53 Сураи НАҶМ (Ситора)

Назад

53 Сураи НАҶМ (ситора)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Қасам ба он ситора, ки чун пинҳон шуд,

2.ки ёри шумо2 на  гумроҳ шуда ва на ба роҳи каҷ рафтааст.

3.Ва сухан аз рӯи ҳавою ҳавас намегӯяд.

4. Нест ин сухан ҷуз он чӣ ба ӯ ваҳй мешавад.

5.ӯро он фариштаи нерӯманд таълим додааст,

6.соҳибнерӯе, ки рост истод

7. ва ӯ ба канораи баландии осмон буд,

8.сипас наздик шуд ва бисёр наздик шуд

9.то ба қадри ду камон  ё наздиктар.

10. Ва Худо ба бандаи худ ҳар чӣ бояд ваҳй кунад, ваҳй кард.

11.Дил он чиро, ки дид дурӯғ нашумурд.

12.Оё дар он чӣ мебинад, бо ӯ (Паёмбар) ҷидол мекунед?

13.ӯро (ҷабраилро) дигарбор ҳам бидид (дар шаби меъроҷ)

14.назди сидрату-л-мунтаҳо3,

15.ки ҷаннату-л-маъво назди он қарор дорад.

16.Вақте ки сидраро чизе (нурҳои файзи илоҳӣ) дар худ мепӯшид,

17. чашм хато накард ва ҳад дарнагузашт.

18.Албатта, порае аз оёти бузурги Парвардигорашро бидид.

19.Оё  Лот ва Узоро дидаед?

20. Ва манот, он бути саввуми дигарро?

21.Оё шуморо писар бошад ва ӯро4 духтар?

22.Ин тақсимест хилофи адолат.

23. Инҳо чизе нестанд ҷуз номҳое, ки худ ва падаронатон ба онҳо додаед. Ва Худованд ҳеҷ далеле бар онҳо нафиристодааст. Танҳо аз паи гумону нафси хеш мераванд ва ҳоло он ки аз ҷониби Худо роҳнамоияшон кардаанд (паёмбарон).

24.Оё ҳар чӣ одамӣ орзу кунад, барояш ҳосил аст.

25.Ҳам охират ва ҳам дунё аз они Худост.

26.Ва чӣ бисёр фариштагон дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ суде надиҳад, магар аз он пас, ки Худо барои ҳар кӣ хоҳад, рухсат диҳад ва хушнуд бошад.

27.Ҳаройна, онон, ки ба охират имон надоранд, албатта, фариштагонро ба номҳои занон меноманд,

28. инҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз пиндорӣ худ пайравӣ мекунанд ва ҳаройна, гумон барои шинохти ҳақиқат нест!

29.Пас, ту низ аз касе, ки аз сухани  Мо рӯй мегардонад  ва ҷуз зиндагии дунявиро намеҷӯяд, рӯй гардон.

30. Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Ҳаройна, Парвардигори ту ба он ки аз роҳи ӯ гумроҳ мешавад оё ба роҳи ҳидоят меафтад, донотар аст.

31.Аз они Худост  ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то бадкоронро дар баробари аъмолашон ҷазо диҳад ва некӯкоронро ба кирдори некашон подош диҳад.

32. Касоне, ки аз гуноҳони бузургу зиштиҳо парҳез мекунанд, ҷуз он ки гуноҳе хурд аз онҳо сар занад,  бидонанд, ки ҳаройна, омурзиши Парвардигори ту васеъ аст ва ӯ ба шумо он гоҳ ки аз замин  биёфаридатон ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Хештанро бегуноҳ надонед. ӯст, ки  парҳезгорро беҳтар мешиносад!

33. Оё онро,  ки аз ту рӯй гардонид, дидӣ?

34. Андак мебахшид ва дар харҷ бухл меварзид.

35. Оё илми ғайб дораду мебинад?

36. Ё аз он чӣ дар саҳифаҳои Мӯсо омада, бехабар мондааст,

37. ё аз Иброҳим, ки ҳаққи  паёмбариро адо кард,

38. ки ҳеҷ кас бори гуноҳи  дигареро барнадорад?

39. Ва ин ки: барои мардум подоше ҷуз  он чӣ худ кардаанд, нест?

40.Ва ба зудӣ, ки кӯшиши ӯ дар  назар ояд.

41. Сипас ба ӯ подоше тамом диҳанд.

42. Ва ҳаройна, поёни роҳи ҳама ба сӯйи Парвардигори туст.

43. Ва ҳаройна, ӯст, ки механдонаду мегирёнад.

44. Ва ҳаройна, ӯст, ки мемиронаду зинда мекунад.

45.Ва ҳаройна, ӯст, ки  ҷуфтҳои нару модаро офаридааст,

46.аз нутфа, он гоҳ ки дар раҳм (бачадони зан) рехта мешавад.

47.Ва ҳаройна, бар Худованд аст, ки онро бори дигар зинда мекунад.

48.Ва ҳаройна, ӯст, ки тавонгар кунад ва рӯзӣ диҳад.

49.Ва ҳаройна, ӯст Парвардигори  ситораи Шиъро5.

50.Ва ҳаройна, ӯст, ки Од, он қавми пешинро ҳалок кард

51.ва аз Самуд ҳеҷ боқӣ нагузошт.

52.Ва пеш аз онҳо қавми Нӯҳро, ки ҳаройна, ситамкортару саркаштар буданд (ҳалок кард)

53. ва низ Мӯътафикаро6 нобуд кард.

54. Ва фурӯ пӯшид он қавмро, ҳар чӣ бояд фурӯ пӯшад (сангборон кард).

55. Пас, ба кадом як аз неъматҳои Парвардигорат шак мекунӣ?

56. Ин (паёмбар) бимдиҳандаест монанди бимдиҳандагони пешин.

57. Қиёмат фаро  расид.

58. Кас ҷуз Худованд ошкораш накунад.

59. Оё аз ин сухан дар ҳайрат афтодаед?

60. Ва механдеду гиря намекунед?

61. Ва шумо ғофил шудаед.

62. Пас, Худоро саҷда кунед ва ӯро бипарастед!7

Мы в социальных сетях