80 Сураи АБАСА (Рӯй турш кард)

Назад

80 Сураи АБАСА1 (рӯй турш кард)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

 

1.Рӯйро турш карда ва сар баргардонид,

2.чун он нобино ба наздаш омад,

3.Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад,

4.ё панд гирад ва панди ту судмандаш афтад.

5.Аммо он ки ӯ тавонгар аст,

6.ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ

7. ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.

8.Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд

9.ва метарсад,

10.ту аз ӯ ба дигаре рӯй меорӣ.

11. Начунин аст, ин Қуръон пандест,

12. пас, ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.

13. Дар саҳифаҳое гиромӣ.

14. Баландқадру покиза,

15. ба дасти котибоне2,

16. бузургвору некӯкор.

17. Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст!

18. ӯро аз чӣ чиз офаридааст?

19. Аз нутфае офарид ва ба андоза падид овард,

20. сипас роҳашро осон сохт.

21. Он гоҳ бимирондаш  ва дар гӯр кард.

22. Ва он гоҳ ки хоҳад зиндааш созад.

23. Начунин аст, ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба

ҷой  наёвардааст.

24. Пас, одамӣ ба таъоми худ бингарад.

25. Мо боронро фурӯ боронидем, боронидане

26. ва заминро шикофтем, шикофтане

27. ва дар он донаҳо рӯёнидем

28. ва току сабзавот

29. ва зайтуну нахл

30. ва боғҳои пурдарахт

31. ва меваю алаф,

32. то шумо ва чорпоёнатон баҳра баред,

33. чун бонги қиёмат барояд,

34. рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад

35. ва аз модарашу падараш

36. ва аз зану фарзандаш.

37. Ҳар касро дар он рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад.

38. Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд,

39. хандонанду шодонанд.

40. Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд,

41. дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд.

42. Инҳо кофирону  фоҷиронанд (бадкорон)

 

Мы в социальных сетях