65 Сураи ТАЛОҚ

Назад

65 Сураи ТАЛОҚ1

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Эй паёмбар агар занонро талоқ медиҳед, ба вақти идда2 талоқашон диҳед. Ва шумори иддаро нигаҳ доред. Ва аз Худои якто- Парвардигоратон битарсед. Ва ононро аз хонаҳояшон берун накунед: Ва аз хона берун нараванд, магар он ки ба ошкоро коре зишт кунанд. Инҳо аҳкоми Худованд аст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад,  ба худ ситам кардааст. Ту чӣ донӣ, шояд Худо аз ин пас амре тоза падид оварад.

2.Ва чун ба поёни муддат расиданд ё ба ваҷҳе некӯ нигоҳашон доред ё ба ваҷҳе некӯ аз онҳо ҷудо шавед ва ду тани  одил аз худатонро ба гувоҳӣ гиред. Ва барои Худо гувоҳиро ба ростӣ адо кунед. Ҳар киро ба Худову рӯзи қиёмат имон дорад, инчунин панд медиҳанд. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, барои ӯ, барои берун шудан (аз ҳар мушкиле) роҳе қарор хоҳад дод

3.ва аз ҷое, ки гумонашро надорад рӯзияш медиҳад. Ва ҳар кӣ ба Худо таваккул кунад, Худо ӯро кофист. ҳаройна, Худо кори худро ба иҷро мерасонад. Ва ҳар чизро андозае қарор додааст.

4.Агар дар шубҳа ҳастед аз миёни занонатон аз онҳое, ки аз ҳайз маъюс шудаанд ва онҳое, ки ҳанӯз ҳайз надидаанд, иддаашон  се моҳ аст ва иддаи занони ҳомила ҳамон вазъи ҳамл (таваллуд) аст. Ва ҳар ки аз Худо битарсад, Худо корашро осон хоҳад кард.

5.Ин фармони Худост, ки бар шумо нозил кардааст. Ва ҳар ки аз Худо битарсад, гуноҳашро аз ӯ дур  мекунад ва ӯро подоше бузург медиҳад.

6.    ҳар ҷо, ки худ сукунат ихтиёр кардед, онҳоро низ ба қадри тавоноии худ манзил диҳед. Ва ба онҳо зиён нарасонед, то дар машаққат қарорашон диҳед. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро бидиҳед,то ин ки таваллуд кунанд. Ва агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро бидиҳед ва бо тарзи некӯ бо якдигар тавофуқ кунед. Ва агар ба тавофуқ нарасидед, аз зани дигар бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад.

7.Ҳар молдоре аз моли худ нафақа диҳад ва касе, ки тангдаст бошад, аз ҳар чӣ Худо ба ӯ додааст, нафақа диҳад. Худо ҳеҷ касро ғайри он андоза, ки ба ӯ додааст, вазифадор намесозад ва ба зудӣ Худо пас аз сахтӣ осонӣ пеш орад.

8.Чӣ басо мардуми деҳае, ки аз фармони Парвардигорашон ва паёмбаронаш саркашӣ карданд. Он гоҳ Мо сахт ба ҳисобашон расидем ва ба азобе вазнин азобашон кардем.

9.Пас, уқубати амали худро чашиданд. Оқибати корашон зиёнкорӣ буд.

10. Худованд барояшон азобе сахт омода кард. Пас, эй хирадмандоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед. Худо бар шумо Қуръонро нозил кардааст.

11. Ва паёмбаре, ки  оёти равшани Худоро бароятон мехонад, то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз торикӣ ба рӯшноӣ оварад ва ҳар киро ба Худо имон оварад ва коре шоиста кунад, ба биҳиштҳое медаровард, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист, ҳамеша дар он ҷо бимонанд ва Худо рӯзияшонро неку гардонад.

12. Худост, ки ҳафт осмону монанди онҳо замин биёфарид. Фармони ӯ миёни осмонҳову замин ҷорист, то бидонед, ки ҳаройна, Худо  ба ҳар чиз қодир аст ва ҳаройна, ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад.

Мы в социальных сетях