69 Сураи ҲОҚҚА Рӯзи барҳақ, рӯзи қиёмат

Назад

69 Сураи ҲОҚҚА ( рӯзи  барҳақ, рӯзи қиёмат)

 

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!

1.Он рӯзи барҳақ!

2.Чист он рӯзи барҳақ?

3.Ва чӣ донӣ, ки он рӯзи барҳақ чист2?

4.Қавми Самуду Од рӯзи растохезро дурӯғ шумориданд.

5.Пас, аммо қавми Самуд ба он бонги сахт ҳалок шуданд.

6.Ва аммо қавми Од бо вазиши боди  сар-сар (сахт) ба ҳалокат расиданд.

7.Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод. Он қавмро чун танаҳои пӯсидаи  дарахти хурмо медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд.

8.Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад?

9.Ва Фиръавну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд ва низ мардуми Мӯътафиқа2 гунаҳкор омаданд.

10.Фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд ва Худо низ ононро ба сахтӣ фурӯ гирифт.

11.Чун об туғён кард, шуморо ба киштӣ савор кардем,

12.то онро мояи пандатон гардонем ва гӯшнигаҳдорандаи панд онро фаро гирад.

13.Чун як бор дар сур дамида шавад

14.ва замину кӯҳҳоро баргиранд ва якбора дарҳам кӯбанд,

15.он рӯз он ҳодиса ба вуқӯъ пайваста бошад

16.ва осмон, ки дар он рӯз суст шудааст, бишикофад.

17. Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва  дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.

18.Он рӯз шуморо пеш оваранд ва ҳеҷ чизи шумо ниҳон намонад.

19.Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: « Номаи маро бигиреду бихонед.

20.Ман яқин доштам, ки ҳисоби худро хоҳам дид».

21.Пас, ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд

22.дар биҳиште олӣ,

23. ки меваҳояш  дастрас бошад.

24.Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта ба ҷой  меоваред!»

25.Аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош, номаи маро ба дасти ман надода буданд

26.ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист!

27.Эй кош, ҳамон марг мебуду бас!

28.Дороии ман маро суд набахшид,

29.қудрати ман аз дасти ман баргирифт!»

30.«Бигиредаш занҷираш кунед!

31.Ва ба ҷаҳаннамаш дароред!

32.Ва ӯро бо занҷире ба дарозои ҳафтод зироъ (аз оринҷ то ангушт) бикашед!

33.Зеро ба Худои бузург имон надошт

34.ва ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.

35.Дар он рӯз дар он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт.

36.Таъомаш чизе ҷуз чирку хуни аҳли дӯзах нест.

37. Танҳо  хатокорон аз он таъом мехӯранд.

38.Пас, савганд ба он чӣ  мебинед

39.ва он чӣ намебинед,

40.ки албатта, ин ҳаройна, сухани фиристодае бузургвор  аст,

41. на сухани шоъире. Чӣ андак имон меоваред!

42.Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!

43.Аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён нозил шуда аст.

44.Агар паёмбар баъзе суханонро бофта бар мо мебаст,

45.ҳаройна, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,

46.сипас, ҳаройна, раги дилашро пора мекардем

47.ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки монеъ шавад.

48.Ва албатта, Қуръон барои парҳезгорон пандест.

49.Мо, ҳаройна, медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки такзиб мекунанд (дурӯғ мешуморанд).

50.Ва албатта, Қуръон кофиронро мояи пушаймонӣ аст.

51.Ва он, ҳаройна,  сухани ҳақ ва яқин аст.

52.Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ бигӯй.

Мы в социальных сетях