87 Сураи АЪЛО (Бартар)

Назад

87 Сураи АЪЛО  (бартар)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Номи Парвардигори бузурги хешро ба покӣ ёд кун,

2.он ки офарид ва дурустандом кард.

3.Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд.

4.Ва он чи чарогоҳҳоро рӯёнид,

5.сипас хушку сиёҳ гардонид.

6.Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ,

7.магар он чи Худо бихоҳад. ҳаройна, ӯст, ки ошкору ниҳонро медонад.

8.Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем.

9.Агар панд доданат суд кунад, панд деҳ.

10.Он кӣ метарсад, панд мепазирад.

11.Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад,

12. он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад

13.ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад.

14.Албатта, покон растагор шуданд,

15.онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд.

16. Балки, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед,

17. ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст.

18. ҳаройна, ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст,

19. саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо!

Мы в социальных сетях