99 Сураи ЗИЛЗОЛ (Ларзиш)

Назад

99 Сураи ЗИЛЗоЛ1 (ларзиш)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Он гоҳ замин ларзонда шавад ба сахтарин  ларзаҳояш

2.ва замин борҳои вазнинашро берун резад

3.ва одамӣ бигӯяд, ки заминро чӣ расидааст?

4.Дар ин рӯз замин хабарҳои хешро ҳикоят мекунад,

5.аз он чӣ Парвардигорат ба ӯ ваҳй кардааст.

6.Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то аъмолашонро ба онҳо (Худо) бинамоёнад.

7.Пас, ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад

8.Ва ҳар кас  ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад.

Мы в социальных сетях