96 Сураи АЛАҚ (Хунлахта)

Назад

96 Сураи АЛАҚ1 (хунлахта)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҳамаи ҷаҳонро) биёфарид,

2.Одамиро аз лахтаи хуне биёфарид.

3.Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.

4.Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод,

5.Ба одамӣ он чиро, ки намедонист, биёмӯхт.

6.На чунин аст (ки мепиндоред), ҳаққо, ки одамӣ нофармонӣ мекунад,

7.ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад.

8.ҳаройна, бозгашт ба сӯи Парвардигори туст.

9.Оё дидаӣ он касро, ки манъ мекунад,

10.бандаеро ки намоз мехонад?

11.Чӣ мебинӣ, агар он мард бар тариқи ҳидоят бошад?

12.Ё ба парҳезгорӣ фармон диҳад?

13.Чӣ мебинӣ, агар дурӯғ шуморад ва рӯй гардонад?

14.Оё надонистааст, ки Худо мебинад?

15.На чунин аст (ки мепиндоред), ҳаққо, ки агар боз наистад, аз мӯйи пешониаш мегирему  мекашем,

16.мӯйи пешонии дурӯғгӯи хатокорро.

17.Пас, ҳамдамони худро даъват кунад.

18.Мо низ коргузорони дӯзахро даъват мекунем!

19.На, ҳаргиз, аз ӯ пайравӣ макун ва саҷда куну ба Худо наздик шав!

Мы в социальных сетях