104 Сураи ҲУМАЗА (Айбҷӯ)

Назад

104 Сураи ҲУМАЗА1 (айбҷӯ)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Вой бар ғайбаткунандаи айбҷӯе,

2.он ки моле ҷамъ кард ва ҳисоби он нигаҳ дошт.

3.Мепиндорад, ки дороияш ҷовидонаш гардонад.

4.На  чунин аст, ки албатта, ӯро дар  ҳутамаҳ  андозанд.

5.Ва ҳаройна, ту чӣ донӣ, ки ҳутамаҳ чист?

6.Оташи афрӯхтаи Худост,

7.ки бар дилҳо ғалаба меёбад.

8.Ва ҳаройна, аз ҳар сӯ (оташ) дар миёнашон гирифтааст,

9.дар (ҳоле, ки онҳо ба) сутунҳои дарози оташин баста мешаванд.

1. Номи ин сура аз нахустин ояти он гирифта шуда, дар Макка нозил шудааст ва нуҳ оят дорад.

Мы в социальных сетях