68 Сураи Қалам

Назад

68 Сураи Қалам

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Нун, савганд ба қалам ва он чӣ менависанд,

2.ки ту ба фазли Парвардигорат девона нестӣ

3.ва ҳаройна, турост, бе шак, мукофоте поённопазир

4.ва ҳаройна,  турост хулқе азим.

5.Ба зудӣ ту мебинӣ ва онҳо низ мебинанд,

6.ки девонагӣ дар кадом яке аз шумост.

7.Албатта, Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе аз роҳи ӯ гумроҳ гашта ва ӯ ба роҳёфтагон донотар аст.

8.Пас, ба дурӯғ шуморандагон итоъат макун.

9.Дӯст доранд, ки нармӣ кунӣ, то нармӣ кунанд.

10. Аз ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр савганд мехӯрад, пайравӣ макун:

11. айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад,

12. Боздоранда аз хайр, аз ҳад гузаранда, гунаҳкор,

13. дағалмарде, ношинохтанасаб,

14. ба он ҷиҳат, ки соҳиби молу фарзанд аст.

15. Чун оёти Мо бар ӯ хонда шавад, гӯянд: «Афсонаҳои пешиниён аст»

16.Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем.

17.ҳаройна, Мо онҳоро озмудаем, чунон ки соҳибони он бӯстонҳоро озмудем. Он гоҳ, ки қасам хӯрданд, ки  фардо бомдод меваҳоро хоҳанд чид.

18.Ва иншоаллоҳ нагуфтанд.

19.Пас, шабҳангом, ки ба хоб буданд, офате аз осмон омад,

20.ва бӯстонҳо сиёҳ шуд.

21.Ва саҳаргоҳон якдигарро нидо доданд:

22.«Агар мехоҳед мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!»

23.Ба роҳ афтоданд ва оҳиста мегуфтанд:

24.ки имрӯз набояд бенавое ба бӯстони шумо дарояд.

25. Субҳгоҳон ба ин оҳанг, ки метавонанд бенаворо манъ кунанд, берун шуданд.

26.Чун бӯстонҳои худро диданд, гуфтанд: «Роҳро гум кардем.

27.Балки, мо аз ҳосил маҳрумшудаем».

28.Некмардашон гуфт: «Шуморо нагуфтам, чаро Худоро тасбеҳ намегӯед?»

29. Гуфтанд: «Пок аст Парвардигори мо, ҳаройна, мо ситамкор будаем».

30.Пас, забон ба маломати якдигар кушуданд.

31.Гуфтанд: «Вой бар мо, ҳаройна,  мо мардуме саркаш будаем,

32.бошад, ки Парвардигори мо дар иваз, чизе беҳтар аз он моро диҳад.

ҳаройна, Мо ба Парвардигори худ рӯй овардаем!»

33.Инчунин аст азоб! Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст!

34.ҳаройна, барои парҳезгорон дар назди Парвардигорашон бӯстонҳоест пурнеъмат.

35.Оё бо таслимшудагон чун ба гунаҳкорон рафтор мекунем?

36.Шуморо чӣ шудааст? Чӣ сон доварӣ мекунед?

37.Оё шуморо китобест, ки аз он мехонед?

38.Ва ба таҳқиқ, ҳар чӣ ихтиёр кунед, дар он ҳаст?

39.Ё ба Мо  паймоне, ки то рӯзи қиёмат боқӣ монад, бастаед, ки ҳаройна,  ба ҳар чӣ ҳукм кунед, ҳаққи шумо бошад?

40.Аз онҳо бипурс, кадом якашон зомини чунин паймонест?

41.Ё онҳоро шариконест? Агар рост мегӯянд, шарикони худро биёваранд.

42.Рӯзе, ки он воқеъаи азим падидор шавад (қиёмат) ва  онҳоро ба  саҷда фаро хонанд, вале натавонанд.

43.Ваҳшат дар чашмонашон пайдост, хорӣ бар  онҳо ғолиб шудааст, пеш аз ин низ онҳоро дар айни тандурустӣ ба саҷда даъват карда буданд (аммо дар дунё имтиноъ меварзиданд, акнун Худованд дар рӯзи қиёмат қудрати саҷда карданро аз онҳо мегирад, то саҷда карда натавонанд).

44.Пас, Маро бо онҳо, ки ин суханро (қуръонро) дурӯғ мебароранд, вогузор (Ман худ медонам, ки бо онҳо чи кор кунам), то андак –андак, чунон ки дарнаёбанд (огоҳ нашаванд), ба азоб гиремашон

45.ва ба онҳо мӯҳлат диҳам (ва дар азобашон шитоб нахоҳем кард). Албатта, тадбири Ман тадбири устувор аст (ва касе аз он раҳоӣ надорад).

46.Ё аз онон музде талабидаӣ (дар ивази таблиғи рисолат) ва акнун аз адои он дар ранҷанд?

47.Ё илми ғайб медонанд ва (он чиро, ки мегӯянд) онҳоянд, ки менависанд?

48.Дар баробари фармони Парвардигорат собир  (ва дар кори таблиғ муқовим ва устувор) бош ва чун соҳиби моҳӣ2 мабош, ки бо диле  пурандӯҳ нидо баровард.

49.Агар неъмати Парвардигораш набуд, дар айни бадҳолӣ ба саҳрое беобу гиёҳ меафтод.

50.Пас, Парвардигораш ӯро ихтиёр кард  ва дар зумраи солеҳонаш даровард3.

51.Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки туро бо чашмони худ билағжонанд4 ва мегӯянд, ки ӯ девона аст

52.ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён фақат панде аст!

Мы в социальных сетях