41 Сураи Фуссилат
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Ҳо, мим.
2.Китобест, ки аз ҷониби он бахшояндаи меҳрубон нозил шудааст.
3.Китобест, ки оятҳояш ба тафсилу фаҳмо баён шуда, Қуръонест ба забони арабӣ барои мардуме, ки медонанд.
4.Ҳам муждадиҳанда аст ва ҳам бимдиҳанда. Бештарашон аз он эъроз кардаанд (рӯй гардонидаанд) ва онҳо намешунаванд.
5.Гуфтаанд: «Дилҳои мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар парда аст ва гӯшҳоямон вазнин аст ва миёни мову ту ҳиҷобест. Ту ба кори худ пардоз ва мо низ ба кори худ мепардозем».
6.Бигӯ: «Ман инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй шуда, ки худоятон, Худоест якто. Пас, ба ӯ рӯй оваред ва аз ӯ омурзиш бихоҳед. Ва вой, бар ҳоли мушрикон:
7.онҳое, ки закот намедиҳанд ва ба охират имон надоранд.
8.Ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, барояшон подошест (мукофотест) тамомношуданӣ».
9.Бигӯ: «Оё ба зоте, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, кофир мешавед ва барои ӯ шарикҳо қарор медиҳед? ӯст Парвардигори ҷаҳониён!
10.Бар болои замин кӯҳҳо падид овард ва ононро пурбаракат сохт ва ризқи ҳамаро дар чаҳор рӯз, яксон барои ҳамаи пурсандагон (ризқталабон) муъайян кард.
11.Сипас ба осмон пардохт2 ва он дудмонанд буд. Пас, ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем».
12.Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рӯз офарид. Ва ба ҳар осмоне фармони лозимаашро ваҳй кард. ва осмони дунёро ба чароғҳое биёростем ва ҳифзаш кардем. Ин аст тадбири (Худои) ғолибу доно».
13.Пас, агар рӯй гардонанд, бигӯ: «Шуморо аз раъду барқе монанди раъду барқе, ки бар Оду Самуд фурӯд омад, метарсонам.
14.Он гоҳ ки расулони пеш ва баъди онҳо наздашон омаданд ва гуфтанд, ки ҷуз Худои барҳақро мапарастед, гуфтанд: «Агар Парвардигори мо мехост, ҳаройна, фариштагонеро аз осмон нозил мекард. Мо ба он чӣ шумо ба он фиристода шудаед, имон намеёварем».
15.Аммо қавми Од ба ноҳақ дар рӯи замин гарданкашӣ карданд ва гуфтанд: «Чӣ касе аз мо нерӯмандтар аст?» Оё намедиданд, ки албатта, Худое, ки онҳоро офаридааст, аз онҳо нерӯмандтар аст ва оёти Моро инкор мекарданд?
16.Мо низ боде сахту ғуррон дар рӯзҳое шум бар сарашон фиристодем, то дар дунё азоби хориро ба онҳо бичашонем. Ва албатта, азоби охират хоркунандатар аст ва касе ба ёриашон барнахезад!
17.Аммо қавми Самудро ҳидояташон кардем. Ва онҳо кӯриро аз ҳидоят бештар дӯст медоштанд, то он ки ба хотири аъмоле, ки мекарданд, оташаки азоби хоркунанда онҳоро фурӯ гирифт.
18.Ва Мо касонеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем.
19.Ва рӯзе, ки душманони Худоро гирд оваранд ва ба саф биронандашон,
20.чун ба канори оташ оянд, гӯшу чашмҳо ва пӯстҳояшон ба аъмоле, ки кардаанд, бар зиддашон шаҳодат диҳанд.
21.Ба пӯстҳои худ гӯянд: «Чаро бар зидди мо шаҳодат додед?». гӯянд: «Он Худое, ки ҳар чизеро ба сухан меоварад ва шуморо нахустин бор биёфарид ва ба ӯ бозгашт мекунед, моро ба сухан овардааст».
22.Аз ин ки гӯшу чашмҳо ва пӯстҳоятон ба зиёни шумо шаҳодат медиҳанд, чизе ниҳон намедоштед (зеро ба қиёмат бовар надоштед), балки мепиндоштед, ки Худо бар бисёре аз корҳое, ки мекунед, огоҳ нест.
23.Ва ин буд гумоне, ки ба Парвардигоратон доштед (гумони ботил). Ҳалокатон кард ва дар шумори зиёнкардагон даромадед.
24.Пас, агар сабр варзанд, ҷойгоҳашон дар оташ аст ва агар ҳам толиби афв шаванд, касе онҳоро афв накунад.
25.Ва барояшон (мушрикон) ҳамдамоне муқаррар кардем (аз шаётин) ва онон (аъмоли зишти) ҳолу ояндаро дар назарашон биёростанд. Ва бар онҳо низ ҳамонанди пешиниёнашон аз ҷинну инс, азоб муқаррар шуд. Зеро зиёнкор буданд (дар дунё).
26.Кофирон гуфтанд: «Ба ин Қуръон гӯш мадиҳед ва сухани беҳуда ба он биёмезед, шояд пирӯз гардед!»
27.ҳаройна, кофиронро азобе сахт мечашонем ва бадтар аз он чӣ мекардаанд, ҳатман, подош медиҳем.
28.Ин аст кайфари (ҷазои) душманони Худо: оташ. Дар даруни он хонае ҳамешагӣ доранд. Ин ҷазои онҳост, зеро оёти Моро инкор мекарданд.
29.Кофирон гӯянд: «Эй Парвардигори мо, он ду танро аз ҷину инс, ки моро гумроҳ карданд, ба мо бинамоён, то пой бар сари онҳо ниҳем, то аз мо фурӯтар раванд!»
30.Бар онон, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ аст» ва пойдорӣ варзиданд, фариштагон фуруд меоянд, ки матарсед ва ғамгин мабошед, шуморо ба биҳиште, ки ба шумо ваъда додамешуд, (тавассути паёмбарон), хушхабар аст.
31.(Фариштагон мегӯянд) мо дар дунё дӯстони шумо будем ва низ дар охират дӯстони шумоем. Дар биҳишт ҳар чӣ дилатон бихоҳад ва ҳар чӣ талаб кунед, бароятон фароҳам аст.
32.Меҳмоннавозист аз ҷониби Худои омурзандаи меҳрубон.
33.Чӣ касеро сухан некӯтар аз сухани он, ки ба сӯи Худо даъват мекунад ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам?
34.Хубиву бадӣ баробар нестанд. Ҳамеша ба некӯтарин тарзе посух деҳ, то касе, ки миёни туву ӯ душманӣ аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад.
35.Бархурдор нашаванд аз ин магар касоне, ки босабр бошанд ва касоне, ки соҳиби насиби бузурганд (имон ва парҳезгорӣ).
36.Ва агар аз ҷониби шайтон гирифтори васвасае гардӣ, ба Худо паноҳ бибар, ки албатта, ӯ шунавову доност!
37.Ва аз нишонаҳои қудрати ӯ шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед. Ба Худои барҳақ, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар хос ӯро мепарастед!
38.Агар онон такаббур меварзанд (мушрикон), онҳо, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд (фариштагони муқарраб), бе он ки малул шаванд, шабу рӯз тасбеҳи ӯ мегӯянд.
39.Ва аз оёти қудрати ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ.Чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад. Он зоте, ки онро зинда мекунад, албатта, зиндакунандаи мурдагон аст ва ҳаройна, ӯ бар ҳар чизе тавоност!
40.Касоне, ки дар оёти Мо роҳи ботил пеш мегирад, бар Мо пӯшида нестанд. Оё он ки ба оташ афканда мешавад, беҳтар аст ё он ки рӯзи қиёмат бе ҳеҷ ваҳшате меояд? Ҳар чӣ мехоҳед бикунед, ҳаройна, ӯ ба корҳоятон биност!
41. онон, ки ба Қуръон, ки барои ҳидояташон омадааст, имон намеоваранд (бар мо пӯшида намемонанд ва ба сазои хеш расанд), ҳол он ки китобе арҷманд аст.
42.На аз пеши рӯй ботил ба ӯ роҳ ёбад ва на аз пас. Нозилшуда аз ҷониби Худованде ҳакиму сутуданист.
43.Ҳар чӣ дар бораи ту мегӯянд, дар бораи паёмбарони пеш аз ту низ гуфтаанд. Албатта, Парвардигори ту ҳам омурзанда аст ва ҳам соҳиби уқубатест дардовар!
44.агар Қуръонро ба забони Аҷам мефиристодем, ҳаройна, мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе бо забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ: « Ин китоб барои онҳое, ки имон оварданд ҳидоят ва шифо аст. Ва касоне, ки имон намеоранд (ин қуръон) вазнинии гӯшҳояшон ва кӯрии чашмонашон аст (яъне, мояи шақоват ва бадбахтии онҳост), чунонанд, ки гӯӣ онҳоро аз ҷое дур нидо медиҳанд.
45.ҳаройна, Мӯсоро китоб додем, аммо дар он ихтилоф карда шуд. Ва агар набуд он сухане, ки Парвардигорат аз пеш гуфта буд, ҳаройна, миёнашон кор ба поён меомад. Ва, албатта, ҳанӯз ба сахтӣ дар шубҳаанд.
46.Ҳар кас, ки коре шоиста кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад, ба зиёни ӯст. Ва Парвардигори ту ба бандагон ситам раво намедорад.
47.Илми (вуқӯъи) қиёмат назди Худо аст (яъне, соати барпошавии қиёматро танҳо Худо медонад). Ва ҳеҷ мевае аз ғилофи хеш берун намеояд ва ҳеҷ модае ҳомила намешаваду намезояд, магар он ки ӯ ба он огоҳ аст. Ва он рӯз, ки онҳоро (мушриконро) нидо диҳад, ки шарикони Ман куҷоянд? Гӯянд: «Огоҳат кардем, ки касе аз мо ба ширк гувоҳӣ намедиҳад!
48.Ва он чиро пеш аз ин ба худоӣ мехонданд, аз даст доданд ва донистанд, ки роҳи гурузе надоранд.
49.Одамӣ ҳар чӣ талаби хайр кунад, хаста намешавад, аммо чун бадӣ ба ӯ бирасад, бадандешу навмед мегардад.
50.Агар пас аз ранҷе, ки ба ӯ расида, раҳмате ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва напиндорам, ки қиёмате барпо шавад. Ва агар ҳам маро назди Парвардигорам баргардонанд, албатта, ки назди ӯ ҳолате хуштар бошад». Пас, ҳатман, кофиронро ба аъмоле, ки кардаанд, огоҳ мекунем ва ба онҳо азобе сахт мечашонем.
51.Чун ба одамӣ неъмате арзонӣ дорем, рӯйгардон мешавад ва ба такаббур гардан боло мекунад. Ва агар ба ӯ шарре бирасад, бисёр фарёду фиғон мекунад.
52.Бигӯ: «Чӣ мепиндоред?» Агар ин китоб аз ҷониби Худост ва шумо ба он имон намеоваред, гумроҳтар аз касе, ки ҳамчунон роҳи мухолифат дар пеш гирифтааст, кист?
53.Ба зудӣ, оёти қудрати Худро дар атрофи олам ва дар вуҷуди худашон ба онҳо нишон хоҳем дод, то барояшон ошкор шавад, ки ҳаройна, ӯ ҳақ аст. Оё ин ки Парвардигори ту ҳаройна, дар ҳама ҷо ҳозир аст, кофӣ нест?
54.Баҳуш (огоҳ) бош, ки ҳаройна, онҳо аз дидори Парвардигорашон дар шубҳаанд. Баҳуш бош, ки ӯ ҳаройна, бар ҳар чизе иҳота дорад.