36 Сураи Ёсин ( ё, син)

Назад

36 Сураи Ёсин1 ( ё, син)

 

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

1.Ё, син.

2.Савганд ба Қуръони ҳикматомез,

3.ки ту албатта, аз паёмбарон ҳастӣ,

4.бар роҳе рост.

5.Қуръон аз ҷониби он пирӯзманди меҳрубон нозил шуда,

6.то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва  дар бехабарӣ буданд.

7. Ваъдаи Худо дар бораи бештаринашон таҳаққуқ ёфта ва имон намеоваранд.

8.ҳаройна,  мо бар гарданҳояшон то манаҳҳо тавқ ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба болост ва поин оварда натавонанд,

9.Дар баробарашон деворе бардоштам ва дар пушти сарашон деворе. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, пас онҳо намебинанд.

10. Фарқашон накунад, чи онҳоро битарсонӣ ва чи натарсонӣ, имон намеоваранд.

11. Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки аз Қуръон пайравӣ кунад ва аз Худои Раҳмон дар ниҳон битарсад. Чунин касро ба омурзиш ва музди некӯ мужда бидеҳ!

12. ҳаройна, Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва ҳар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва ҳар чизро дар Китоби мубин2 шумор кардаем.

13. Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки расулон ба он ҷо омаданд.

14. Нахуст ду танро ба наздашон фиристодем ва  дурӯғгӯяшон бароварданд, пас бо саввумӣ нерӯшон додем ва гуфтанд: «ҳаройна, мо ба сӯи шумо фиристода шудаем».

15. Гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Худои Раҳмон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед».

16. Гуфтанд: «ҳаройна, Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯи шумо фиристода шудаем.

17. Ва бар ӯҳдаи мо ҷуз паём расонидани ошкоро ҳеҷ нест».

18. Гуфтанд: «Ба таҳқиқ, Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, ҳатман, сангсоратон хоҳем кард ва шуморо аз мо шиканҷае сахт хоҳад расид».

19. Гуфтанд: « Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диҳанд,  чунин мегӯед? Балки, мардуме аз ҳад гузашта ҳастед!»

20. Марде аз шаҳри дурдаст давон – давон  омаду  гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ кунед!

21. Ба касоне, ки аз шумо ҳеҷ музде наметалабанд ва худ мардуме ҳидоятёфтаанд, пайравӣ кунед!

22. Чаро Худоеро, ки маро офаридааст ва ба назди ӯ бозгардонда мешавед, напарастам?

23. Оё ғайри ӯ худоёнеро ихтиёр кунам, ки агар Худои Раҳмон бихоҳад ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро ҳеҷ суд накунад ва маро раҳоӣ набахшанд?

24. ҳаройна,  дар ин ҳангом ман дар гумроҳии ошкор бошам.

25. ҳаройна, ман ба Парвардигоратон имон овардам. Сухани маро бишнавед»

26. Гуфта шуд: «Ба биҳишт дарой! (вақте ки қавм ба зулм ҳалокаш карданд ва неъматҳои биҳиштро дид)» Гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,

27. ки Парвардигори ман маро (ба чӣ сабабе) биёмурзид ва дар зумраи гиромишудагон даровард».

 

28. Ва аз он пас бар сари қавми ӯ ҳеҷ лашкаре аз осмон фурӯ нафиристодем. Ва Мо фиристанда набудем.

29. Як бонги сахте буд, ки ногоҳ ҳама бар ҷой сард шуданд3.

30. Эй дареғ бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, магар он, ки масхарааш карданд.

31. Оё надидаанд, ки чӣ мардумеро пеш аз онҳо ҳалок  кардаем, ки дигар, ҳаргиз,  ба наздашон бознамегарданд.

32. Ва ҳеҷ касе нест, ки назди Мо  ҳозираш наоранд.

33. Нишонаи ибратест  бар онҳо замини мурда, ки зиндааш сохтем ва аз он донае, ки аз он мехӯранд, берун овардем.

34. Ва  дар он боғҳое аз нахлҳову токҳо падид овардаем ва чашмаҳо равон сохтем,

35. то аз самароти он ва дастранҷи хеш бихӯранд. Чаро сипос намегӯянд?

36. Пок аст он Худое, ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид,  аз он чи замин мерӯёнад  ва аз худашон (нару мода) ва ҳар  он чизе, ки намедонанд (ишора ба кашфиёти мӯъосири илмӣ аст, ки собит кардааст, ки ҷинсият (нару модагӣ) дар тамоми мавҷудод, ҳатто зарраҳо, ки мусбату манфӣ мешаванд, мавҷуд аст).

37. Шаб низ барояшон ибрате дигар аст, ки рӯзро аз он бармекашем ва ҳама дар торикӣ фурӯ мераванд.

38. Ва офтоб ба сӯи қароргоҳи хеш равон аст. Ин фармони Худои  пирӯзманду доност.

39. Ва барои моҳ манзилҳое андоза кардем, то монанди шохаи хушки хурмо борик шавад.

40. Офтобро насазад, ки ба моҳ расад ва шабро насазад, ки бар рӯз пешӣ гирад ва ҳама дар фалаке шиноваранд.

41.Ибрате дигар барои онҳо, ин ки ҳаройна, Мо ниёгонашонро дар он киштии пуркардашуда савор кардем

42. ва барояшон монанди киштӣ чизе офаридем, ки бар он савор шаванд.

43. Ва агар бихоҳем, ҳамаро ғарқа месозем ва онҳоро ҳеҷ фарёдрасе набошад ва раҳоӣ наёбанд,

44. ҷуз ба раҳмати Мо ва бархурдорӣ то ҳангоми марг.

45. ва он гоҳ ки ба онҳо гуфта шавад, ки аз он чӣ дар пеши рӯй доред ё пушти сар мегузоред, битарсед, то ки  бар шумо раҳмат оранд (рӯй баргардонанд).

46.Ва ҳеҷ ояте аз оёти Парвардигорашон бар онҳо нозил нашавад, ҷуз он ки аз он рӯй гардонанд.

47. Ва чун гуфта шавад, ки аз он чӣ Худо рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Оё касонеро таъом диҳем, ки агар Худо мехост, худ онҳоро таъом медод? Шумо, (кофирон), албатта,  дар гумроҳии ошкор ҳастед».

48. Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай хоҳад буд?»

49. Инҳо интизории як бонги даҳшатнок мебаранд, то ба он ҳангом ки саргарми ситеза ҳастанд, фурӯ гирадашон,

50. он чунон ки ёрои васияте надошта бошанд ва натавонанд назди касони хеш бозгарданд.

51. Ва дар сур дамида шавад ва онон аз қабрҳо берун оянд ва шитобон ба сӯи Парвардигорашон раванд.

52. Мегӯянд: «Вой бар мо, чӣ касе моро аз хобгоҳҳоямон барангехт? Ин ҳамон ваъдаи Худои Раҳмон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!»

53. Ҷуз як бонги даҳшатнок нахоҳад буд, ки ҳама назди Мо ҳозир меоянд.

54. Он рӯз ба кас ситам намешавад. Ва ҷуз монанди коре, ки кардаед, подош намебинед.

55. Албатта, биҳиштиён он рӯз ба шодмонӣ машғул бошанд.

56. Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳое бар тахтҳо такя задаанд.

57. Дар он ҷо ҳар мева ва ҳар чизи дигар, ки бихоҳанд, фароҳам аст.

58. Ва саломе, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст (гуфта мешавад).

59. (Ва гуфта мешавад), эй гунаҳкорон, имрӯз канора гиред!

60. Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, ҳаройна, ӯ  душмани ошкори шумост?

61. Ва Маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст.

62. Бисёре аз шуморо (шайтон) гумроҳ кард. Магар ба ақл дарнамеёфтед?

63. Ин аст он ҷаҳаннаме, ки ба шумо ваъда дода шуда буд,

64. ба ҷазои куфратон инак, дар он дохил шавед?

65. Имрӯз бар даҳонҳояшон мӯҳр мениҳем. Ва дастҳояшон бо Мо сухан хоҳанд гуфт ва пойҳояшон шаҳодат хоҳанд  дод, ки чӣ мекардаанд.

66. Агар бихоҳем чашмонашонро маҳв мекунем. Пас, шитобон роҳ пеш гиранд. Аммо куҷоро тавонанд дид?

67. Ва агар бихоҳем, онҳоро бар ҷояшон масх (табдил ба ҳайвон ё сурати бадшакл ё берӯҳ) кунем, ки на тавони он дошта бошанд, ки пеш қадам бардоранд ва на бозпас гарданд.

68. Ҳар киро умри дароз диҳем, дар офариниш дигаргунаш кунем. Чаро оқилона намеандешанд?

69. Ба ӯ шеър наомӯхтем ва шеър лоиқи ӯ нест. Он чӣ ба ӯ омӯхтаем, андарзу Қуръони равшангар аст,

70. то мӯъминонро бим диҳад ва сухани ҳақ бар кофирон собит шавад.

71. Оё надидаанд (бо дидаи ибрат) , ки бо дастони хеш барои онҳо чорпоёнро (аз адам) офаридем (бе ёрӣ, ширкат ва ваколати касе) ва акнун моликашон ҳастанд?

72. Ва онҳоро (чорпоёнро) ромашон кардем. Бар баъзе савор мешаванд. Ва гӯшти баъзеро мехӯранд.

73. Ва  барои (одамон) онҳо дар онҳо (чорпоён) фоидаҳост ва ошомиданиҳо. Чаро шукр намегӯянд?

74. Ва ба ҷои Аллоҳ худоёне ихтиёр кардаанд, ба он умед, ки ёрияшон кунанд.

75. Онҳоро (маъбудҳои дурӯғинро)  қудрати он нест, ки ба ёриашон бархезанд, вале инҳо (бутпарастон) монанди сипоҳе ба хидматашон омадаанд.

76. Суханашон туро андӯҳгин насозад. Албатта, Мо ҳар чиро пинҳон медоранд ё ошкор месозанд, медонем.

77.Оё одамӣ, ки акнун хасме ошкор аст (ба оёти Худо), намедонад, ки Мо ӯро, ба таҳқиқ, аз нутфае офаридаем?

78. Дар ҳоле офариниши худро аз ёд бурдааст, барои мо мисол меорад, ки чӣ касе ин устухонҳои пӯсидаро зинда мекунад?

79. Бигӯ: «Касе онҳоро зинда мекунад, ки дар  оғоз офаридааст ва ӯ ба ҳар офаринише доност.

80. Он Худое, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрӯзед?

81. Оё касе, ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад ҳамонандашонро биёфаринад? Оре, метавонад, ки ӯ офаринандае доност!

82. Чун бихоҳад чизеро биёфарад, ҳаройна, фармонаш ин аст, ки мегӯяд: «Мавҷуд шав!»  Пас, мавҷуд мешавад.

83. Пок аст он Худое, ки малакути (моликияти) ҳар чизе ба дасти ӯст ва ҳама ба сӯи ӯ бозгардонда мешавед!

Мы в социальных сетях