98 Сураи БАЙЙИНА (Бурҳони равшан)

Назад

98 Сураи БАЙЙИНА (бурҳони равшан)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

 

1.Кофирони  аҳли китоб ва мушрикон даст барнадоранд (аз куфри худ), то барояшон ҳуҷҷате равшан биёяд-

2.паёмбаре аз ҷониби Худо, ки саҳифаҳои покро мехонад,

3.дар онҳо навиштаҳоест росту дуруст.

4.Ва аҳли китоб пароканда нашуданд, магар аз он пас, ки барояшон бурҳоне равшан омад.

5.Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини ӯ ихлос меварзанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост!

6. Ҳаройна, аз аҳли китоб онҳо, ки кофиранд ва низ мушрикон дар оташи ҷаҳаннаманд ва дар он ҳамеша хоҳанд буд. Инҳо бадтарини офаридагонанд.

7.Ҳаройна, касоне, ки имон  овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, беҳтарини офаридагонанд.

8.Подошашон дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест ҷовид, ки дар он наҳрҳо ҷорист. То абад дар он ҷоянд. Худо аз онҳо хушнуд аст ва онҳо аз Худо хушнуданд. Ва  ин хоси касест, ки аз Парвардигораш битарсад.

Мы в социальных сетях