74 Сураи МУДДАССИР (Ҷомадарсаркашида)

Назад

74 Сураи МУДДАССИР (ҷомадарсаркашида)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Эй ҷома дар сар кашида,

2.бархезу бим деҳ!

3.Ва Парвардигоратро такбир гӯй!

4.Ва ҷомаатро покиза дор!

5.Ва аз палидӣ, дурӣ ҷӯй!

6.Ва чизе мадеҳ, ки беш аз он чашм дошта бошӣ (базл ва бахшиш барои зиёдталабӣ макун).

7.Барои (ҳукми) Парвардигорат собир бош!

8.Ва он гоҳ ки дар сур дамида шавад,

9.он рӯз, рӯзе сахт хоҳад буд.

10. Ва барои кофирон душвор.

11. Маро бо он ки танҳояш офаридаам, вогузор2.

12. ӯро моле бисёре додам.

13. Ва писароне ҳама дар назди ӯ ҳозир

14. Ва (васоили зиндагиро)аз ҳар ҷиҳат барои ӯ фароҳам сохтаам.

15. Он гоҳ тамаъ мебандад, ки (бар неъматаш) биафзоям.

16. Ҳаргиз,  ки ҳаройна, ӯ дар баробари оёти Мо ситеза ҷӯст.

17. ӯро ба машаққате меандозам.

18.Ҳаройна, ӯ андешид ва тарҳе афканд (нақшае кашид).

19.Марг бар ӯ бод, чӣ гуна тарҳе афканд?

20.Боз ҳам марг бар ӯ бод, чӣ тарҳе афканд?

21.Он гоҳ нигарист.

22.Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид.

23.Сипас рӯй гардониду гарданкашӣ кард,

24.гуфт: «Ин (Қуръон) ҷуз ҷодуе, манқул (аз пешиниён ривоят шуда), ҳеҷ нест.

25.Ин ҷуз сухани одамӣ ҳеҷ нест».

26.Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам.

27.Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гуна аст?

28.На, (чизеро) боқӣ мегузорад ва на (чизеро) раҳо месозад.

29.Сӯзонандаи пӯст аст .

30.Нуздаҳ фаришта бар он муваккаланд.

31.Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагон қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб яқин кунанд ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва аҳли китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то онон, ки дар дилҳояшон маразест, ва кофирон бигӯянд: «Худо аз ин мисол чӣ мехостааст?» Худо инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд. Ва шумори лашкари Парвардигоратро ҷуз ӯ касе надонад. Ва ин сухан ҷуз панде аз барои мардум нест.

32.Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд, савганд ба моҳ!

33.Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад (рӯй ба рафтан орад)

34.ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад,

35.ки ҳаройна, ин (дӯзах) яке аз ҳодисаҳои бузург аст.

36.Тарсонандаи одамиён аст

37.барои ҳар кас аз шумо, ки хоҳад, пеш ояд (бо амали нек) ё   бозпас монад (бо куфру нофармонӣ).

38.Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст,

39.ғайри аҳли саъодат,

40.ки дар биҳиштҳо нишастаанд ва мепурсанд,

41.аз гунаҳкорон,

42.ки чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам кашонид?

43.Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем

44.ва ба дарвешон таъом намедодем

45.ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем

46.ва рӯзи қиёматро дӯруғ мешуморидем,

47.то марги мо фаро расид».

48.Пас, шафоъати шафоаткунандагон фоидаашон набахшад3.

49.Онҳоро чӣ шудааст, ки аз панд (Қуръон) рӯй гардонанд?

50.Монанди харони рамида,

51.ки аз шер мегурезанд,

52.балки ҳар як аз онҳо мехоҳанд, ки (аз сӯйи Худо) номаҳое кушода ба ӯ дода шавад.

53. На чунин аст, ки онҳо мепиндоранд, онҳо аз охират наметарсанд.

54.На чунин аст, (ки  онҳо дар бораи Қуръон меандешанд) албатта, ки ин Қуръон пандест (агар саъодати худро бихоҳанд),

55.ҳар ки хоҳад онро бихонад (ва аз он андарз бигирад ва аз ҳидояташ суд бибарад).

56.Ва панд нагиранд, магар ин ки Худо хоҳад (ҳидояти онҳоро). ӯ шоёни он аст, ки аз ӯ битарсанд. Ва ӯ шоёни омурзидан аст!

Мы в социальных сетях