72 Сураи Ҷин

Назад

72 Сураи  Ҷин

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷин гӯш фаро доданду гуфтанд, ки мо, ҳаройна,  Қуръоне аҷиб шунидем.

2.Ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз  касеро шарики  Парвардигорамон намесозем.

3. Ва албатта, азамати  Парвардигори мо олист. На ҳамсаре  гирад ва  на фарзанде дорад.

4.Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба ноҳақ мегуфт.

5. Ва мо, ҳаройна, мепиндоштем, одаму ҷин дар бораи Худо, ҳаргиз, дурӯғ намегӯянд.

6.Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва бар саркашиашон меафзуданд.

7.Ҳамчунон, ки шумо мепиндоштед, онҳо ҳам мепиндоштанд, ки Худо, ҳаргиз, ҳеҷ касро дубора зинда намесозад.

8.Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигаҳбонони қудратманду шиҳобҳо (ситорагон) ёфтем.

9.Ва мо, ҳаройна, дар ин ҷойҳо, ки метавон гӯш фаро дод, менишастем. Аммо ҳар кӣ акнун барои гӯш кардан  (гӯш додани малоикаҳо) нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад.

10.Ва мо намедонем, ки оё барои касоне, ки ба рӯйи замин ҳастанд, бадӣ муқаддар мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад?

11. Баъзе аз мо солеҳанд ва баъзе ҷуз он ва мо фирқаҳое гуногунем.

12.Мо медонем, ки Худоро дар замин ҳаргиз оҷиз натавонем кард ва, ҳаргиз, бо гурехтан низ нотавонаш насозем.

13.Ва чун сухани ҳидоят шунидем, ба он имон овардем. Ва ҳар кӣ ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон метарсад ва на аз ситам.

14.Ва ҳаройна, баъзе аз мо (ҷинниён) мусалмононанд ва баъзе аз ҳақ дур. Ва онон, ки ислом овардаанд, дар ҷустуҷӯи роҳи рост будаанд.

15.Аммо онон, ки аз ҳақ дуранд, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд».

16.Ва агар (одамиёну париён)  бар тариқаи рост (яктопарастӣ ва тоъати Худо) пойдорӣ кунанд, ҳаройна, аз обе фаровон серобашон кунем,

17.то онҳоро биёзмоем дар он (неъмати фаровон). Ва ҳар кӣ аз  зикри Парвардигораш рӯй гардонад, ӯро ба азобе сахт дарандозанд.

18.Ва ҳаройна, масҷидҳо аз они Худост. Ва бо вуҷуди Худои барҳақ  касеро ба худоӣ нахонед.

19.Чун бандаи Худо (Муҳаммад) барои парастиши ӯ бар пой истод, гирди ӯро гирифтанд (ҷинҳо).

20.Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамонро мехонам ва ҳеҷ касро шарики ӯ намесозам».

21.Бигӯ: «Албатта, ман наметавонам бар шумо зиёне бирасонам ё шуморо ба салоҳ оварам».

22.Бигӯ: «Ҳеҷ кас маро, ҳаргиз, аз уқубати Худо паноҳ надиҳад ва ман ҷуз ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбам,

23.он чӣ метавонам ҷуз расондани пайёми ӯ ва анҷом додани рисолатҳои ӯ нест. Ва ҳар ки Худову паёмбарашро нофармонӣ кунад, пас, насиби ӯ, ҳаройна, оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд,

24.То он гоҳ ки он чиро ба онҳо ваъда дода буданд, бингаранд. Пас, хоҳанд донист, чӣ касонеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст».

25.(Эй паёмбар, ба кофирон) Бигӯ: «Ман намедонам, ки оё он ваъдае, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне ниҳодааст?

26.ӯ донои ғайб аст ва ғайби Худро бар ҳеҷ кас ошкор намесозад,

27. магар бар он паёмбаре, ки аз ӯ хушнуд бошад, зеро ки барои нигаҳбонӣ аз ӯ, пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне қарор медиҳад,

28.то бидонад, ки онҳо паёмҳои Парвардигорашонро расонидаанд ва Худо ба он чӣ дар назди онҳост, иҳота дорад ва ҳама чизро  ба адад шумор кардааст.

Мы в социальных сетях