фариштаи амини ваҳй, яъне, ҷабраил бар бандаи баргузидааш Муҳаммад, нозил гардидааст)!»

Мы в социальных сетях