16 Сураи НАҲЛ (Занбӯри асал)

Назад

16 Сураи НАҲЛ1

(занбӯри асал)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1. (Эй мушрикон, он чи Худованд ба шумо дар рӯзи қиёмат ваъда додааст чун ҳатмӣ ва қарибулвуқӯъ аст инак барои вуқӯъи он) фармони Худованд даррасид, пас, ба шитобаш махоҳед (ва масхаракунон нагӯед, ки агар рост мегӯед, ки қиёмате ҳаст аз Худо бихоҳед ҳар чи зудтар азоби онро бинамояд). ӯ пок аст (аз сифатҳое, ки мушрикон дар бораи ӯ ба забон меронанд) ва аз ҳар чӣ, ки шарики ӯ месозанд, бартар аст.

2. Фариштагонро ҳамроҳи ваҳй, ки фармони ӯст, бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, фурӯ мефиристад, то бим диҳанд (ба ин мазмун Худо мефармояд), ки ҷуз Ман, ҳеҷ маъбуди барҳақе нест, пас аз Ман битарсед.

3. Осмонҳову заминро бар ҳақ биёфарид, аз ҳар чӣ бо ӯ шарик месозанд, бартар аст.

4. Одамиро аз нутфа биёфарид. Ва акнун ӯст (одамӣ), ки  ошкоро душманӣ меварзад (бо офаридгори худ).

5. Чаҳорпоёнро (чун гову, бузу, шутуру гусфанд) бароятон биёфарид, шуморо аз (пашм ва пусти) онҳо василаи гармо (дар баробари сармо аз қабилаи пӯшидани густурданӣ) дигар судҳост (чун насл гирифтан ва ширу саворӣ дарёфт кардан). Ва аз (гӯшти ҳалоли) онҳо мехӯред.

6. Ва чун шабҳангом бозмегардонед ва бомдодон берун мефиристед, нишони зинату обрӯи шумоянд;

7.   Борҳоятонро ба шаҳрҳое, ки ҷуз ба ранҷи тан ба онҳо натавонед расид, ҳамл мекунанд, зеро Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст!

8.   Ва аспону уштурону харонро барои он офаридааст, ки саворашон  шавед ва низ зинати шумо бошанд. Ва Худо чизҳое офарида, ки шумо намедонед.

9.   (ҳидояти мардум) бар Худост, ки роҳи ростро бинамояд (роҳе, ки ба хайру ҳақ мерасад). Аз миёни роҳҳо низ роҳе каҷ (ҳаст, ки ба хайр  ё ҳақ намерасад). Агар Худо мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард.

10.  ӯст, ки аз осмон бароятон борон нозил кард. Аз он менӯшед ва аз он гиёҳ ва дарахт мерӯяд ва чорпоёнро дар он мечаронед.

11. Ва бо он (борон) бароятон киштзор ва зайтуну нахлҳо ва токзорҳо ва ҳар навъ мева бирӯёнад. Албатта, дар ин (кори овардани  борон ва рӯёнидани гиёҳ)  ибратест барои мардуме, ки меандешанд.

12. Ва мусаххари (тобеъи) шумо кард шабу рӯзро ва хуршеду моҳро ва ситорагон ҳама фармонбардори амри ӯ ҳастанд. Албатта дар ин (кори офаридан ва мутеъ сохтан), ки хирадмандон меандешанд, ибратҳост.

13.Дар замин чизҳое бо рангҳои гуногун офарид,  дар ин ибратест барои мардуме, ки панд мегиранд!

14. ӯст, ки дарёро ром кард, то аз он гӯшти тоза бихӯред ва зеварҳое берун оред ва хештан бо он биёроед ва киштиҳоро бинӣ, ки баҳрро мешикофанд ва пеш мераванд, то аз фазли Худо рӯзӣ биталабед, бошад, ки шукр гӯед!

15. Ва бар замин кӯҳҳои бузург афканд, то шуморо наларзонад. Ва рӯдҳову роҳҳо падид овард. Шояд ҳидоят ёбед!

16. Ва (дар рӯз) нишонаҳо ниҳод (чун рудҳо ва кӯҳҳо) ва (дар шаб) ба ситорагон роҳ меёбанд.

17. Оё он ки меофаринад, монанди касест, ки намеофаринад? Оё панд намегиред?

18. Агар бихоҳед неъматҳои Худоро шумор кунед, ҳисобидан  натавонед. Албатта Худо омурзандаву  меҳрубон аст!

19. Он чиро, ки пинҳон мекунед ё ошкор месозед, Худо ба он огоҳ аст.

20. Онҳоеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуд мехонанд, наметавонанд чизе биёфаринанд ва худ махлуқанд.

21. Мурдагонанд, на зиндагон ва надонанд, ки чӣ вақт онҳоро дубора зинда мекунанд.

22. Худои шумо Маъбудест ягона. Ва онон, ки ба охират имон надоранд, дилҳояшон инкор кунад ва худ кибр кунанд.

23. Ба ростӣ, ки Худо медонад, ки чи дар дил пинҳон медоранд ва чи чизро ошкор месозанд ва ӯ мутакаббиронро дӯст надорад!

24. Чун ба онҳо гуфта шавад: «Парвардигоратон чӣ чиз нозил кардааст?» Гӯянд: «Афсонаҳои гузаштагон».

25. То дар рӯзи қиёмат ҳамаи бори гуноҳи хеш ва бори гуноҳи касонеро, ки ба нодонӣ гумроҳашон карда буданд, бардоранд. Огоҳ бош, ки бори баде бармедоранд!

26. Пешиниёнашон ҳила сохтанд. Фармони Худо даррасид ва он биноро аз поя вайрон сохт ва сақф бар сарашон фурӯд  омад ва аз сӯе, ки нафаҳмиданд, азоб ононро фурӯ гирифт.

27. Он гоҳ дар рӯзи қиёмат расвояшон созад ва гӯяд: «Бутоне, ки шарики Ман мехондед ва бар сари онҳо бо якдигар ихтилоф мекардед, акнун куҷоянд?» Донишмандон гӯянд: «Имрӯз насиби кофирон расвоиву ранҷ аст!»

28. Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд:  «Мо ҳеҷ  кори баде намекардем». Оре, Худо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст.

29. Ба ҷаҳаннам дохил шавед ва то абад дар он ҷо бимонед. Бад ҷойгоҳест, ҷойгоҳи гарданкашон!

30. Аз парҳезгорон пурсанд: «Парвардигори шумо чӣ чиз нозил кардааст?» Гӯянд: «Беҳтаринро». Ба онон, ки дар ин дунё некӣ кунанд, некӣ подош диҳанд ва сарои охират некӯтар аз он аст ва ҷойгоҳи парҳезгорон чӣ ҷойгоҳи хубест!

31. Ба биҳиштҳои ҷовидон дохил мешаванд. Дар он ҷӯйҳо равон аст. Ҳар чӣ бихоҳанд, барояшон муҳайёст. Худо парҳезгоронро инчунин подош медиҳад,

32. онон, ки чун фариштагонашон поксират бимиронанд, мегӯянд: «Салом бар шумо! Ба подоши корҳое, ки мекардаед, ба биҳишт дароед».

33. Оё чашм ба роҳанд, ки фариштагон наздашон биёянд, ё фармони Парвардигорат  фаро расад? Гурӯҳе низ, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд ва Худо ба онон ситам накард, балки онон худ ба худ ситам мекарданд.

34. Ба ҷазои кирдори бадашон расиданд ва ҳамон чизҳое, ки ба масхара мегирифтанд,  бар сарашон омад.

35. Мушрикон (аз рӯи истеҳзо ва тамасхур  на аз рӯи эътиқоди қаблӣ) гуфтанд: «Агар Худо мехост, мову падаронамон ҳеҷ чиз ҷуз ӯро намепарастидем ва он чиро ҳаром кардаем, ҳаром намекардем». Мардуме ҳам, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд (ва бо ин гуна баҳонаҳо ва ҳаром гардонидани чизҳо аз пеши худ идома медоданд). Бар паёмбарон ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигаре нест.

36. Дар миёни ҳар  миллате паёмбаре фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз бут дурӣ ҷӯед. Баъзеро Худо ҳидоят кард ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт. Пас дар замин бигардед, ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст.

37. Ва агар ту ба ҳидояти онҳо ҳарис бошӣ, Худо онро, ки гумроҳ кардааст, ҳидоят намекунад ва ин гумроҳонро ҳеҷ ёридиҳандае нест.

38. То он ҷо, ки метавонистанд, ба Худо қасам хӯрданд, ки Худо касонеро, ки мемиранд, ба қиёмат зинда намекунад. Оре, ин ваъдаест (дубора зинда кардани Худованд мурдагонро), ки (бешубҳа), анҷом додани он бар ӯҳдаи ӯст, вале бештари  мардум намедонанд.

39. То он чиро, ки дар он ихтилоф мекарданд, барояшон ошкор кунад ва кофирон бидонанд, ки дурӯғ мегуфтанд.

40. Фармони Мо ба ҳар чизе, ки иродаашро бикунем, ин аст, ки мегӯем: «Мавҷуд шав!» Ва мавҷуд мешавад.

41. Ба онон, ки мавриди ситам воқеъ шуданд ва дар роҳи Худо муҳоҷират карданд, дар ин ҷаҳон ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар бидонанд, аҷри охират бузургтар аст,

42. онон, ки сабр пеша карданд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд.

43. Агар худ намедонед, аз (уламои)  аҳли Зикр (мӯъминони аҳли китоб) бипурсед, ки Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем, ғайри мардоне (на фариштагон), ки ба онҳо ваҳй мефиристодем,

44. ҳамроҳ бо далелҳои равшан (мӯъҷизаҳо) ва китобҳо ва бар ту низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барои мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки бияндешанд.

45. Оё онон, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, магар эминанд аз ин, ки замин ба фармони Худо онҳоро фурӯ барад ё азоб  аз ҷое, ки намедонанд, бар сарашон фуруд ояд?

46. Ё ба ҳангоми омаду рафт фурӯ гирадашон,пас нестанд (Худоро) оҷизкунанда?

47. Ё ин ки дар ҳоли бим ва ҳаросе (аз марг, беморӣ, тангдастӣ ва дигар балову мусибатҳо) гирадашон? Ҳаройна Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст!

48. Оё  чизҳоеро, ки Худо офаридааст, наменигаранд, ки барои саҷда ба даргоҳи ӯ сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва дар баробари ӯ хошеъанд (тобеъанд).

49. Ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷунбандагону фариштагон Худоро саҷда  мекунанд ва такаббур намеварзанд.

50. Аз Парвардигорашон, ки ҳоким бар онҳост, метарсанд, ва ба ҳар чӣ амр шудаанд, ҳамон мекунанд.

51. Худо гуфт: «Ду Худоро мапарастед (маъбуди дугона нагиред) ва ҷуз ин нест, ки ӯст Маъбуди ягона. Пас аз Ман битарсед!»

52. Ҳар чи дар осмонҳову замин аст, аз они ӯст ва парастиш хоси ӯст. Оё аз ғайри Худо метарсед?

53. ҳар неъмате, ки шуморост, аз ҷониби Худованд аст ва чун ранҷе ба шумо расад, ба пешгоҳи ӯ зорӣ мекунед.

54. Ва боз чун ранҷро ба поён орад, гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон мушрик мешаванд,

55. то неъматеро, ки ба онҳо  додаем, ношукрӣ кунанд. Акнун баҳраманд шавед, ба зудӣ хоҳед донист!

56. Он гоҳ аз он чӣ рӯзиашон додаем, насибе барои бутоне, ки ҳеҷ намедонанд, муъайян мекунанд. Ба Худо савганд ба сабаби дурӯғе, ки мебандед, бозхост мешавед!

57. Барои Худованде, ки аз ҳар гуна олоиш ва ниёзе пок аст духтароне қоил мешаванд2 ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд (мурод писарон аст).

58. Ва чун ба якешон муждаи духтар диҳанд, сияҳрӯй шавад ва хашмгин гардад.

59. Аз шарми ин мужда аз мардум пинҳон мешавад. Оё бо хорӣ (хориро пазируфта) нигоҳаш дорад ё дар хок ниҳонаш кунад? Огоҳ бошед, ки бад доварӣ мекунанд.

60. Сифати бад аз они касонест, ки ба қиёмат имон намеоваранд ва сифати бартар аз они Худованд аст. Ва ӯст пирӯзманду ҳаким!

61. Агар Худованд бихоҳад, ки мардумро ба гуноҳашон ҳалок кунад, бар рӯи замин ҳеҷ  ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале азобашро то муддате муъайян ба таъхир меафканад. Ва чун аҷалашон фаро расад, як лаҳза пасу пеш нашаванд.

62. Он чиро намеписанданд, ба Худо нисбат мекунанд ва забонашон ба дурӯғ гӯяд, ки хубиҳо  аз они онҳост, на, бешак насиби онҳо оташ аст ва онҳоро ба  шитоб ба сӯи он баранд!

63. Ба Худо савганд, ки барои мардуме ҳам, ки пеш аз ту  будаанд, паёмбароне фиристодаем. Вале шайтон аъмолашонро  дар чашмашон биёрост. Ва дар он рӯз шайтон дӯсташон хоҳад  буд ва онҳорост азобе дардовар!

64. Мо ин китобро (қуръонро) бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро, ки дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад.

65. Ва Худо аз осмон борон фиристод ва замини мурдаро бо он зинда кард. Барои мардуме, ки гӯши шунаво доранд, дар ин ибратест!

66. Барои шумо дар чорпоён пандест. Аз шири холис, ки аз шикамашон, аз миёни саргину хун, берун меояд, серобатон мекунем. Шире, ки коми нӯшандагонаш гуворост.

67. Ва аз меваҳои хурмоҳову токҳо шаробе мастиовар (қабл аз таҳрими хамр) ва ризқе некӯ ба даст меоваред ва хирадмандонро дар ин ибратест.

68. Парвардигори ту ба занбӯри асал  илҳом кард, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки месозанд, лонае интихоб кун.

69. Он гоҳ аз ҳар самарае бихӯр ва фармонбардор ба роҳи Парвардигорат бирав. Аз шиками ӯ шаробе рангоранг берун меояд, ки дар он шифо аст барои мардум. Ва соҳибони андешаро дар ин ибратест.

70. Худо шуморо биёфарид, он гоҳ мемиронад ва аз миёни шумо касеро ба пирӣ мерасонад, то ҳар чиро, ки омӯхтааст, аз ёд бибарад, зеро Худо донову тавоност!

71. Худо рӯзии баъзе аз шуморо аз баъзе дигар афзун кардаст. Пас онон, ки фузунӣ ёфтаанд, аз рӯзии худ ба бандагони хеш намедиҳанд, то ҳама дар рӯзӣ яксон шаванд. Оё неъмати Худоро инкор мекунед?

72. Худо барои шумо аз миёни худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон фарзандон ва фарзандзодагон падид овард ва аз чизҳои хушу пок рӯзиятон дод. Оё ҳанӯз ба ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро куфрон мекунанд?

 

73. Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки нотавонанд ва ёрои он надоранд, ки аз осмонҳову замин рӯзияшон диҳанд.

74. Барои Худо чизеро мисол (шабеҳ, назир , анбоз) наёваред; Худо медонад ва шумо намедонед.

75. Худо ғуломи зархаридеро мисол меорад, ки ҳеҷ қудрате надорад ва касеро, ки аз ҷониби хеш ризқи некӯяш додаем ва дар ниҳону ошкоро нафақа мекунад. Оё ин ду баробаранд? Сипос (ситоиш) хоси Худост, балки бештарашон намедонанд.

76. Ва Худо мисоли ду мардро баён мекунад, ки яке гунг асту тавони ҳеҷ чиз надорад ва бори дӯши хоҷаи худ аст, ҳар ҷо, ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст?

77. Аз они Худост ниҳони осмонҳову замин. Ва фаро расидани қиёмат танҳо як чашм  барҳам  задан (як мижа задан) ё наздиктар аз он аст. Зеро Худо бар ҳар коре тавоност!

78. Худо шуморо аз батни модаронатон берун овард ва ҳеҷ  чизро намедонистед. Ва бароятон чашму гӯшу дил биёфарид, то ки шукргузорӣ кунед!

79. Оё он паррандагони ромшуда дар фазои осмонро намебинанд? Ҳеҷ кас ҷуз Худо онҳоро дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. Ва дар ин барои мардуме, ки имон меоваранд, ибратҳост.

80. Худо хонаҳоятонро ҷои оромишатон қарор дод ва аз пӯсти чаҳорпоён бароятон хаймаҳо сохт, ки ба ҳангоми сафар ва ҳангоми иқомат сабукашон меёбед (ва аз бардоштани онҳо дар ранҷ намеафтед). Ва аз пашму курку мӯяшон  то рӯзи қиёмат бароятон асоси хона ва асбоби зиндагӣ сохт.

81. Худо барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳо, ки шуморо аз гармо ҳифз мекунад, ва либосҳое, ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Худо неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Бошад, ки таслими фармони ӯ шавед.

82. Агар рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту таблиғи  ошкор аст (ва онро ҳам ба ҷой овардаи).

83. Неъматҳои Худоро мешиносанд, боз ҳам мункири он мешаванд, зеро бештарашон кофиронанд.

84. Рӯзе, ки (қиёмат фаро мерасад) аз ҳар уммате гувоҳе барангезем, сипас  ба кофирон рухсати сухан гуфтан дода нашавад ва узрашон пазируфта нашавад.

85. Ва ситамкорон азобро бингаранд, азобе, ки ҳеҷ сабукӣ наёбанд ва ҳеҷ мӯҳлат дода нашаванд.

86.  Ва чун мушрикон ононро, ки шарики Худо месохтанд, бубинанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо шарикони мо ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту онҳоро мехондем». Онон посух мегӯянд, ки шумо дурӯғ мегӯед!

87. Ва дар ин рӯз (ҳамаи ситамгорон баъд аз такаббур ва саркашиҳои дунявӣ) ба бандагӣ хештанро таслими Худо мекунанд ва он дурӯғҳо, ки мебофтанд, нобуд шавад.

88. Онон, ки кофир шуданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд, ба ҷазои фасоде, ки мекарданд, азобе бар азобашон хоҳем афзуд.

89. Ва рӯзе бошад, ки аз ҳар уммате шоҳиде аз худашон бар худашон барангезем ва туро биёварем, то бар онон шаҳодат диҳӣ. Ва  мо Қуръонро, ки баёнкунандаи ҳар  чизест ва ҳидояту раҳмат ва хушхабар барои мусалмонон аст, бар ту нозил кардаем.

90. Худо бар адлу эҳсон ва бахшиш  ба хешовандон, фармон медиҳад. Ва аз фаҳшову зишткорӣ ва ситам, наҳй мекунад. Шуморо панд медиҳад, бошад, ки пазирои панд шавед!

91. Чун бо Худо паймон бастед, ба он вафо кунед ва чун савганд хӯрдед, онро машканед, ки Худоро зомини хеш кардаед ва ӯ медонад, ки чӣ мекунед!

92. Ва монанди он зан, ки риштаеро, ки маҳкам тофта буд, аз ҳам кушуд ва қитъа-қитъа кард, мабошед, то савгандҳои худро василаи фиреби якдигар созед, ба  ин баҳона, ки гурӯҳе бештар аз гурӯҳи дигар аст3. Худо шуморо ба он (фармони вафо ба аҳду паймон) меозмояд ва дар рӯзи  қиёмат чизеро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон баён мекунад.

93. Агар Худо мехост, ҳамаи шуморо як уммат карда буд, вале ҳар киро бихоҳад, гумроҳ месозад ва ҳар киро  бихоҳад, ҳидоят мекунад ва аз ҳар коре, ки мекунед,  ҳатман, бозхост мешавед.

94. Савгандҳои худро василаи фиреби якдигар масозед, то қадамеро, ки устувор сохтаед, билағжад ва ба сабаби рӯйгардонӣ аз роҳи Худо гирифтори бадӣ шавед ва ба азобе бузург гирифтор оед.

95. Паймони Худоро ба баҳои андак мафурӯшед, зеро агар бидонед, он чӣ дар назди Худост, бароятон беҳтар аст!

96. Он чӣ назди шумост, фано мешавад ва он чӣ назди Худост, боқӣ мемонад. Ва ононро, ки сабр варзиданд, подоше беҳтар аз кирдорашон хоҳем дод.

97. ҳар зану марде, ки коре некӯ анҷом диҳад, агар имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае ба ӯ хоҳем дод ва подоше беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард.

98. Ва чун Қуръон бихонӣ, аз шайтони раҷим ба Худо паноҳ бубар.

99. Шайтонро бар касоне, ки имон оварданд ва бар Худо таваккул мекунанд, ғолибияте нест.

100. Ғолибияти ӯ танҳо бар касонест, ки  дӯсташ медоранд ва касоне, ки ба Худо ширк меоваранд.

101. Чун оятеро ҷонишини ояти дигар кунем, Худо беҳтар медонад, кӣ чӣ чиз нозил кунад. Гуфтанд, ки ту дурӯғ мебофӣ, на, бештаринашон нодонанд!

102.  Бигӯ: «Онро руҳулқудс (Ҷабраил) бар ҳақ аз ҷониби Парвардигорат нозил кардааст, то мӯъминонро (дар масирашон) устуворӣ арзонӣ дорад ва мусалмононро ҳидояту хушхабар бошад».

103. Медонем, ки мегӯянд: «Ин Қуръонро башаре ба ӯ меомӯзад». Забони касе (ҷабри румӣ) ,  ки ба ӯ нисбат мекунанд, аҷамист, ҳол он ки ин забони арабии равшанест (ки, ҳатто шумо арабҳо ҳам дар фасоҳати он ҳайрон ва аз сохтани як сурааш нотавон ва дармондаед).

104. Худо касонеро, ки ба оёташ имон намеоваранд, ҳидоят намекунад ва барояшон азобе дардовар муҳайёст.

105. Танҳо касоне  дурӯғ мебофанд, ки ба оёти Худо имон надоранд. Инҳо худ дурӯғгӯянд.

106. Касе, ки пас аз имон ба Худо кофир мешавад,4 на он  ки ӯро ба зӯр водоштаанд, то изҳори куфр кунад ва ҳол он, ки дилаш ба имони хеш оромгирандаву осуда аст (қалбаш лабрези имон аст).  Вале онон, ки дари дилро ба рӯи куфр мекушоянд, мавриди хашми Худоянд ва азобе бузург барояшон муҳайёст.

107. Ва ин (хашми Худо ва азоби бузург) ба он сабаб аст, ки инҳо зиндагии дунёро бештар аз зиндагии охират дӯст доранд ва Худо мардуми кофирро ҳидоят намекунад.

108. Худо бар дилу гӯшҳо ва чашмонашон мӯҳр ниҳодааст ва худ бехабаранд.

109. Шак нест, ки дар охират ҳам аз зиёндидагон бошанд.

110. Сипас Парвардигори ту барои касоне, ки пас аз ранҷҳо, ки диданд, ҳиҷрат карданд ва (баъд аз он) ба ҷиҳод (дар роҳи Худо) рафтанд ва (дар баробари сахтиҳо ва гирифториҳои ҳифзи дин ва таблиғи оинашон) сабр ва шикебои варзиданд, албатта Парвардигорат омурзандаву меҳрубон аст.

 

 

 

4. Ин оят тағлиз  ва шиддатро дар муқобили гуноҳи аз дин баргаштан нишон медиҳад, зеро муртад дар аввал бо имон ошно шуда, лаззати имонро чашидааст. Сипас, ба хотири тарҷеҳ додани ҳаёти дунё бар охират муртад мешавад.

111.   Рӯзи қиёмат ҳар кас ба дифоъ аз худ  ба муҷодала мепардозад ва ҷазои ҳар кас, чунон ки ҳаққи ӯст, дода мешавад ва ба касе ситам раво надоранд.

112.  Худо деҳаеро мисол меорад, ки амну ором буд, рӯзии мардумаш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мерасид, аммо ношукрии неъмати Худо карданд ва Худо ба ҷазои аъмолашон ба гуруснагиву ваҳшат мубталояшон сохт.

113.  Паёмбаре аз худашон ба наздашон омад,  дурӯғгӯяш  номиданд  ва азоб он ситамкоронро фурӯ гирифт.

114.  Аз ин чизҳои ҳалолу покиза, ки Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред  ва шукри неъматашро ба ҷой оваред, агар Худоро мепарастед !

115.  Худо ҳаром кардааст бар шумо мурдору хун ва гӯшти хук ва ҳар чиро, ки ҷуз ба номи Худои барҳақ забҳ карда бошанд. Аммо касе, ки ночор шавад, (ба хотири ҳифзи ҷон аз чизи ҳаром  бихӯрад), ҳар гоҳ бемайлӣ  ҷӯяд (дилбастагӣ надошта бошад) ва аз ҳад (аз андозае, ки миқдори зиндамонданашро ҳифз мекунад) нагузаронад, пас Худо омурзандаву меҳрубон аст.

116.  То бар Худо дурӯғ бофед, барои ҳар дурӯғ, ки бар забонатон меояд, нагӯед, ки ин ҳалол асту ин ҳаром. Касоне, ки ба Худованд дурӯғ мебанданд, растагор намешаванд!

117.  Андак баҳрае мебаранд ва дар  иваз ба азобе дардовар гирифтор мешаванд.

118.  Ва бар яҳудиён он чиро, ки пеш аз ин барои ту ҳикоят кардем, ҳаром карда будем. Мо ба онҳо ситам накардаем, онон  худ ба хештан ситам кардаанд.

119.  Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ кунандаи коре зишт шаванд, сипас тавба кунанд ва ислоҳ шаванд, омурзандаву меҳрубон аст!

120.  Дар ҳақиқат Иброҳим (уммате) бузургвор пешвое, мутиъ ва фармонбари Худо ва соҳиби дини ҳаниф (ҳақгаро) буд.  Ва аз мушрикон набуд,

121.  ва шукргузори неъматҳои ӯ буд, Худовандаш баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят кард.

122.  Дар дунё ба ӯ некӣ иноят кардем ва дар охират аз солеҳон аст.

123.  (Сипас эй Муҳаммад) Ба ту низ ваҳй кардем, ки аз дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кун, ки ӯ аз мушрикон набуд.

124.  (Бузург доштани рӯзи) шанбе5  барои касоне, ки дар он ихтилоф карда буданд,  лозим карда шуд ва Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ ихтилоф мекарданд, ҳукм хоҳад кард!

125.  Мардумро бо ҳикмату панди некӯ ба роҳи Парвардигорат бихон  ва бо беҳтарин тарз бо онон муҷодала кун. Зеро Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи ӯ каҷрав шудаанд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар  мешиносад!

126.  Агар уқубат мекунед, чунон уқубат кунед, ки шуморо уқубат кардаанд. Ва агар сабр кунед, собиронро сабр некӯтар аст.

127.  (Эй паёмбар)  сабр кун, ки сабри ту ҷуз ба тавфиқи Худо нест ва барояшон (барои имон наёвардани кофирон) ғамгин мабош ва аз макрашон дилтангӣ нанамой,

128.  зеро, ҳаройна, Худо  бо касонест, ки мепарҳезанд ва некӣ мекунанд!

Мы в социальных сетях