39 СУРАИ ЗУМАР (Ҷамоъатҳо)

Назад

39 Сураи ЗУМАР (ҷамоъатҳо)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманди ҳаким аст.

2. ҳаройна, Мо ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кардем. Пас, Худоро бипараст ва дини худ барои ӯ холис гардон!

3.Огоҳ бош, ки дини холис аз они Худост ва онон, ки ғайри ӯ дигареро ба худоӣ гирифтаанд, гуфтанд: «Инҳоро аз он рӯ мепарастем, то василаи наздикии мо ба Худои якто шаванд. Ва ҳаройна, Худо дар он чӣ ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард. ҳаройна, Худо онро, ки дурӯғгӯву носипос бошад, ҳидоят намекунад.

4. Агар Худо мехост, ки барои худ фарзанде бигирад, аз миёни махлуқоти худ ҳар чиро, ки  мехост, интихоб мекард. Пок аст. ӯст Худои яктои қаҳҳор!

5. Осмонҳову заминро барҳақ биёфарид. Шабро ба рӯз дохил мекунад ва рӯзро бар шаб. Ва офтобу моҳро ром гардонид ва ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракатанд. Огоҳ бош, ки ӯст пирӯзманду омурзанда!

6. Шуморо аз як тан биёфарид. Ва аз он як тан занашро офарид. Ва  бароятон аз чорпоён ҳашт ҷуфт биёфарид. Шуморо дар шиками модаронатон дар чанд марҳала дар даруни торикиҳои сегона офариниш бахшид. Ин аст Худои якто, Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они ӯст. Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Пас, чӣ гуна рӯйгардонатон месозанд?

7.Агар носипосӣ кунед, ҳаройна, Худо аз шумо беҳоҷат аст ва носипосиро (ношукриро) барои бандагонаш намеписандад. Меписандад, ки сипосгузор бошанд. Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Бозгашти ҳамаи шумо назди Парвардигоратон аст. ӯ шуморо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ мекунад, ӯ ҳаройна, ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст.

8. Чун ба одамӣ дарду ранҷе бирасад, ба Парвардигораш рӯй меоварад ва ӯро мехонад. Он гоҳ чун ба ӯ неъмате бахшад, ҳамаи он дуъоҳоро, ки пеш аз ин карда буд, аз ёд мебарад ва барои Худо ҳамтоёне қарор медиҳад, то мардумро аз роҳи Худо гумроҳ кунад. Бигӯ: «Андаке аз куфрат баҳраманд шав, ки ҳаройна,  ту аз дӯзахиён хоҳӣ буд!»

9. Оё он кас, ки дар ҳамаи соати шаб ба ибодат пардохта ё дар суҷуд аст ё дар  қиём ва аз охират бимнок аст ва ба раҳмати Парвардигораш умедвор аст, бо он ки чунин нест, яксон аст? Бигӯ: «Оё онҳое, ки медонанд бо онҳое, ки намедонанд, баробаранд?» Танҳо хирадмандон панд мегиранд.

10. Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед. Барои онон, ки дар ҳаёти инҷаҳонӣ некӣ кардаанд, подоши  нек аст. Ва замини Худо паҳновар аст. Музди сабркунандагон беҳисобу комил адо мешавад!»

11. Бигӯ: «ҳаройна, ман амр шудаам, ки Худоро  бипарастам ва барои ӯ дар дин ихлос кунам.

12. Ва маро фармудаанд, ки нахустини мусалмонон бошам».

13. Бигӯ: «ҳаройна, ман агар Парвардигорамро нофармонӣ кунам, аз азоби он рӯзи  бузург метарсам».

14. Бигӯ: «Худоро мепарастам ва барои ӯ дар дини худ ихлос меварзам.

15. Бипарастед ҳар чизи дигареро ҷуз ӯ» Бигӯ: «ҳаройна, зиёнкунандагон касоне ҳастанд, ки дар рӯзи қиёмат худ ва хонадонашонро аз даст бидиҳанд. Баҳуш бошед, ки ин зиёне ошкор аст.

16. Болои сарашон табақоти оташ аст ва дар зери пояшон табақоти оташ». Ин чизест, ки Худо бандагони худро ба он метарсонад. Пас, эй бандагони  Ман, аз Ман битарсед!

17. Ва касонеро, ки аз парастиши бутон парҳез кардаанд ва ба Худо рӯй овардаанд, башорат (хабари хуш) аст. Пас, бандагони Маро башорат деҳ:

18. он касоне, ки ба сухан гӯш медиҳанд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд, онҳоянд касоне, ки Худо ҳидояташон карда ва инҳо хирадмандонанд.

19. Оё касеро, ки ҳукми азоб бар ӯ бароварда шуда, ту метавонӣ ӯро, ки дар оташ аст, бираҳонӣ?

20. Аммо барои онон, ки аз Худо метарсанд, ғурфаҳоест (иморатҳоест) бар болои ҳам сохта, ки аз зерашон ҷӯйборон равон аст. Ин ваъдаи Худост ва Худо ба ваъдаи худ хилоф нахоҳад кард!

21. Оё надидаӣ, ки ҳаройна, Худо аз осмон борон фиристод ва онро чун чашмасорҳое дар замин равон гардонид, он гоҳ ба он киштаҳои  рангоранг бирӯёнид, сипас ҳама хушк мешаванд ва мебинӣ, ки зард (хазон) шудаанд, он гоҳ реза-резаашон месозад? Албатта, хирадмандонро дар он пандест!

22. Оё касе, ки Худо дилашро бар рӯи ислом кушуд ва ӯ дар партави нури Парвардигораш ҷой дорад, монанди касест, ки имон надорад? Пас, вой бар сахтдилоне, ки ёди Худо дар дилҳояшон роҳ надорад. Инҳо дар гумроҳии ошкор ҳастанд.

23. Худо беҳтарин суханро нозил кардааст. Китобе муташобеҳ ва дуто-дуто2, ки аз тиловати он касонеро, ки аз Парвардигорашон метарсанд, аз хавф танашон меларзад. Сипас тану ҷонашон ба ёди Худо биёромад. Ин роҳи Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Худо гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд!

24. Оё он кас, ки дар рӯзи қиёмат бо чеҳраи хеш азоби сахти қиёматро аз худ боз медорад (яъне, ҷуз чеҳрааш чизе наёбад, ки азобро аз худ дур кунад), (монанди касест, ки биҳиштист)? Ба ситамкорон гуфта мешавад: «Ба кайфари (ҷазои) корҳое, ки мекардаед, азобро бичашед!»

25. Пешиниёнашон (паёмбаронро) дурӯғгӯ бароварданд ва азоб аз ҷое, ки намедонистанд, бар сарашон расид.

26. Худо дар ин ҷаҳон расвояшон сохт, вале агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст.

27.Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна масале овардем, шояд панд гиранд.

28. Қуръоне ба забони арабӣ, бе ҳеҷ инҳирофу каҷӣ. Шояд парҳезгорӣ кунанд.

29. Худо масале мезанад: «Мардеро, ки чанд тан дар ӯ шариканд3 ва бар сари ӯ ихтилоф доранд ва марде, ки танҳо аз они яке бошад. Оё ин ду бо ҳам баробаранд? Сипос Худоро. Балки, бештарашон намедонанд.

30. ҳаройна, ту мемирӣ ва онҳо низ мирандаанд.

31.Сипас ҳама дар рӯзи  қиёмат дар назди Парвардигоратон бо якдигар хусумат хоҳед кард.

32. Пас, кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ  мебандад ва сухани ростеро, ки бар ӯ омадааст, дурӯғ мебарорад. Оё кофиронро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест?

33. Ва касе, ки сухани рост овард ва тасдиқаш кард, онон парҳезгоронанд.

34.Барояшон ҳар чӣ бихоҳанд, дар назди Парвардигорашон муҳайёст. Ин аст подоши ( мукофоти) некӯкорон,

35.то Худо бадтарин аъмолеро, ки кардаанд, аз онон нобуд кунад ва ба беҳтар аз он чӣ ки кардаанд, подошашон диҳад.

36. Туро ба касоне, ки ғайри Худо ҳастанд, метарсонанд. Оё Худо барои нигаҳдории бандааш кофӣ нест? Ва ҳар касро, ки Худо гумроҳ созад, пас, барои ӯ ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд.

37.Ҳар касро, ки Худо роҳнамоӣ кунад, ӯро гумроҳкунандае нест. Оё Худо пирӯзманду интиқомгиранда нест?

38. Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» ҳатман, хоҳанд гуфт: «Худои якто» Бигӯ: «Пас, онҳоеро, ки ғайри ӯ мепарастед, чӣ гуна мебинед? Агар Худои якто бихоҳад ба ман ранҷе бирасонад, оё инҳо метавонанд он ранҷро дафъ кунанд? Ё агар бихоҳад ба ман раҳмате арзонӣ дорад, метавонанд он раҳматро аз ман боздоранд?» Бигӯ: «Худо барои ман басанда аст. Таваккулкунандагон ба ӯ таваккул мекунанд».

39.Бигӯ: «Эй қавми ман, мувофиқи имкони хеш амал кунед. Ман низ амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки

40.  чӣ касе ба азобе, ки хораш месозад гирифтор мешавад ё азоби ҷовид бар сари ӯ фуруд меояд».

41.ҳаройна,  Мо ин китобро барҳақ барои ҳидояти мардум бар ту нозил кардем. Пас, ҳар кас, ки ҳидоят ёфт, ба суди худи ӯст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, албатта, ба зиёни худ ба гумроҳӣ афтода ва ту  вакили онҳо нестӣ.

42. Худо ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва низ ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд. Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва дигаронро то замоне, ки муъайян  аст, боз мефиристад. ҳаройна, дар ин ибратҳост барои онҳое, ки меандешанд.

43. Оё ғайри Худо шафеъоне ихтиёр карданд? Бигӯ: «Ҳатто агар он шафеъон қудрат ба коре надошта бошанд ва чизеро дарнаёбанд?»

44. Бигӯ: Шафоъат саросар аз они Худост. Аз они ӯст фармонравоии осмонҳову замин. Сипас ҳама ба назди ӯ бозгардонда мешавед».

45. Чун Худоро ба яктоӣ ёд кунанд, дилҳои он касон, ки ба қиёмат имон наёвардаанд, нафрат гирад ва чун номи дигароне (бутҳо), ҷуз Худо бурда шавад, шодмон шаванд.

46. Бигӯ: « Бор Худоё, Тӯӣ офаринандаи осмонҳову замин, донои ниҳону ошкор, Ту миёни бандагонат дар ҳар чӣ дар он ихтилоф мекардаанд, доварӣ хоҳӣ кард».

47. ҳаройна, агар ҳар чӣ дар рӯи замин аст ва монанди он аз они ситамкорон мебуд, ки дар рӯзи қиёмат худро ба он аз азоби дарднок бозмехариданд. (Натавонанд, ки бозхаранд) ва аз Худо барояшон азобе ошкор шавад, ки ҳаргиз гумон намекарданд.

48. Подоши бади аъмоле, ки мекарданд, барояшон ошкор шуд ва он чӣ масхарааш мекарданд,  гирдогирдашонро бигирифт.

49.Чун одамиро ранҷе расад. Моро мехонад ва чун аз ҷониби хеш неъмате арзонияш дорем, гӯяд: «ҳаройна, ба сабаби доноиям ин неъматро ба ман додаанд». Ин озмоише бошад, вале бештаринашон намедонанд.

50. Ин сухане буд, ки пешиниёнашон ҳам мегуфтанд, вале ҳар чӣ гирд оварда буданд, ба ҳолашон суд накард.

51. Уқубати аъмолашон домангирашон шуд ва аз ин миён ба онҳо, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, уқубати аъмолашон хоҳад расид ва наметавонанд аз Мо бигурезанд.

52. Оё  ҳанӯз надонистаанд, ки ҳаройна, Худост, ки рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, афзун месозад ё тангрӯзиаш мекунад? Ва ҳаройна, дар ин худ ибратҳост барои мардуме, ки имон меоваранд.

53. Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад. ҳаройна, ӯст омурзандаву меҳрубон!

54. Пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба Парвардигоратон рӯй оваред ва ба ӯ таслим шавед.

55. Ва пеш аз он ки баногоҳ ва бехабар азоб бар шумо фуруд ояд, аз беҳтарин чизе, ки аз ҷониби Парвардигоратон нозил шудааст, пайравӣ кунед,

56. то касе нагӯяд: «Эй дареғо, ки дар кори Худо кӯтоҳӣ кардам ва  (эй дареғо) аз масхаракунандагон будам».

57. Ё бигӯяд: «Албатта, агар Худо маро ҳидоят карда буд, ман аз парҳезгорон мебудам».

58. Ё чун азобро бубинад, бигӯяд: «Албатта, агар бори дигар ба дунё бозмегардидам, аз накӯкорон мешудам!»

59. Оре, оёти ман барои ту нозил шуд ва ту гарданкашӣ кардӣ ва аз кофирон будӣ.

60. Дар рӯзи қиёмат касонеро, ки ба Худо дурӯғ бастаанд, мебинӣ, рӯяшон сиёҳ шудааст. Оё такаббуркунандагонро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест?

61. Худо парҳезгоронро ба сабаби роҳи наҷотёбӣ, ки дар пеш гирифта буданд, мераҳонад. Ба онҳо ҳеҷ бадӣ нарасад ва аз андӯҳ ба дур бошанд.

62.  Худо офаридгори ҳар чизест ва ӯст нигаҳбони ҳар чизе.

63.  Калидҳои осмонҳову замин назди ӯст ва онҳо, ки ба оёти Худо кофир шудаанд, зиёндидагон ҳастанд.

64. Бигӯ: «Эй нодонон, оё маро фармон медиҳед, ки ғайр аз Худоро бипарастам?».

65. ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, аъмолатон ночиз гардад ва худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд.

66. Балки Худоро бипараст ва сипосгузори ӯ бош!

67. Худоро нашинохтанд, он чунонки шоёни шинохти ӯст. Ва дар рӯзи қиёмат замин як ҷо дар қабзаи ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар яди рости  қудрати ӯ. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики ӯ мепиндоранд.

68. Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст,  ҷуз онҳо, ки ӯ бихоҳад, беҳуш мешаванд. Ва бори дигар дар он дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд.

69. Ва замин ба нури Парвардигораш равшан шавад ва номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе ситаме наравад.

70. Подоши ҳар кас баробари кирдораш ба тамомӣ адо шавад, дар ҳоле, ки Худо ба корҳое, ки мекардаанд, огоҳтар аст.

71. Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам  биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушуда шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «Оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Мегӯянд: «Бале». Вале бар кофирон азоб муҳаққақ  шуда буд.

72. Гуфта шавад: «Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест!

73. Ва ононро, ки  аз Парвардигорашон тарсиданд гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд.  Чун ба биҳишт бирасанд дарҳояш кушуда шавад. Ва дарбонҳои биҳишт гӯяндашон: «Салом  бар шумо, биҳиштатон хуш бод, ба дарун биёед, ҳамеша дар ин ҷо хоҳед буд!

74. Мегӯянд: «Сипос Худоеро, ки ҳар ваъда, ки ба мо дод, рост буд. Он заминро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Амалкунандагонро чӣ музди некӯест!

75. Ва (эй Муҳаммад) фариштагонро мебинӣ, ки гирди арши Худо ҳалқа задаанд ва ба ситоиши Парвардигорашон (аз рӯйи талаззуз на таъаббуд) тасбеҳ мегӯянд. Миёни онҳо (бандагон)  ба дурустӣ доварӣ гардад  (ва аслан ба онҳо ҳеҷ гуна ситаме нашавад) ва (дар ивази адолат ва қазои Худо аз сӯйи ҳама ҳастӣ) гуфта шавад2, ки ситоиш аз они Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!

Мы в социальных сетях