Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Вой бар камфурӯшон,
2.онон, ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро ба пуррагӣ мегиранд
3. ва чун барои мардум (паймона) мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд
4.Оё инҳо намедонанд, ки ҳаройна, онҳо зинда мешаванд
5.дар он рӯзи бузург?
6.Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд.
7. На чунин аст (ки мепиндоранд), ҳаройна, аъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин аст.
8.Ту чӣ медонӣ, ки сиҷҷин чист?
9.Китобест навишта!
10.Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғшуморандагон),
11.онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!
12.Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гунаҳкор дурӯғ меҳисобад.
13.Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!»
14.На чунин аст (ки мепиндоранд), балки ба сабаби корҳое, ки карда буданд, дилҳояшон занг бастааст.
15.На чунин аст (ки мепиндоранд), ҳаройна, онҳо дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд.
16.Пас, онҳо ба ҷаҳаннам дароянд.
17.Ва онҳоро гӯянд: « Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»
18.На чунин аст(ки мепиндоранд), ҳаройна, аъмоли некон дар иллийин мактуб аст.
19.Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист?
20.Китобест навишташуда!
21.Ки муқаррабони Худо онро мушоҳида мекунанд.
22.Албатта, некон дар неъматанд,
23.бар тахтҳо нишаста ва наззора мекунанд.
24.Бар чеҳраашон таровати неъматро мешиносӣ.
25.Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд.
26.Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастикунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ мекунанд.
27.Омезаи он тасним аст,
28.чашмаест, ки муқаррабони (наздикони) даргоҳи Худо аз он меошоманд.
29.Ҳаройна, гунаҳкорон бар мӯъминон (дар дунё) механдиданд.
30.Ва чун бар онҳо мегузаштанд, бо чашму абрӯ ишора (масхара) мекарданд
31.ва чун назди касонашон (аҳлашон) бозмегаштанд, шодмона бозмегаштанд.
32.Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо, ҳаройна, гумроҳонанд.
33.Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати аъмоли мӯъминон нафиристода буданд.
34.Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд,
35.бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд.
36.Оё кофирон баробари аъмолашон ҷазо ёфтаанд?