61 Сураи САФ

Назад

61 Сураи САФ

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Худоро тасбеҳ гӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову  дар замин аст ва ӯст пирӯзманду ҳаким!

2.Эй касоне, ки имон овардаед, чаро суханоне мегӯед2, ки иҷро намекунед?

3.Худованд  сахт ба хашм  меояд, ки чизеро бигӯеду ба ҷой наёваред.

4.ҳаройна, Худо дӯст дорад касонеро, ки  дар роҳи ӯ меҷанганд, саф кашида монанди деворе, ки хиштҳояшонро бо ҳам пайванд дода  бошанд.

5.Ва мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро меозоред, ҳол он ки медонед, ки ҳаройна, ман паёмбари   Худо бар шумо ҳастам?» Чун аз ҳақ рӯй гардониданд, Худо низ дилҳояшонро аз ҳақ бигардонид. Ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад.

6.Ва Исо бинни Марям гуфт: « Эй бани Исроил, ҳаройна, ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он паёмбар бо оёти равшани худ омад, гуфтанд: « Ин ҷодуест ошкор!»

7.Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ мебандад, дар ҳоле ки ӯро ба ислом даъват мекунанд? Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад.

8.Мехоҳанд нури Худоро ба даҳонҳояшон хомӯш кунанд, вале Худо комилкунандаи нури хеш аст, агарчи кофиронро нохуш ояд.

9.ӯст он Худое ки паёмбари Худро ҳамроҳ бо ҳидоят ва дини ростин бифиристод, то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро нохуш ояд.

10.Эй касоне, ки имон овардаед, оё шуморо ба тиҷорате, ки аз азоби дардовар раҳоиятон диҳад, роҳ бинамоям?

11.Ба Худову паёмбараш имон биёваред ва дар роҳи Худо бо молу ҷони хеш ҷиҳод кунед. Ин барои шумо беҳтар аст, агар доно бошед.

12.Гуноҳони шуморо меомурзад ва ба биҳиштҳое, ки дар дарунаш наҳрҳо ҷорист ва низ хонаҳое хушу покиза дар биҳиштҳои ҷовидон дохил мекунад. Ин пирӯзии бузургест.

13.Ва неъмате дигар, ки дӯсташ медоред: нусратест  аз ҷониби  Худованд ва ба пирӯзии наздик  (фатҳи Макка) мӯъминонро хабари хуш деҳ.

14.Эй касоне, ки имон овардаед, ёварони Худо бошед, ҳамчунон ки Исо ибни Марям  ба ҳавориён (ёварон) гуфт: «Чӣ касоне ёварони ман дар роҳи Худоянд?» Ҳавориён гуфтанд: « Мо ёварони Худо ҳастем. Пас, гурӯҳе аз бани Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Мо, касонеро, ки имон оварда буданд, бар зидди душманонашон мадад кардем, то пирӯз шуданд.

Мы в социальных сетях