Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан2 ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи ӯ аз якдигар чизе мехоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред. Ҳар оина Худо назораткунандаи шумост!
2.Моли ятимонро ба ятимон диҳед ва ҳаромро бо ҳалол бадал макунед. Ва амволи онҳоро ҳамроҳ бо амволи хеш махӯред, ки ин гуноҳе бузург аст!
3. Агар шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат наварзед, аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду, се ва чаҳор ба никоҳ дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред ё ҳар чӣ молики он шавед. Ин роҳи беҳтар аст, то муртакиби ситам нагардед3.
4. Маҳри занонро ба тиби (майли) хотир ба онҳо бидиҳед. Ва агарпорае аз онро ба ризоят ба шумо бахшиданд, бигиред, ки хушу гувороятон хоҳад буд.
5. Молҳоятонро, ки Худо сабаби зиндагии шумо сохтааст, ба дасти беақлҳо мадиҳед, вале аз он хӯроку либосашон диҳед ва бо он сухан ба некӣ гӯед.
6. Ятимонро биёзмоед, то он гоҳ, ки ба синни заношӯӣ расанд, пас агар дар онон рушде ёфтед, амволашонро ба худашон вогузоред. Ва аз бими он, ки мабодо ба синни рушд расанд, амволашонро ба ноҳақ ва шитоб махӯред. Ҳар кӣ тавонгар аст, бипарҳезад ва ҳар кӣ бенавост4, ба он андоза, ки урф тасдиқ кунад, бихӯрад. Ва чун амволашонро таслимашон кардед, касонеро бар онон ба шоҳидӣ гиред ва Худо барои ҳисоб кардан кофист.
7. Аз ҳар чӣ падару модар ва хешовандон ба мерос мегузоранд, мардонро насибест. Ва аз он чи падару модар ва хешовандон ба мерос мегузоранд, чӣ андак ва чӣ бисёр, занонро низ насибест. Насибе муайян.
8. Ва чун ба ҳангоми тақсими (ирс) хешовандону ятимон ва мискинон ҳозир омаданд, ба онон низ чизе арзонӣ доред ва бо онон ба некӯӣ сухан гӯед.
9. Бояд аз Худо битарсанд касоне, ки агар пас аз хеш фарзандоне нотавон бар ҷой мегузоранд, аз сарнавишти онон бимноканд. Бояд, ки аз Худой битарсанд ва сухани одилона ва босавоб гӯянд!
10. Онон, ки амволи ятимонро ба ситам мехӯранд, шиками хеш пур аз оташ мекунанд ва ба оташе фурӯзон хоҳанд афтод!
11. Худо дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад, ки саҳми писар баробари саҳми ду духтар аст. Ва агар духтар бошанд ва беш аз ду тан, аз се ду ҳиссаи мерос аз онҳост. Ва агар як духтар бувад, нисф барад ва агар мурдаро фарзанде бошад, ҳар як аз падару модар аз шаш як ҳиссаи меросро барад. Ва агар мурда фарзанде надошта бошад ва меросбарон танҳо падару модар бошанд, модар аз се як ҳиссаи меросро барад, (боқии мерос аз они падар аст). Аммо агар мурда бародарон дошта бошад, саҳми модар пас аз анҷоми васияте, ки карда ва баъди пардохти қарзи ӯ аз шаш як ҳисса бошад. Ва шумо намедонед, ки аз падарону писаронатон кадом як шуморо судмандтар аст. ҳисса муъайян карда шуд аз ҷониби Худо. Албатта, Худо донову ҳаким аст!
12. Агар занонатон фарзанде надоштанд, нисфи меросашон аз они шумост. Ва агар фарзанде доштанд, пас барои шумост, аз чаҳор як ҳиссаи он чи гузоштаанд, баъд аз анҷом додани васияте ки кардаанд ва пас аз пардохти қарзи онҳо. Ва агар шуморо фарзанде набуд, аз чаҳор як ҳиссаи меросатон аз они занонатон аст. Ва агар дорои фарзанде будед, барои занонатон аст аз ҳашт як ҳиссаи он чи гузоштаед, пас аз анҷом додани васияте ки кардаед ва пардохти қарзҳоятон. Ва агар мард ё зане бимирад ки (калола) бошад, (яъне падару фарзанд ва бародару хоҳари танӣ надорад) агар ӯро бародар ё хоҳаре (ахёфӣ) яъне модарӣ бошад ҳар як аз он ду аз шаш як ҳисса барад. Ва агар (ахёфиён) бештар бошанд, ҳама дар сеяки (аз се як ҳисса) мерос шарик ҳастанд, пас аз анҷом додани васияте, ки кардааст ба ғайри он ки барои ворисашон зиёновар бошад (яъне васияте ки зиёда аз се яки мерос бувад эътибор надорад) ва низ пас аз адои қарзашон. Ин ҳукмест аз ҷониби Худо ба шумо ва Худо донову бурдбор аст!
13. Инҳо аҳкоми Худост. Ҳар кас аз Худо ва паёмбараш фармон барад, ӯро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва ин комёбии бузургест!
14. Ва ҳар кӣ аз Худову расулаш фармон набарад ва аз аҳкоми ӯ берун барояд, ӯро дохил дар оташ кунад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва барои ӯст азобе хоркунанда.
15. Ва аз занони шумо он, ки муртакиби фаҳш (гуноҳ) мешаванд, аз чаҳор тан аз худатон бар зидди онҳо шаҳодат бихоҳед. Агар шаҳодат доданд, занонро дар хона маҳбус доред, то маргашон фаро расад ё Худо роҳе барояшон муқаррар кунад.
16. Ва он ду танро, ки муртакиби он амал шудаанд, биёзоред. Ва чун тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, аз озорашон даст бардоред, зеро Худо тавбапазиру меҳрубон аст.
17. Ҷуз ин нест, ки қабули тавба барои касонест, ки ба нодонӣ муртакиби коре зишт мешаванд ва зуд тавба мекунанд. Худо тавбаи инҳоро мепазирад ва Худо донову ҳаким аст.
18. Тавбаи касоне, ки корҳои зишт мекунанд ва чун марги яке аз онҳо фаро расад, мегӯяд, ки акнун тавба кардам ва низ онҳо, ки кофир бимиранд, пазируфта нахоҳад шуд. Барои инҳо азобе дардовар муҳайё кардаем.
19. Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон мерос бибаред. Ва то қисмате аз он чиро, ки ба онҳо додаед, бозпас ситонед, бар онҳо сахт магиред, магар он ки муртакиби фаҳшои ошкоре шаванд ва зиндагонӣ кунед бо занон ба ваҷҳе писандида. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизе, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад.
20. Агар хостед, зане ба ҷои зане дигар бигиред ва ӯро моли бисёре додаед, набояд чизе аз ӯ бозситонед. Оё ба занони худ зулм ва дурӯғ раво медоред5, то маҳрашонро бозпас гиред? Ин гуноҳе ошкор аст!
21. Ва чӣ гуна он молро бозпас мегиред ва ҳол он ки ҳар як аз шумо аз дигаре баҳраманд шудааст ва занон аз шумо паймоне устувор гирифтаанд.
22. Бо заноне, ки падаронатон ба ақди хеш даровардаанд заношӯӣ макунед, магар он ки пеш аз ин чунон карда бошед6. Зеро ин кори бад ва мавриди хашми Худост ва шеваест нописанд.
23. Модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародаронатон ва духтарони хоҳаронатон ва заноне, ки шуморо шир додаанд ва хоҳарони ширхораатон ва модарони занонатон бар шумо ҳаром шудаанд. Ва духтарони занонатон, ки дар канори шумо ҳастанд7 , ҳар гоҳ бо он занон ҳамбистар шудаед, бар шумо ҳаром шудаанд. Вале агар ҳамбистар нашудаед, гуноҳе муртакиб нашудаед. Ва низ занони писароне, ки аз пушти шумо ҳастанд, бар шумо ҳаром шудаанд. Ва набояд ду хоҳарро дар як замон ба занӣ гиред, магар он ки пеш аз ин чунин карда бошед8 . Албатта, Худо омурзанда ва меҳрубон аст.
24. Ва низ занони шавҳардор бар шумо ҳаром шудаанд, магар онҳое, ки ба тасарруфи шумо даромада бошанд9. Аз китоби Худо пайравӣ кунед. Ва ҷуз инҳо занони дигар ҳар гоҳ дар талаби онон аз моли хеш маҳре бипардозед ва онҳоро ба никоҳ (никоҳи доимии шаръӣ) дароваред на ба зино, бар шумо ҳалол шудаанд. Ва занонеро, ки аз онҳо лаззат мегиред (бо никоҳи доимии шаръӣ), воҷиб аст, ки маҳрашонро бидиҳед. Ва пас аз маҳри муайян дар қабули ҳар чӣ ҳар ду ба он ризо бидиҳед, гуноҳе нест. Ҳар ойна Худо донову ҳаким аст!
25. Ҳар касро, ки тавонгарӣ набошад, то озодзанони мӯъминаро ба никоҳи худ дароварад, аз канизони мӯъминае, ки молики онҳо ҳастед, ба занӣ гиред. Ва Худо ба имони шумо огоҳтар аст. Ҳама аз ҷинси якдигаред. Пас бандагонро ба изни соҳибонашон никоҳ кунед ва маҳрашонро ба наҳви шоистае бидиҳед. Ва бояд, ки покдомон бошанд, на зинокор ва на аз онҳо, ки ба пинҳон дӯст мегиранд. Ва чун шавҳар карданд, ҳар гоҳ муртакиби фаҳшо шаванд, шиканҷаи онон нисфи шиканҷаи озодзанон аст. Ва ин барои касонест10 аз шумо, ки бим доранд, ки ба гуноҳ афтанд. Бо ин ҳама агар сабр кунед, бароятон беҳтар аст ва Худо омурзандаву меҳрубон аст.
26. Худо мехоҳад барои шумо ҳама чизро ошкор кунад ва ба суннатҳои пешиниёнатон роҳ бинамояд ва тавбаи шуморо бипазирад, ки Худо донову ҳаким аст.
27. Худо мехоҳад тавбаи шуморо бипазирад. Вале онон, ки аз паи шаҳват мераванд, мехоҳанд, ки шумо ба каҷравии азиме афтед.
28. Худо мехоҳад бори шуморо сабук кунад, зеро одамӣ нотавон офарида шудааст.
29. Эй касоне, ки имон овардаед, амволи якдигарро ба ноҳақ махӯред, ғайри молҳои тиҷоратӣ, ки ҳар ду тараф ба он ризоят дода бошед. Ва худатонро макушед. Ҳар ойна Худо бо шумо меҳрубон аст!
30. Ва ҳар кӣ ин корҳо аз рӯи таҷовузу ситам кунад, ӯро дар оташ хоҳем афканд ва ин бар Худо осон аст!
31. Агар аз гуноҳони бузурге, ки шуморо аз он манъ кардаанд, парҳез кунед, аз дигар гуноҳонатон дармегузарем ва шуморо ба маконе некӯ дармеоварем.
32. Орзу макунед он чизҳоеро, ки ба онҳо Худо баъзе аз шуморо бар баъзе дигар бартарӣ додааст. Мардонро аз он чи кунанд, насибест ва занонро аз он чӣ кунанд, насибе. Ва рӯзӣ аз Худо хоҳед, ки Худо бар ҳар чизе огоҳ аст!
33. Барои ҳама, дар он чи падару модар ва хешовандони наздик ба мерос мегузоранд, меросбароне қарор додаем. Ва баҳраи ҳар касро, ки бо ӯ қароре ниҳодаед, бипардозед, ки Худо бар ҳар чизе гувоҳ аст!
34. Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш магиред. Ва Худо баландпояву бузург аст!
35. Агар аз ихтилофи миёни зану шӯй огоҳ шудед, доваре аз касони мард ва доваре аз касони зан баргузинед. Агар он дуро қасди ислоҳ бошад, Худо миёнашон мувофиқат падид меоварад, ки Худо донову огоҳ аст!
36. Худоро бипарастед ва ҳеҷ чиз шарики ӯ масозед ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар ва бандагони худ некӣ кунед. Албатта, Худо мутакаббирону фахрфурӯшонро дӯст надорад,
37. Онон, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл вомедоранд ва молеро, ки Худо ба онҳо додааст, пинҳон мекунанд ва мо барои кофирон азобе хоркунанда муҳайё сохтаем.
38. Ва низ касонеро, ки амволи хеш барои худнамоӣ харҷ мекунанд ва ба Худову рӯзи қиёмат имон намеоваранд. Ва ҳар кӣ шайтон қарини ӯ бошад, қарине бад дорад!
39. Чӣ зиён будашон, агар ба Худову рӯзи қиёмат имон оваранд ва аз он чӣ Худо ба онҳо рӯзӣ додааст, инфоқ (садақа) кунанд? Худо ба корашон доност!
40. Худо заррае ҳам ситам намекунад. Агар некие бошад, онро ду баробар мекунад ва аз ҷониби худ музде бузург медиҳад.
41. Чӣ гуна хоҳад буд он рӯз, ки аз ҳар уммате гувоҳе биёварем ва туро бар ин уммат ба гувоҳӣ фаро хонем?
42. Дар он рӯз кофирон ва онон, ки бар расул исён варзидаанд, орзу кунанд, ки бо хоки замин яксон мебуданд. Ва ҳеҷ суханеро аз Худо пинҳон натавонанд кард!
43. Эй касоне, ки имон овардаед, он гоҳ, ки маст ҳастед, ба намоз (ва ҷои намозхонӣ, яъне масҷид) наздик нашавед11, то (он гоҳ ки) бидонед, чӣ мегӯед. Ва низ дар ҳоли ҷанобат, то (он гоҳ ки) ғусл кунед, магар он ки роҳгузар бошед. Ва агар бемор ё дар сафар будед ё аз макони қазои ҳоҷат бозгаштаед ё бо занон (ҳамсарони боникоҳи шаръӣ) ҷимоъ кардаед ва об наёфтед, бо хоки пок таяммум кунед ва рӯю дастҳоятонро бо он хок масҳ кунед. Ҳаройна Худо афвкунанда ва омурзанда аст!
44. Оё он касонеро, ки аз китоб баҳрае дода шудаанд, надидаӣ, ки гумроҳӣ мехаранд ва мехоҳанд, ки шумо низ гумроҳ шавед?
45. Худо душманони шуморо беҳтар мешиносад ва дӯстии ӯ шуморо кифоят хоҳад кард ва ёрии ӯ шуморо басанда аст.
46. Баъзе аз яҳудиён каломро ба маънӣ дигаргун мекунанд ва мегӯянд: «Шунидем ва нофармонӣ мекунем ва бишнав ношуниданиеро ва «роъино» ба луғати хеш забонро пахш мекарданд ва ба дини Ислом таъна мезананд. Агар мегуфтанд, ки шунидем ва итоъат кардем ва «унзурно»12, барояшон беҳтару босавобтар буд. Худо ононро ба сабаби куфрашон лаънат карда ва ҷуз андаке имон наёваранд.
47. Эй касоне, ки шуморо китоб дода шуда, ба китобе, ки нозил кардаем ва китоби шуморо низ тасдиқ мекунад, имон биёваред; пеш аз он ки нақши чеҳраҳоеро маҳв кунем ва рӯйҳоеро ба қафо баргардонем. Ё ҳамчунон, ки асҳоби сабтро13 лаънат кардем, шуморо ҳам лаънат кунем. Ва фармони Худо шуданист!
48. Албатта, Худо гуноҳи касонеро, ки ба ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Худо ширк оварад, дурӯғе сохта ва гуноҳе бузург муртакиб шудааст.
49. Оё ононро надидаӣ, ки хештанро поку беайб ҷилва медиҳанд? Оре, Худост, ки ҳар киро хоҳад, аз айб пок мегардонад. Ва ба ҳеҷ кас, ҳатто ба қадри риштае, ки дар шикофи донаи хурмост, ситам нашавад.
50. Бингар, ки чӣ гуна ба Худо дурӯғ мебанданд ва ҳамин дурӯғ кофист, ки гуноҳи ошкоре бошад.
51. Оё касонеро, ки насибе аз китоб дода шудаанд, надидаӣ, ки ба Ҷибту Тоғут14 имон меоваранд ва дар бораи кофирон мегӯянд, ки роҳи инҳо аз роҳи мӯъминон ба ҳидоят наздиктар аст?
52. Ин он касонанд, ки Худо лаънаташон кардааст; ва ҳар касро, Худо лаънат кунад, барои ӯ ҳеҷ ёваре наёбӣ!
53. Ё аз подшоҳӣ насибе бурдаанд, ки дар ин сурат ба қадри он нуқтаи хурде, ки бар пушти донаи хурмост, ба мардум суде намерасонанд?
54. Ё бар мардум ба хотири неъмате, ки Худо аз фазли хеш ба онҳо додааст, ҳасад мебаранд? Дар ҳоле, ки мо ба хонадони Иброҳим китобу ҳикмат додем ва фармонравоии бузург арзонӣ доштем.
55. Баъзе ба он имон оварданд ва баъзе аз он рӯй гардонданд. Дӯзах - он оташи афрӯхта онҳоро бас!
56. Ононро, ки ба оёти Мо кофир шудаанд, ба оташ хоҳем афканд. Ҳар гоҳ пӯсти танашон бипазад, пӯсти дигарашон диҳем, то азоби Худоро бичашанд. Худо пирӯзманду ҳаким аст!
57. Ва ононро, ки имон оварда ва корҳои некӯ кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист, дароварем, то абад дар он ҷо хоҳанд буд. Ва дар он ҷо соҳиби занони поку беайб шаванд ва дар сояҳои пайваста ва бароҳат ҷояшон медиҳем.
58. Худо ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонашон бозгардонед. Ва чун дар миёни мардум ба доварӣ нишинед, ба адл доварӣ кунед. Худо шуморо чӣ некӯ панд медиҳад. Албатта, ӯ шунаво ва биност!
59. Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоъат кунед ва аз расул ва сардорони хеш фармон баред. Ва чун дар коре ихтилоф кардед, агар ба Худову паёмбар руҷӯъ кунед, дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад.
60. Оё ононро намебинӣ, ки мепиндоранд, ки ба он чи бар ту нозил шуда ва он чи пеш аз ту нозил шудааст, имон овардаанд, вале мехоҳанд, ки бутро ҳакам қарор диҳанд, дар ҳоле, ки ба онҳо гуфтаанд, ки бутро инкор кунанд. Шайтон мехоҳад гумроҳашон созад ва аз ҳақ дур гардонад.
61. Ва чун онҳоро гӯянд, ки ба он чи Худо нозил карда ва ба паёмбараш рӯй оред, мунофиқонро мебинӣ, ки сахт аз ту рӯйгардон мешаванд.
62.Пас чӣ гуна аст, ки чун ба ҷазои корҳое, ки муртакиб шудаанд, мусибате ба онҳо расад, назди ту меоянд ва ба Худо савганд мехӯранд, ки мо ҷуз эҳсону мувофиқат қасди дигаре надоштаем?
63. Худованд аз дилҳояшон огоҳ аст. Аз онҳо рӯй гардон ва пандашон бидеҳ ба чунон сахтӣ, ки дар вуҷудашон таъсир кунад!
64. Ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, ҷуз он ки дигарон ба амри Худо бояд мутеъи фармони ӯ шаванд. Ва агар ба ҳангоме, ки муртакиби гуноҳе мешуданд, назди ту меомаданд ва аз Худо омурзиш мехостанд ва паёмбар ҳам барояшон омурзиш мехост, албатта Худоро тавбапазир ва меҳрубон меёфтанд.
65. На, савганд ба Парвардигорат, ки имон наёваранд, магар он, ки дар низоъе, ки миёни онҳост, туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳӣ, ҳеҷ дилтанг нашаванд ва саросар таслими он гарданд.
66. Ва агар ба онҳо фармон дода будем, ки худро бикушед ё аз хонаҳоятон берун равед, ҷуз андаке аз онон фармон намебурданд. Ва ҳол он ки агар пандеро, ки ба онҳо дода шудааст, кор мебастанд, барояшон беҳтар ва бар асосе устувортар буд.
67. Он гоҳ аз ҷониби Худ ба онон музде бузург медодем,
68. ва ононро ба роҳи рост ҳидоят мекардем.
69. Ва ҳар кӣ аз Худову паёмбараш итоъат кунад, ҳамроҳ бо касоне хоҳад буд, ки Худо неъматашон додааст, чун анбиё ва сиддиқон ва шаҳидону солеҳон ва инҳо чӣ некӯ рафиқонанд!
70. Ин фазилатест аз ҷониби Худо ва басандааст Худои доно!
71. Эй касоне, ки имон овардаед, силоҳ бигиред ва он гоҳ ҳушёрона, гурӯҳ-гурӯҳ ё якбора ба ҷанг равед.
72. Ва аз миёни шумо касест, ки дар майдони ҷанг таъхир мекунад. Ва чун ба шумо балое расад, мегӯяд: «Худо дар ҳаққи ман чӣ инъоме кард, ки дар он рӯз ҳамроҳашон набудам».
73. Ва чун моле аз ҷониби Худо насибатон шавад, чунонки гӯӣ миёнатон ҳеҷ гуна дӯстие набудааст, гӯяд: «Эй кош, ман низ бо онҳо мебудам ва ба комёбие бузург даст меёфтам!»
74. Пас онҳо, ки зиндагии дунёро додаанд ва охиратро харидаанд, бояд ки дар роҳи Худо биҷанганд. Ва ҳар кӣ дар роҳи Худо биҷангад, чи кушта шавад, чи пирӯз гардад, музде бузург ба ӯ хоҳем дод.
75. Чаро дар роҳи Худо ва ба хотири мардону занон ва кӯдакони нотавоне, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро аз ин деҳаи ситамкорон берун биёвар ва аз ҷониби худ ёру мададгоре қарор деҳ», намеҷангед?
76. Онон, ки имон овардаанд, дар роҳи Худо меҷанганд ва онон, ки кофир шудаанд, дар роҳи шайтон. Пас бо ҳаводорони шайтон ҷанг кунед, ки макри шайтон ночиз аст!
77. Оё надидӣ касонеро15, ки ба онҳо гуфта шуд, ки акнун аз ҷанг бозистед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед, ки чун ҷангидан бар онҳо воҷиб шуд, гурӯҳе чунон аз мардум тарсиданд, ки бояд аз Худо метарсиданд? Ҳатто тарсе бештар аз тарси Худо. Ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро ҷангро бар мо воҷиб кардаӣ ва моро мӯҳлат намедиҳӣ, то ба марги худ, ки наздик аст, бимирем?» Бигӯ: «Матоъи инҷаҳонӣ андак аст ва охират аз они парҳезгорон аст ва ба шумо ҳатто ба қадри риштае, ки дар миёни донаи хурмост, ситам намешавад».
78. Ҳар ҷо, ки бошед, агарчи дар ҳисорҳои сахту устувор, марг шуморо дармеёбад. Ва агар хайре ба онҳо расад, мегӯянд, ки аз ҷониби Худо буд ва агар шарре ба онҳо расад, мегӯянд, ки аз ҷониби ту буд. Бигӯ: «Ҳама аз ҷониби Худост». Чӣ бар сари ин қавм омадааст, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд?
79. Ҳар хайре, ки ба ту расад, аз ҷониби Худост ва ҳар шарре, ки ба ту расад, аз ҷониби худи туст (ба сабаби гуноҳҳо). Туро ба пайғамбарӣ ба сӯи мардум фиристодем ва шаҳодати Худо кофист.
80. Ҳар кӣ аз паёмбар итоъат кунад, аз Худо итоъат кардааст. Ва онон, ки саркашӣ кунанд, пас Мо туро ба нигаҳбонии онҳо нафиристодаем.
81. Мегӯянд: «Фармонбардорем!» ва чун аз назди ту берун шаванд, гурӯҳе аз онҳо ба шаб хилофи он чи ту мегӯӣ, андешае дар дил мепарваранд. Ва Худо он чиро шаб дар хотир гирифтаанд, менависад. Пас, аз онҳо рӯй гардон ва бар Худо таваккул кун, ки ӯ корсозиро кофист.
82. Оё дар Қуръон намеандешанд? Ҳар гоҳ аз сӯи ғайри Худо мебуд, дар ин ихтилофе бисёр меёфтанд.
83. Ва чун хабаре, чӣ эминӣ ва чӣ тарс ба онҳо расад, онро дар ҳама ҷо фош мекунанд. Ва ҳол он ки агар дар он ба паёмбар ва пешвоёнашон руҷӯъ мекарданд, ҳақиқати корро аз он дармеёфтанд. Ва агар фазлу раҳматиХудо набуд, ҷуз андаке ҳамагон аз шайтон пайравӣ мекардед.
84. Пас дар роҳи Худо набард кун, ки ҷуз бар нафси хеш мукаллаф нестӣ ва мӯъминонро ба ҷанг барангез. Шояд Худо осеби кофиронро аз шумо боздорад ва хашму азоби Худо аз ҳар хашму азоби дигаре сахттар аст!
85. Ҳар кас дар кори неке миёнрав шавад, ӯро аз он насибест ва ҳар кас дар кори баде миёнрав шавад, ӯро аз он ҳиссаест (аз гуноҳ). Ва Худо нигаҳбон бар ҳар чизест!
86. Чун шуморо ба дуруде салом доданд, ба дуруде беҳтар аз он ё монанди он посух гӯед. Албатта, Худо ҳисобгари ҳар чизест!
87. Аллоҳ Худоест, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз ӯ нест. Ба таҳқиқ ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат, ки ҳеҷ шакке дар он нест, гирд меоварад ва чӣ касе аз Худо ба гуфтор ростгӯтар аст?
88. Чист шуморо, ки дар бораи мунофиқон ду гурӯҳ шудаед ва ҳол он ки Худо онҳоро ба сабаби кирдорашон ба куфр баргардонидааст. Оё мехоҳед касеро, ки Худо гумроҳ кардааст, ҳидоят кунед? Ва ту роҳе барои касе, ки Худованд гумроҳаш кардааст, натавонӣ ёфт!
89. Дӯст доранд ҳамчунон, ки худ ба роҳи куфр мераванд, шумо низ кофир шавед, то баробар гардед. Пас бо ҳеҷ як аз онон дӯстӣ макунед, то он гоҳ ки дар роҳи Худо муҳоҷират кунанд. Ва агар саркашӣ кунанд, дар ҳар ҷо ки онҳоро биёбед, бигиреду бикушед ва ҳеҷ як аз онҳоро ба дӯстиву ёрӣ интихоб насозед.
90.Магар касоне, ки ба қавме, ки миёни шумо ва онҳо паймонест, мепайванданд ё худ назди шумо меоянд, дар ҳоле, ки аз ҷангидан бо шумо ё ҷангидан бо қавми худ дилгир шуда бошанд. Ва агар Худо мехост, бар шумо пирӯзашон месохт ва бо шумо ба ҷанг бармехостанд. Пас ҳар гоҳ канора гирифтанд ва бо шумо наҷангиданд ва ба шумо пешниҳоди сулҳ карданд, Худо ҳеҷ роҳе барои шумо бар зидди онҳо накушудааст.
91. Гурӯҳи дигареро хоҳед ёфт, ки мехоҳанд аз шумо ва қавми худ дар амон бошанд, инҳо ҳар гоҳ, ки ба куфр даъват шаванд, ба он бозгарданд. Пас агар худро ба каноре накашанд ва сулҳ накунанд ва аз аъмоли хеш бознаистанд, ононро ҳар ҷо, ки ёфтед, бигиреду бикушед, ки шуморо бар он ҳуҷҷате ошкор додаем!
92. Ҳеҷ мӯъминеро нарасад, ки мӯъмини дигарро ҷуз ба хато бикушад. Ва ҳар кас, ки мӯъминеро ба хато бикушад, бояд, ки бандаи мӯъминеро (ғулому барда) озод кунад ва хунбаҳояшро ба хонаводааш таслим кунад, магар он, ки хунбаҳоро бибахшанд. Ва агар кушташуда мӯъмин ва аз қавмест, ки душмани шумост, фақат бандаи мӯъминеро озод кунад ва агар аз қавмест, ки бо шумо паймон бастаанд, хунбаҳо ба хонаводааш пардохт шавад ва бандаи мӯъминеро озод кунад ва ҳар кас, ки бандае наёбад, барои тавба ду моҳ пай дар пай рӯза бигирад. Ва Худо донову ҳаким аст!
93. Ва ҳар кас мӯъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!
94. Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои ҷиҳод раҳсипор шавед, нек тафаҳҳус (таҳқиқ) кунед. Ва ба он кас, ки бар шумо салом гӯяд, магӯед, ки мӯъмин нестӣ. Шумо бархурдорӣ аз зиндагии дунёро металабед ва ҳол он ки ғаниматҳои бисёр назди Худост. Шумо пеш аз ин чунон будед, вале Худо бар шумо миннат ниҳод. Пас андеша кунед, ки Худо бар аъмолатон огоҳ аст!
95.Мӯъминоне, ки бе ҳеҷ ранҷу осебе аз ҷанг сар метобанд, бо касоне, ки ба молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд, баробар нестанд. Худо касонеро, ки бо молу ҷони хеш ҷиҳод мекунанд, бар онон, ки аз ҷанг сар метобанд, ба дараҷоте бартарӣ додааст. Ва Худо ҳамаро ваъдаҳои некӯ додааст. Ва ҷиҳодкунандагонро бар онҳо, ки аз ҷиҳод сар метобанд, ба музде бузург бартарӣ ниҳодааст.
96. Дараҷоте аз ҷониби Худо ва омурзишу раҳмате, ки ӯ омурзанда ва меҳрубон аст!
97. Касоне ҳастанд, ки фариштагон ҷонашонро меситонанд, дар ҳоле ки бар хештан ситам карда буданд. Аз онҳо мепурсанд: «Дар чӣ коре будед.» Гӯянд: «Мо дар рӯи замин мардуме будем бечора». Фариштагон гӯянд: «Оё замини Худо паҳновар набуд, ки дар он муҳоҷират кунед?» макони инҳо ҷаҳаннам аст ва саранҷомашон бад!
98. Ғайри мардону занон ва кӯдакони нотавоне, ки ҳеҷ чорае наёбанд ва ба ҳеҷ ҷо роҳ набаранд.
99. Бошад, ки Худояшон афв кунад, ки Худо афвкунандаву омурзанда аст!
100. Он кас, ки дар роҳи Худо тарки ватан кунад, дар рӯи замин бархурдориҳои (иқоматгоҳ) бисёр ва кушоишҳо (ризқ) хоҳад ёфт. Ва ҳар кас, ки аз хонаи хеш берун ояд, то ба сӯи Худо ва расулаш ҳиҷрат кунад ва он гоҳ марг ӯро дарёбад, муздаш бар ӯҳдаи Худост ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!
101. Ва чун дар замин сафар кунед, гуноҳе нест, агар бими он доштед, ки кофирон ба шумо зиён расонанд, намози хеш кӯтоҳ кунед. Зеро кофирон душмани ошкори шумо ҳастанд!
102. Ва чун ту ҳамроҳашон бошӣ ва барояшон иқомаи намоз кунӣ, бояд, ки гурӯҳе аз онҳо бо ту ба намоз биистанд ва силоҳҳои хешро бо худ дошта бошанд. Ва чун саҷда ба ҷой оваранд, дар баробари душман шаванд ва бояд, ки биёянд гурӯҳи дигаре, ки ҳануз намоз нагузоридаанд ва бо ту намоз бихонанд ва ҳушёриашон муроъот ва аслиҳаашонро бо худ дошта бошанд, зеро кофирон дӯст доранд, ки шумо аз силоҳҳо ва матоъи худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд. Ва гуноҳе муртакиб нашудаед, ҳар гоҳ аз борон дар ранҷ будед ё бемор будед, силоҳҳои худ бигзоред, вале ҳушёрона мувозиби душман бошед. Албатта, Худо барои кофирон азобе хоркунанда омода сохтааст!
103. Ва чун намозро ба поён бурдед, Худоро истода ё нишаста ва ё ба паҳлӯ хобида ёд кунед. Ва чун аз душман эмин гаштед, намозро тамом адо кунед, ки намоз бар мӯъминон дар вақтҳои муайян воҷиб гашта аст.
104. Ва дар даст ёфтан ба он қавм (кофирон) сустӣ макунед. Агар шумо озор мебинед, онҳо низ чун шумо озор мебинанд, вале шумо аз Худо чизеро умед доред, ки онон умед надоранд. Ва Худо донову ҳаким аст!
105. Мо ин китобро ба ростӣ ба ту нозил кардем, то ба он сон, ки Худо ба ту омӯхтааст, миёни мардум доварӣ кунӣ ва ба нафъи хоинон, душманӣ ва хусумат наварз!
106. Ва аз Худо омурзиш бихоҳ, ки ӯ омурзанда ва меҳрубон аст.
107. Ва ба хотири касоне, ки ба худ хиёнат меварзанд (гуноҳ содир мекунанд, ки ин худ хиёнат ба нафс аст), муҷодала макун, ки Худо хоинони гунаҳкорро дӯст надорад.
108. Аз мардум пинҳон медоранд ва аз Худо пинҳон намедоранд, зеро он гоҳ ки шабҳангом (яъне, нақша ва тадбири душманӣ матраҳ мекарданд) суханоне, ки Худо аз он нохушнуд бувад, мегуфтанд, Худо бо онҳо буд ва Худо бар ҳар чи мекарданд, иҳота (огоҳии комил) дошт.
109. Огоҳ бошед, ин шумоед, ки дар ин ҷаҳон аз онон сахт ҷонибдорӣ кардед, кист, ки дар рӯзи қиёмат аз онон дар баробари Худо ҷонибдорӣ кунад ё чӣ касе вакили онҳо хоҳад буд?
110. Ва ҳар кӣ коре нописанд кунад ё ба худ ситам раво дорад, он гоҳ аз Худо омурзиш хоҳад, Худоро омурзанда ва меҳрубон хоҳад ёфт.
111. Ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, он гуноҳ ба зиёни худ кардааст ва Худо донову ҳаким аст!
112. Ва ҳар кӣ хато ё гуноҳе кунад, он гоҳ бегуноҳеро ба он муттаҳам созад, албатта, бори тӯҳмату гуноҳеро, ошкоро бар дӯши худ кашидааст.
113. Агар фазлу раҳмати Худо шомили ҳоли ту набуд, гурӯҳе аз кофирон қасди он доштаанд, ки туро гумроҳ кунанд, вале онон ҷуз худро гумроҳ накунанд ва ҳеҷ зиёне ба ту нарасонанд. Ва Худо бар ту китобу ҳикмат нозил кард ва чизҳое ба ту омӯхт, ки аз ин пеш намедонистаӣ ва Худо лутфи бузурги худро бар ту арзонӣ дошт!
114. Дар бисёре аз машваратҳои пинҳониашон фоидае нест, магар дар сухани онон, ки ба садақа додан ё некӣ кардан ва ё оштиҷӯӣ фармон медиҳанд. Ва он касро, ки барои хушнудии Худо чунин кунад, музди бузурге хоҳем дод.
115. Ҳар кӣ пас аз ошкор шудани роҳи ҳидоят бо паёмбар мухолифат варзад ва аз роҳе ҷуз роҳи мӯъминон пайравӣ кунад, ба он сӯе, ки писанди ӯст, бигардонемаш (боқӣ мегузорем ӯро) ва ба ҷаҳаннамаш афканем. Ва ҷаҳаннам саранҷоми бадест!
116. Худо касеро, ки барои ӯ шарике қарор диҳад, намеомурзад ва ҷуз он ҳар гуноҳеро барои ҳар кӣ хоҳад, меомурзад. Ва ҳар кас, ки барои Худо шарике қарор диҳад, сахт ба гумроҳӣ афтодаст.
117. Намепарастанд ғайри Аллоҳ магар бутҳоро (ба онҳо номҳои духтарон мегузоштанд) ва намехоҳанд ғайри Аллоҳ магар шайтони саркашро.
118. Худояш лаънат кард. Ва шайтон гуфт: «Гурӯҳе муайян аз бандагонатро ба фармони хеш мегирам.
119. Ва албатта, гумроҳашон мекунам ва орзуҳои ботил дар дилашон меафканам ва ба онон фармон медиҳам, то гӯшҳои чорпоёнро бишикофанд. Ва ба он фармон медиҳам, то хилқати Худоро дигаргун созанд». Ва ҳар кас, ки ба ҷои Худо шайтонро ба дӯстӣ баргузинад, зиёне ошкор кардааст!
120. Ба онҳо ваъда медиҳад ва ба орзушон меафканад ва шайтон онҳоро ҷуз ба фиреб ваъда надиҳад!
121. Маконашон дар ҷаҳаннам аст ва дар он ҷо роҳи гурезе нахоҳанд ёфт!
122. Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, ба биҳиштҳое дармеоварем, ки дар он наҳрҳо равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд. Ваъдаи барҳаққи Худованд аст ва чӣ касе аз ӯ ростгӯйтар аст?
123. На мувофиқи орзуи шумост ва на мувофиқи орзуи аҳли китоб, ки ҳар кас, ки муртакиби кори баде шавад, ҷазояшро бубинад ва ҷуз Худо барои хеш дӯсту ёваре наёбад.
124. Ва ҳар кас, ки кори шоистае кунад, чи зан ва чи мард, агар мӯъмин бошад, ба биҳишт меравад ва ба қадри он нуқтаи хурде, ки бар пушти донаи хурмост, ба кас ситам намешавад.
125. Дини чӣ касе беҳтар аз дини касест, ки ба ихлос рӯй ба ҷониби Худо кард ва некӯкор буд ва аз дини ҳанифи Иброҳим16 пайравӣ кард? Ва Худо Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид (гирифт).
126. Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва Худо бар ҳар чизе иҳота (комилан огоҳӣ) дорад.
127. Аз ту дар бораи занон фатво мехоҳанд. Бигӯ: «Худо дар бораи онон ба он чӣ дар ин китоб бар шумо хонда мешавад, фатво додааст. Ин фатво дар боби онҳо ва занони падармурдаест, ки ҳаққи муқаррарашонро намепардозед ва мехоҳед онҳоро ба никоҳи худ дароваред ва низ дар боби кӯдакони нотавон аст. Ва бояд, ки дар бораи ятимон ба адолат рафтор кунед ва ҳар кори неке, ки анҷом медиҳед, Худо ба он огоҳ аст17 .
16. Муроҷиат шавад ба ояти 67-уми сураи Оли Имрон
128. Агар зане дарёфт, ки шавҳараш бо ӯ бемеҳр ва аз ӯ безор шудааст, боке нест, ки ҳарду дар миёни худ тарҳи оштӣ афкананд, ки оштӣ беҳтар аст. Ва бухлу пастӣ бар нафсҳои мардум ғалаба дорад. Ва агар некӣ ва парҳезгорӣ кунед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст!
129. Ҳарчанд бикӯшед, ҳаргиз натавонед, ки дар миёни занон ба адолат рафтор кунед. Лекин якбора ба сӯи яке майл накунед, то дигареро саргаштазане, ки на шавҳар дорад ва на талоқ шудааст, раҳо карда бошед. Агар ба салоҳ оед ва парҳезгорӣ кунед, Худо омурзанда ва меҳрубон аст!
130. Ва агар он ду аз якдигар ҷудо шаванд, Худо ҳар дуро ба камоли фазли хеш бениёз созад, ки Худо фарохнеъмат ва ҳаким аст!
131. Аз они Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва ҳар ойна аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва низ шуморо супориш кардем, ки аз Худо битарсед, агар ҳам куфр варзед, боз ҳам он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, мутаъаллиқ ба Худост ва ӯст бениёз ва лоиқи ситоиш!
132. Ва аз они Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст ва Худо корсозиро кофист!
133. Эй мардум, агар ӯ бихоҳад, ҳамаи шуморо аз миён мебарад ва мардуме дигарро меоварад, ки Худо бар ин кор қодир аст!
134. Ҳар кас, ки подоши ин ҷаҳониро металабад, бидонад, ки подоши инҷаҳониву онҷаҳонӣ дар назди Худост. Ва ӯ шунаво ва биност!
135. Эй касоне, ки имон овардед, барподорандаи адл бошед ва барои Худо шаҳодат диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо, чӣ тавонгар ва чӣ тангдаст, бошанд. Зеро Худо бар он ду (фақир ва ғанӣ) сазовортар (меҳрубонтар) аст. Пас аз ҳавои нафс пайравӣ макунед, то аз адл рӯй гардонед. Чун забонбозӣ кунед ё аз он шаҳодат рӯй тобед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст!
136. Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худову паёмбараш ва ин китоб, ки бар паёмбараш нозил карда ва он китоб, ки пеш аз он нозил карда, ба ҳақиқат имон биёваред. Ва ҳар кӣ ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва ба рӯзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст.
137. Албатта, Худованд ононро, ки имон овардаанд, сипас кофир шуданд ва боз имон оварданд, сипас кофир шуданд ва ба куфри хеш афзуданд, нахоҳад омурзид ва ба роҳи рост ҳидоят нахоҳад кард.
138. Мунофиқонро башорат деҳ, ки азобе дардовар барояшон омода шудаст,
139. Касоне, ки ба ҷои мӯъминон кофиронро дӯст мегиранд, оё иззату тавоноиро назди онон меҷӯянд, дар ҳоле, ки иззат ба тамомӣ аз они Худост.
140. Ва аз ин пеш, дар ин китоб бар шумо нозил кардаем, ки чун шунидед, касоне оёти Худоро инкор мекунанд ва онро ба ришханд мегиранд, бо онон манишинед, то он гоҳ, ки ба сухане дигар пардозанд. Вагарна шумо низ монанди онҳо хоҳед буд. Ва Худо ҳамаи мунофиқону кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоварад.
141. Касоне, ки ҳамеша интизори чигунагии аҳволи шумо ҳастанд, пас агар аз ҷониби Худо пирӯзӣ насибатон шавад, мегӯянд: «Магар мо ҳамроҳи шумо набудем?» Ва агар пирӯзӣ насиби кофирон шавад, мегӯянд: «Оё на чунон буд, ки бар шумо ғалаба ёфта будем ва мӯъминонро аз осеб расонидан ба шумо боздоштем?» Дар рӯзи қиёмат Худо миёни шумо ҳукм мекунад ва ӯ ҳаргиз барои кофирон ба зиёни мусалмонон роҳе накушудааст.
142. Мунофиқон Худоро (ба гумони худашон) фиреб додан мехоҳанд ва ҳол он ки Худованд онҳоро муносиби фиребу макрашон ҷазо медиҳад. Ва чун ба намоз бархезанд, бо сустӣ бархезанд ва барои худнамоӣ намоз кунанд ва дар намоз, ҷуз андаке Худоро ёд накунанд.
143. Мутараддид ва ҳайронанд: на бо инон ва на бо онон. Он ки Худо гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳе барои ӯ нахоҳӣ ёфт.
144. Эй касоне, ки имон овардаед, ба ҷои мӯъминон кофиронро дӯст магиред. Оё коре мекунед, ки барои Худо ба зиёни худ ҳуҷҷате ошкор падид оред?
145. Албатта, мунофиқон дар пасттарин табақоти оташ ҳастанд ва ҳаргиз барояшон ёваре намеёбӣ,
146. Магар онон, ки тавба кардаанд ва худро ислоҳ карданд ва ба (ресмони) Худо чанг заданд ва барои Худо аз рӯи ихлос ба дин гаравиданд. Инҳо дар зумраи мӯъминонанд ва Худо ба мӯъминон савобе азим хоҳад дод!
147. Чаро Худо шуморо азоб кунад, агар сипосгузор бошед ва имон оваред? Дар ҳоле, ки Худо қадршинос ва доност!
148. Худо баланд кардани садоро ба бадгӯӣ дӯст надорад, магар аз он кас, ки ба ӯ ситаме шуда бошад ва Худо шунаво ва доност!
149. Агар кори некро ошкоро анҷом диҳед ё пинҳонӣ ё кирдоре нописандро даргузаред, Худо афвкунанда ва тавоност!
150. Касоне ҳастанд, ки ба Худо ва паёмбараш кофир мешаванд ва мехоҳанд миёни Худову паёмбарашон ҷудоӣ афкананд ва мегӯянд, ки баъзеро мепазирем ва баъзеро намепазирем ва мехоҳанд дар ин миёна роҳе гиранд.
151. Инҳо дар ҳақиқат кофиронанд ва мо барои кофирон азобе хоркунанда омода сохтаем.
152. Ва касоне, ки ба Худо ва паёмбаронаш имон овардаанд ва миёни паёмбаронаш фарқе наафкандаанд, подошашонро Худо хоҳад дод ва Худо омурзандаву меҳрубон аст.
153. Аҳли китоб аз ту мехоҳанд, ки барояшон китобе аз осмон нозил кунӣ. Инҳо (аҳли китоб) бузургтар аз инро аз Мӯсо талаб карданд ва гуфтанд: «Худоро ошкор ба мо нишон деҳ». Ба сабаби ин сухани куфромезашон соиқа (оташак) ононро фурӯ гирифт. Ва пас аз он ки мӯъҷизаҳое барояшон омада буд, гӯсолаеро ба худоӣ гирифтанд ва Мо ононро бахшидем ва Мӯсоро ҳуҷҷате ошкор арзонӣ доштем.
154. Ва ба хотири паймоне, ки бо онҳо баста будем, кӯҳи Турро бар болои сарашон бардоштем ва гуфтем: «Саҷдакунон (яъне, бо фурӯтанӣ) аз он дар дохил шавед ва дар рӯзи шанбе таҷовуз макунед». Ва аз онҳо паймоне сахт гирифтем.
155. Пас ба сабаби паймон шикастанашон ва кофир шуданашон ба оёти Худо ва ба ноҳақ куштани паёмбарон ва ин ки гуфтанд: «Дилҳои мо бастааст», Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва ҷуз андаке имон намеоваранд.
156. Ва низ ба сабаби куфрашон ва он тӯҳмати бузург, ки ба Марям заданд
157. ва низ ба он сабаб, ки гуфтанд: «Мо Масеҳ, писари Марям, паёмбари Худоро куштем». Ва ҳол он, ки онон Масеҳро накуштанд ва бар дор наовехтанд, балки ин амр барояшон монанд шуд. Ҳар ойна он, ки дар бораи ӯ ихтилоф мекарданд, худ дар шакку шубҳа буданд ва ба он яқин надоштанд. Танҳо пайрави гумони худ буданд ва Исоро ба яқин накушта буданд,
158. балки Худованд ӯро (Исоро бо баданаш) ба назди худ боло бурд, ки Худо пирӯзманду ҳаким аст!
159. Ва ҳеҷ як аз аҳли китоб нест, магар он ки пеш аз маргаш ба ӯ имон оварад ва Исо дар рӯзи қиёмат ба имонашон гувоҳӣ хоҳад дод
160. ва ба ҷазои ситаме, ки яҳудон раво доштанд ва манъ кардани бисёрашон аз роҳи Худо, он чизҳои покизаро, ки бар онон ҳалол буд, ҳаром кардем.
161. Ва низ ба сабаби рибохорияшон ва ҳол он ки аз он манъ карда шуда буданд ва хӯрдани амволи мардумро ба ботил. Ва мо барои кофиронашон азобе дардовар муҳайё кардаем.
162. Вале донишмандонашон ва он мӯъминонеро, ки ба он чӣ бар ту ва ба он чӣ пеш аз ту нозил шуда, имон доранд ва намозгузорону закотдиҳандагон ва мӯъминон ба Худову рӯзи қиёматро, аҷри бузурге хоҳем дод!
163. Мо ба ту ваҳй кардем, ҳамчунон ки ба Нӯҳ ва паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони Яъқуб ва Исо ва Айюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон ваҳй кардаем ва ба Довуд Забурро арзонӣ доштем.
164. Ва паёмбароне, ки пеш аз ин достонҳояшонро барои ту гуфтаем ва он, ки достонҳояшонро барои ту нагуфтаем. Ва Худо бо Мӯсо сухан гуфт, сухан гуфтани бевосита.
165. Паёмбароне муждадиҳанда ва бимдиҳанда, то аз он пас мардумро бар Худо ҳуҷҷате набошад ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!
166. Вале Худо ба он чи бар ту нозил кард, шаҳодат медиҳад, ки ба илми худ нозил кардааст ва фариштагон низ шаҳодат медиҳанд ва Худо шаҳодатро басанда аст!
167. Ҳар ойна онон, ки кофир шудаанд ва аз роҳи Худо рӯй гардондаанд, сахт ба гумроҳӣ афтодаанд.
168. Касонеро, ки кофир шудаанд ва ситам кардаанд, Худованд намеомурзад ва ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад,
169. магар ба роҳи ҷаҳаннам, ки абадӣ дар он бошанд! Ва ин кор ба Худо осон аст.
170. Эй мардум, паёмбаре ба ҳақ аз ҷониби Худо бар шумо фиристода шуд, пас ба ӯ имон биёваред, ки хайри шумо дар он аст. Ва агар ҳам кофир шавед, аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Ва ӯ донову ҳаким аст!
171. Эй аҳли китоб, дар дини хеш аз ҳад нагузаред ва дар бораи Худо ҷуз сухани ҳақ магӯед. Ҳар ойна Исо, писари Марям, паёмбари Худо ва калимаи ӯ18 буд, ки ба Марямаш афканд ва рӯҳе19 аз ӯ буд. Пас ба Худо ва паёмбаронаш имон биёваред ва магӯед, ки се аст20 . Аз ин андешаҳо бозистед, ки хайри шумо дар он хоҳад буд. Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ худоест якто. Пок аст аз ин, ки соҳиби фарзанде бошад. Аз они ӯст он чӣ дар осмонҳову замин аст ва Худо корсозиро кофист!
172. Масеҳ ор надошт, ки яке аз бандагони Худо бошад ва малоикаҳои муқарраб низ ор надоранд. Ҳар кӣ аз парастиши (ибодати) Худованд сар боз занад ва саркашӣ кунад, бидонад, ки Худо ҳамаро дар назди худ маҳшур хоҳад сохт.
173. Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои нек кардаанд, аҷрашонро ба тамомӣ хоҳад дод ва аз фазли хеш бар онон хоҳад афзуд. Аммо касонеро, ки ибову саркашӣ кардаанд, ба азобе дардовар азоб хоҳад кард ва барои худ ҷуз Худои барҳақ ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳанд ёфт.
174. Эй мардум, аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷате омад ва барои шумо нуре ошкор нозил кардаем.
175. Аммо ононро, ки ба Худо имон овардаанд ва ба ӯ тавассул ҷӯстаанд, ба остони фазлу раҳмати хеш дароварад ва ба роҳе рост ҳидоят кунад.
18. Исо (а) халқ шудааст ба калимаи Худо (ҷ) ки он “кун фаякун” аст, Худованд гуфт: -пайдо шав, пас пайдо шуд.
19. ӯ, рӯҳест аз ҷумлаи арвоҳе, ки Худованд (ҷ) халқ кардааст.
176. Аз ту фатво мехоҳанд, бигӯй, ки Худо дар бораи калола21 бароятон фатво медиҳад: ҳар гоҳ марде, ки фарзанде надошта бошад, бимирад ва ӯро хоҳаре бошад, ба он хоҳар нисфи мероси ӯ мерасад. Агар хоҳарро низ фарзанде набошад, бародар аз ӯ мерос мебарад. Агар он хоҳарон ду тан буданд, аз се ду ҳиссаи дороиро ба ирс мебаранд. Ва агар чанд бародару хоҳар буданд, ҳар мард баробари ду зан ирс мебарад. Худо барои шумо баён мекунад, то гумроҳ нашавед ва ӯ аз ҳар чизе огоҳ аст!
21. Касест, ки бимирад ва фарзанду падару модар надошта бошад.