105 Сураи ФИЛ

Назад

105 Сураи ФИЛ

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Оё надидаӣ, ки Парвардигорат бо асҳоби фил2 чӣ кард?

2.Оё макрашонро ботил насохт?

3.Ва бар сари онҳо паррандагоне села-села фиристод,

4.То онҳоро бо сиҷҷил3 сангборон карданд.

5.Ва ононро чун коҳи пасмондаи дар охур сохт.

 

1. Номи ин сура аз нахустин ояти он гирифта шуда, дар Макка нозил шудааст ва панҷ оят дорад.

2. Сипоҳи Абраҳа аст. Абраҳа, подшоҳи Ҳабаша ба қасди вайрон кардани каъба  ба Макка омад. ҳамроҳи сипоҳи ӯ филҳое ё филе буд. Солеро, ки ин ҳодиса иттифоқ афтод, «ъому-л-фил» (соли фил) хонанд ва он сол мабдаи таърих шуд.

3. Муъарраби калимаҳои форсии сангу гил, кулӯх ё гиле, ки дар он резаҳои санг бошад.

Мы в социальных сетях