Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Қиёмат наздик шуд ва моҳ пора гардид2.
2.Ва агар мӯъҷизае бубинанд, рӯй бигардонанд ва гӯянд: «Ҷодуе бузург аст!»
3. Ва дурӯғ мепиндоранд ва аз паи ҳавою ҳавасҳои хеш мераванд. Ва ҳар кореро ҳадафест.
4.Ва барояшон хабарҳое омадааст, ки аз гуноҳашон бозмедорад.
5.Ҳикматест тамом. Вале бимдиҳандагон судашон надиҳанд.
6.Пас, дар он рӯз, ки он даъваткунанда (Исрофил) ононро ба чизе нохуш фаро мехонад, аз онҳо рӯй гардон.
7.Нишони зиллат (хорӣ) дар чашмонашон ошкор аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд.
8.Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда (Исрофил) мешитобанд. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯзи душворест!»
9. Пеш аз инҳо қавми Нӯҳ дурӯғ шуморида буданд. Бандаи Моро дурӯғгӯ шуморида, гуфтанд: «Девона аст!» «Ва бо дашномаш ронданд.
10.Ва Парвардигорашро хонд: «ҳаройна, ман мағлуб шудаам интиқом бигир!»
11.Ва мо низ дарҳои осмонро барои обе, ки ба шиддат мерехт, кушодем.
12.Ва аз замин чашмаҳо шикофтем, то об ба он миқдор, ки андоза шуда буд, гирд омад.
13.Ва ӯро бар он киштӣ, ки тахтаҳову мехҳо дошт, савор кардем.
14.Зери назари Мо равон шуд. Ин буд ҷазои касоне, ки куфр варзиданд.
15.Ва албатта, он киштиро нишонае сохтем. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст?
16. Пас, азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
17.Ва ин Қуръонро осон кардем то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
18.Қавми Од такзиб карданд. Пас, азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
19.ҳаройна, Мо бар онҳо дар рӯзе наҳсу тӯлонӣ боде сахт фиристодем,
20.ки мардумонро аз замин монанди решаҳои аз ҷой кандаи нахл,
бармеканад.
21.Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
22.Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
23.Қавми Самуд бимдиҳандагонро дурӯғгӯ бароварданд.
24.Гуфтанд: «Агар аз инсоне монанди худ пайравӣ кунем, ҳаройна, гумроҳу девона бошем!
25.Оё аз миёни ҳамаи мо каломи Худо ба ӯ нозил шудааст? Балки, ӯ дурӯғгӯе худхоҳ аст».
26.Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯйи худхоҳ кист!
27.ҳаройна, Мо он модашутурро барои озмоишашон мефиристем. Пас, мунтазирашон бош ва сабр кун!
28. Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёнашон тақсим шуда. Навбати ҳар кӣ бошад, ӯ ба сари об меравад.
29.Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту онро бикушт.
30.Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
31. ҳаройна, Мо бар онҳо як наъраи даҳшатнок фиристодем. Пас, монанди он алафҳои хушки оғили гӯсфанд шуданд.
32. Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
33.Қавми Лут бимдиҳандагонро дурӯғгӯ бароварданд.
34.ҳаройна, Мо бар онҳо боде регбор фиристодем, ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ раҳонидем.
35.Неъмате буд аз ҷониби Мо ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин подош диҳем.
36.Аз интиқоми сахти Мо тарсонидашон (Лут), вале бо бимдиҳандагон ба ҷидол бархостанд.
37.Аз меҳмони ӯ коре зишт хостанд. Мо низ чашмонашонро кӯр гардонидем. Пас, бичашед азобу бим доданҳои Маро!
38.Албатта, бомдодон азобе пойдор ба суроғашон омад.
39. Пас, азоби Ман ва бимдоданҳои Маро бичашед!
40.Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
41.Бимдиҳандагон назди хонадони Фиръавн омаданд.
42.Ҳамаи оёти Моро дурӯғ шумориданд. Мо низ онҳоро фурӯ гирифтем, чун фурӯ гирифтани пирӯзманде пурқудрат.
43.Оё кофирони шумо аз онҳо нерӯмандтаранд ё дар китобҳо омадааст, ки дар амон ҳастед?
44.Ё мегӯянд, ки мо ҳамагӣ ба интиқом бармехезем?
45.Ба зудӣ он ҷамъ шикаст хӯрда ва пушт гардонда боз гарданд.
46.Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва (азоби) қиёмат сахттару талхтар аст.
47.ҳаройна, гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷунунанд.
48.Рӯзе, ки онҳоро ба чеҳраҳояшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (дӯзахро)!
49.ҳаройна, Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем!
50.Фармони Мо танҳо як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам заданест3.
51.Касоне, ки монанди шумо буданд, албатта, ҳалок кардем. Оё пандгирандае ҳаст?
52.Ҳар коре, ки кардаанд, дар дафтарҳост (навишта ва сабтшуда бо дасти фариштагони маъмур).
53.Ҳар кори бузургу хурде (ки дар дунё кардаанд дар дафтарҳои махсус) навишта шудааст.
54.ҳаройна, парҳезгорон дар боғҳову канори ҷӯйборони биҳишт қарор доранд.
55.дар ҷойгоҳе писандида (ки ёвагӯӣ ва бадкорӣ дар он вуҷуд надорад) назди фармонравои тавоно (ки офаридгори ҳамаи коинот аст)!