111 Сураи ЛАҲАБ (Оташ)

Назад

111 Сураи ЛАҳАБ (оташ)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Дастҳои Абулаҳаб (киноя аз худи ӯст)2 ҳалок  бод ва ҳалок  бод Абулаҳаб.

2.Дороӣ  ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ҳолаш суд накард.

3.Ба зудӣ ба оташе шӯълавар дарафтад

4.ва занаш низ дарояд (ҳамроҳи ӯ), ки ҳезумкаш аст (яъне, суханчин аст)

5.ва бар гардан ресмоне аз лифи (пӯсти) хурмо дорад (яъне, ба хаффа кардан азоб карда шавад).

 

1.  Номи дигари ин сура «Ал-масад» аст. Номи он аз ояи саввум гирифта шуда, «масад» ба маънии лифи хурмо дар ояти панҷуми он омадааст. Дар Макка нозил шуда ва панҷ оят дорад.

2.  Абулаҳаб, кунияи Абдулуъзо- амаки Паёмбар   аст. Ва зани ӯ дар озурдани Расули Худо   сахт мекӯшид.

Мы в социальных сетях