2 Сураи БАҚАРА (Гов)

Назад

2 Сураи  БАҚАРА 1

(гов)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

 

1. Алиф. Лом. Мим2 .

2. Ин аст ҳамон китобе, ки дар он ҳеҷ  шакке нест. Парҳезгоронро раҳнамост:

3. онон, ки ба ғайб имон меоваранд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, инфоқ (харҷ) мекунанд.

4. ва онон, ки ба он чӣ бар ту ва бар паёмбарони пеш аз ту нозил  шудааст, имон меоваранд ва ба охират яқин доранд.

5. Онҳо аз сӯи Парвардигорашон қарини ҳидоятанд ва худ растагоронанд.

6. Кофиронро хоҳ битарсонӣ ё натарсонӣ, барояшон яксон аст, имон намеоваранд.

7. Худо бар дилҳояшон ва бар гӯшашон мӯҳр ниҳода ва бар рӯи чашмонашон пардаест ва барояшон азобест  бузург.

8. Порае (баъзе) аз мардум мегӯянд: «Ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаем». Ҳол он ки имон наовардаанд.

9. Инҳо Худову мӯъминонро мефиребанд ва намедонанд, ки танҳо худро фиреб  медиҳанд.

10.  Дар дилҳояшон маразест (бемории маънавӣ, мисли шакку шубҳа ва нифоқ) ва Худо низ бар  маразашон бияфзудааст ва ба ҷазои  дурӯғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест, дардовар.

11. Чун ба онон гуфта шавад, ки дар замин фасод накунед, мегӯянд:   «Мо муслиҳонем (некӯкоронем)».

12. Огоҳ бошед, ки инҳо худ табаҳкоронанду намедонанд.

13.  Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки шумо низ монанди дигар мардумон имон биёваред, мегӯянд: «Оё мо низ монанди бехирадон имон биёварем?» Огоҳ бошед, ки онон худ бехирадонанду намедонанд.

14. Ва чун ба мӯъминон мерасанд, мегӯянд:  «Имон овардаем». Ва чун бо шайтонҳои (инсӣ мисли пешвоёнашон) хеш хилват мекунанд, мегӯянд:  «Мо бо шумо ҳастем, мо масхараашон мекунем».

15. Худост, ки онҳоро масхара мекунад ва вомегузорадашон, то ҳамчунон дар туғёни хеш саргардон бимонанд.

16. Инҳо гумроҳиро ба ҳидоят хариданд, пас тиҷораташон суд накард ва дар шумори ҳидоятёфтагон дарнаёмадаанд.

 

17. Мисолашон мисли он касест, ки оташе афрӯхт,чун перомунашро   равшан сохт, Худо рӯшноӣ аз онҳо бозгирифт ва нобино дар торикӣ раҳояшон кард.

18. Каронанд,  гунгонанд, куронанд,  пас онҳо бознамегарданд  (аз куфр ба имон)!

19. Ё чун бороне сахт дар зулмат ҳамроҳ бо соиқа (оташак) аз осмон фуруд  ояд, ва аз тарси марг, ангуштони хеш дар гӯшҳо кунанд. Ва Худо бар кофирон иҳота (огоҳии комил) дорад.

20. Наздик бошад, ки барқ дидагонашонро нобино созад. Ҳар гоҳ ки равшанӣ  диҳад барқ эшонро, чанд қадаме бармедоранд ва чун хомӯш шавад, аз рафтан бозистанд. Агар Худо мехост, гӯшҳояшонро кару чашмонашонро кӯр месохт, ки ӯ ба ҳар коре тавоност!3

21. Эй мардум, Парвардигоратонро, ки шумо ва пешиниёнатонро биёфаридааст, бипарастед. то ки парҳезгор  шавед!

22. Он Худованде, ки заминро чун фаршҳое бигустурд ва осмонро чун биное бияфрохт ва аз осмон обе фиристод ва бо он об барои рӯзии шумо аз замин ҳар гуна самаре бирӯёнид ва худ медонед, ки набояд барои Худо ҳамтоёне  қарор диҳед!

23. Ва агар дар он чӣ бар бандаи хеш нозил кардаем, дар шак ҳастед, сурае монанди он биёваред ва ҷуз Худой ҳамаи ҳозиронатонро фаро хонед, агар рост мегӯед.

24.  Ва ҳар гоҳ чунин накардаед, ки ҳаргиз натавонед кард, пас битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шуда ва ҳезуми он мардумон ва сангҳо ҳастанд.

25.  Ба онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, мужда деҳ ки барояшон биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ва ҳар гоҳ, ки аз меваҳои он бархурдор шаванд, гӯянд: «Пеш аз ин дар дунё аз чунин меваҳое бархурдор шуда будем, ки  ин меваҳо шабеҳ ба якдигаранд». Ва низ дар он ҷо ҳамсароне покиза доранд ва дар он ҷо ҷовидона бошанд.

26.  Худо ибое надорад, ки ба пашша ва болотар аз он (мисли анкабут) масал бизанад. Онҳо, ки имон овардаанд, медонанд, ки он масал дуруст ва аз ҷониби Парвардигори онҳост. Ва аммо кофирон мегӯянд, ки Худо аз ин масал чӣ мехостааст? Бисёреро ба он гумроҳ мекунад ва бисёреро ҳидоят. Аммо танҳо фосиқонро гумроҳ мекунад.

27.  Касоне, ки паймони Худоро (ба воситаи ақл, фитрат ва таблиғи паёмбарон, ки бастаанд), пас аз бастани он мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он фармон дода (аз қабили пайвастани силаи раҳм, риояти ҳуқуқи инсонӣ, дӯстӣ ва ғайра), мебуранд ва дар замин фасод мекунанд, зиёнкоронанд.

28. Чӣ гуна Худоро инкор мекунед, дар ҳоле  ки мурда будед ва ӯ шуморо зинда  сохт, боз мемиронад ва зинда мекунад ва он гоҳ ба назди ӯ бозгардонда мешавед?

29.  ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар рӯи замин аст, бароятон биёфарид, он   гоҳ ба осмон муставӣ шуд4  ва ҳар ҳафт осмонро барафрошт ва ӯ аз ҳар чизе огоҳ аст!

30.  Ва чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт; «Ман дар замин халифае меофаринам»,  гуфтанд:   «Оё касеро меофаринӣ, ки дар он ҷо фасод кунад ва хунҳо бирезад ва ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба покӣ иқрор мекунем?» Гуфт: «Ман он чиро донам, ки шумо намедонед».

31. Ва номҳоро ба тамомӣ ба Одам биёмӯхт. Сипас онҳоро ба фариштагон арза кард, ва гуфт:  «Агар рост мегӯед, Маро ба  номҳои инҳо хабар диҳед».

32.  Гуфтанд: «Муназзаҳӣ (покӣ) Ту. Моро ҷуз он чӣ Худ  ба мо     омӯхтаӣ, донише нест. Тӯӣ донои ҳаким»!

33. Гуфт: «Эй Одам, онҳоро аз номҳояшон огоҳ кун!» Чун аз он номҳо огаҳашон кард,  Худо гуфт:  «Оё ба шумо нагуфтам, ки ман ниҳони осмонҳову заминро  медонам ва бар он чӣ ошкор мекунед ва пинҳон медоштед, огаҳам?»

34.  Ва ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед!»  Ҳама саҷда  карданд, ҷуз Иблис, ки рӯй гардонд ва бартарӣ ҷуст. Ва ӯ аз кофирон буд.

35. Ва гуфтем: «Эй одам, худ ва занат дар  биҳишт ҷой гиред. Ва ҳар чӣ хоҳед, ва ҳар ҷо, ки хоҳед, аз самароти он ба хушӣ  бихӯред. Ва ба ин дарахт наздик машавед, ки ба зумраи ситамкорон дароед».

36. Пас шайтон он дуро ба хато водошт ва аз биҳиште, ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: «Поин равед, баъзе душмани баъзеи дигар ва қароргоҳу ҷои бархӯрдории шумо то рӯзи қиёмат дар замин бошад».

37. Одам аз Парвардигораш калимае чанд фаро гирифт. Пас Худо тавбаи ӯро пазируфт, зеро ӯ тавбапазир ва меҳрубон  аст!

38.  Гуфтем:  «Ҳама аз биҳишт фурӯ шавед,  пас ҳангоме, ки аз ҷониби Ман роҳнамоӣ бароятон омад, бар онҳо, ки аз роҳнамоии Ман пайравӣ  кунанд, биме нахоҳад буд ва онҳо андӯҳнок намешаванд».

39.  Касоне, ки кофир шаванд ва оёти Худоро дурӯғ бароранд, худ аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд.

40. Эй бани Исроил, неъматеро, ки бар шумо арзонӣ доштам, ба ёд биёваред. Ва ба аҳди Ман вафо кунед, то ба аҳдатон вафо кунам. Ва аз Ман битарсед!

41. Ба он чӣ нозил кардаам ва китоби шуморо тасдиқ  мекунад, имон биёваред ва аз нахустин касоне набошед, ки инкораш мекунанд. Ва оёти Маро ба баҳои андак мафурӯшед ва (танҳо) аз Ман бимнок бошед!

42.  Ҳақро ба ботил наомезед ва бо он ки ҳақиқатро медонед, пинҳонаш макунед!

43. Ва намозро барпой доред ва закот бидиҳед ва бо рукӯъкунандагон рукӯъ кунед!

44.  Оё дар ҳоле ки китобро мехонед, мардумро ба некӣ фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед?  Оё ба ақл дарнамеёбед?

45.  Аз сабр ва намоз ёрӣ ҷӯед. Ва ин ду кор  душворанд, ҷуз барои аҳли хушӯъ (хоксорон, фурӯтанон).

46. Онҳо, ки бегумон медонанд, ки бо Парвардигори худ дидор хоҳанд кард  ва назди ӯ бозмегарданд.

47.  Эй бани Исроил, неъматеро, ки ба шумо арзонӣ доштам ва шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ додам, ба ёд биёваред.

48.  Ва битарсед  аз рӯзе, ки ҳеҷ кас дигареро ба кор наёяд ва ҳеҷ шафоъате аз касе пазируфта нагардад ва аз касе ивазе наситонанд ва касеро ёрӣ  накунанд.

49.  Ва (ба ёд оред) он гоҳ, ки шуморо аз фиръавниён раҳонидем: шуморо шиканҷаҳои сахт мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд. Ва дар ин озмоише бузург аз сӯи  Парвардигоратон буд.

50. Ва  (ба ёд оред) он ҳангомро, ки дарёро бароятон шикофтем ва шуморо раҳонидем ва фиръавниёнро дар баробари чашмонатон ғарқа сохтем.

51.  Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки чиҳил шаб бо Мӯсо ваъда ниҳодем ва шумо, ки ситамкорон будед, баъд аз ӯ гӯсоларо парастидед.

52.  Пас гуноҳонатонро афв кардем, то ки сипосгузор бошед!

53.  Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки ба Мӯсо китоб ва фурқон додем, ки ҳидоят шавед.

54.  Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки  Мӯсо ба қавми худ гуфт:  «Эй қавми ман, шумо ба он сабаб, ки гӯсоларо парастидед, бар худ  ситам раво доштед,  инак, ба даргоҳи Офаридгоратон тавба кунед ва якдигарро бикушед, ки чунин коре дар назди Офаридгоратон беҳтар аст». Пас Худо тавбаи шуморо пазируфт, зеро тавбапазир ва меҳрубон аст5.

55. Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки гуфтед: «Эй  Мӯсо, мо то Худоро ошкор набинем, ба ту имон намеоварем». Ва ҳамчунон ки менигаристед, соиқа (оташак) шуморо фурӯ гирифт.

56. Боз шуморо пас аз мурдан зинда сохтем, то ки сипосгузор  шавед!

57. Ва абрро соябонатон гардонидем ва бароятон манну салво6 фиристодем:   «Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем! Ва онҳо  бар Мо ситам накарданд, балки бар худ ситам мекарданд».

58. Ва (ба ёд оред) он замонро, ки ба шумо гуфтем:   «Ба ин қария8  дароед ва аз неъматҳои он ҳар чӣ ва ҳар ҷо, ки хоста бошед, ба фаровонӣ бихӯред! Вале саҷдакунон (бофурӯтанӣ) аз дарвоза дохил шавед ва бигӯед:   «Бори гуноҳ аз мо кам кун». То хатоҳои шуморо биёмурзем ва ба подоши некӯкорон бияфзоем.

59. Аммо ситамкорон он суханро дигар карданд ва бар онҳо ба ҷазои исёне, ки карда буданд, азобе осмонӣ фуруд овардем.

60. Ва ба ёд оред он гоҳро, ки Мӯсо барои қавми худ об хост. Гуфтем:   «Асоятро бар он санг  бизан». Пас дувоздаҳ чашма аз он бикушод. Ҳар  гурӯҳе маҳалли обнӯшии худро бидонист. Аз рӯзии Худо бихӯреду биёшомед ва дар рӯи замин ба фасод саркашӣ макунед!

61. Ва он гоҳро, ки гуфтед:  «Эй Мӯсо, мо бар як навъи таъом натавонем сабр кард, аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо аз он чӣ аз замин мерӯяд, чун сабзӣ ва бодиринг ва сир ва наск ва пиёз бирӯёнад». Мӯсо гуфт:  «Оё мехоҳед он чиро, ки бартар аст, ба он чӣ пасттар аст, бадал кунед? Ба шаҳре бозгардед, ки дар он ҷо ҳар чӣ хоҳед, ба шумо бидиҳанд. Муқаррар шуд  бар онҳо хориву бечорагӣ ва ба хашми Худо гирифтор шуданд! Ва ин ба он сабаб буд, ки ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд ва нофармонӣ карданд ва таҷовуз варзиданд!

62. Касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки ойини яҳудон ва тарсоён ва собиийнро9 баргузиданд, агар ба  Худо  ва рӯзи қиёмат имон дошта бошанд ва коре шоиста кунанд, Худо ба онҳо ҷазои нек медиҳад ва на бимнок  мешаванд ва на ғамгин.

63. Ва (ба ёд оред) он замонро, ки бо шумо паймон бастем ва кӯҳи Турро бар болои саратон бардоштем. Он чиро, ки ба шумо додаем,10 бо итминон бигиред ва он чиро, ки дар он аст, ба хотир бисупоред! То ки парҳезгор шавед!

64. Вале з-он пас аз фармон сар боз задед ва агар фазлу раҳмати Худо набуд, аз зиёнкорон мебудед.

65.  Ва шинохтаед он гурӯҳро, ки дар он рӯзи шанбе аз ҳадди худ таҷовуз карданд11 , пас ба онҳо хитоб кардем:  «Бӯзинагоне хору хомӯш гардед!»

66. Ва онҳоро ибрати муъосирон ва ояндагон ва панде барои парҳезгорон гардонидем.

67. Ва (ба ёд оред) он ҳангомро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт:   «Худо фармон медиҳад, ки говеро бикушед!» Гуфтанд:  «Оё моро ба ришханд мегирӣ?» Гуфт:   «Ба Худо паноҳ мебарам, ки аз нодонон бошам».

68. Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то баён кунад, ки он чӣ гуна говест?»   Гуфт:  «Мегӯяд; «Говест на сахт пиру аз кор афтода, на ҷавону корнокарда, миёнасол». Акнун бикунед он чӣ шуморо мефармоянд!

69.  Гуфтанд:   «Барои мо Парвардигоратро бихон, то бигӯяд, ки ранги он чист?»  Гуфт:  «Мегӯяд: «Говест на зарди баланд,  рангаш бинандагонро шодмон месозад».

70.  Гуфтанд:    «Барои мо Парвардигоратро бихон, то бигӯяд он чӣ гуна говест?  Ки он гов бар мо муштабеҳ шудааст ва агар Худо бихоҳад, мо ба он роҳ меёбем».

71.  Гуфт:   «Аз он говон нест, ки ром бошанд ва заминро ҷуфт кунанд ва киштро об диҳанд. Беайб асту якранг». Гуфтанд:   «Акнун ҳақиқатро гуфтӣ». Пас онро куштанд, ҳарчанд, ки наздик буд, ки аз он кор саркашӣ кунанд.

72.  Ва (ба ёд оред), он ҳангомро, ки касеро куштед ва бар якдигар бӯҳтон задед ва ба низоъ даргирифтед ва Худо он чиро, ки пинҳон мекардед, ошкор сохт.

73.  Сипас гуфтем:  «Порае аз онро бар он кушта бизанед. Худо мурдагонро инчунин зинда месозад ва нишонаҳои қудрати хешро инчунин ба шумо менамоёнад, то ки ба ақл дарёбед!»

74.  Пас аз он дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг, ки аз санг гоҳ ҷӯйҳо равон шаванд ва чун шикофта шавад, об аз он берун ҷаҳад ва гоҳ (санг) аз тарси Худо аз боло ба нишеб фурӯ ғалтад ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!

75. Оё тамаъ медоред, ки ба шумо имон биёваранд ва ҳол он ки гурӯҳҳое12 аз онҳо каломи Худоро мешуниданд ва бо он ки ҳақиқати онро меёфтанд, тағйираш мекарданд ва аз кори хеш огоҳ буданд?

76.  Ва чун бо мӯъминон дидор кунанд, гӯянд:   «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун бо якдигар хилват кунанд, гӯянд:   «Оё бо онҳо13 аз донише, ки Худо ба шумо арзонӣ дошта, сухан мегӯед, то ба ёрии он дар назди Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷат оранд? Оё ба ақл дарнамеёбед?»

77. Оё намедонанд, ки ҳар чиро, ки пинҳон медоранд ва ҳар чиро, ки ошкор месозанд, Худо медонад?

78. Бархе аз онҳо бесаводоне ҳастанд, ки намедонанд дар китоб15 чист, ҷуз суханоне, ки  мехонанд (бетадаббур ва тафаккур дар он). Инҳо танҳо пойбанди гумони хешанд.

79. Пас вой бар онҳое, ки китобро худ ба дасти худ менависанд, то суде андак баранд, мегӯянд, ки аз ҷониби Худо нозил шуда.  Пас вой бар онҳо ба он чӣ навиштанд ва вой бар онҳо аз суде, ки мебаранд!

80. Ва гуфтанд: «Оташ ҷуз чанд рӯзе моро насӯзонад». Бигӯ: «Оё бо Худо чунин паймоне бастаед, то ӯ хилофи паймони худ накунад? Ё он ки аз рӯи нодонӣ чунин нисбате ба Худо медиҳед?»

81. Оре, онҳо, ки муртакиби кори зишт шуданд ва гуноҳашон гирдо гирдашонро гирифт, аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонанд.

82. Ва онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.

83.  он ҳангомро (ба ёд оред), ки аз бани Исроил паймон гирифтем, ки ҷуз Худоро напарастед ва ба падару модару хешовандон ва ятимону дарвешон некӣ кунед ва ба мардумон сухани нек гӯед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед! Вале ҷуз андаке аз шумо пушт кардед ва шумоед рӯйгардондагон.

84.   Ва он ҳангомро, ки ба шумо паймон ниҳодем , ки хуни ҳам марезед ва якдигарро аз хонумон овора масозед ва шумо ба паймон гардан ниҳодед ва худ бар он гувоҳ ҳастед.

85.  Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз хонумонашон овора мекунед ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва бедод ба ҳамдастии якдигар бармехезед  ва агар ба асорати шумо дароянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз китоб16  имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед?  Подоши касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат  ба сахттарин ваҷҳе шиканҷа мешавад ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!

86. Инҳо ҳамон касонанд, ки охиратро доданд  ва зиндагии дунёро хариданд. Аз азобашон кам нагардад  ва кас ёриашон накунад.

87. Ба таҳқиқ Мӯсоро китоб додем ва аз паи ӯ паёмбарон фиристодем.  Ва ба Исо ибни Марям далелҳои равшан иноят кардем ва ӯро бо Руҳу-л-қудс-таъйид намудем. Ва ҳар гоҳ  паёмбаре омад ва чизҳое овард, ки писанди нафси шумо набуд, саркашӣ кардед ва гурӯҳеро дурӯғгӯ хондед ва гурӯҳеро куштед.

88. Гуфтанд: «Дилҳои мо дар ҳиҷоб аст». На, Худо онҳоро ба сабаби куфре, ки меварзанд, нафрин кардааст ва чӣ андак имон меоваранд!

89. Ва чун эшонро аз ҷониби Худо китобе омад ва ӯро шинохтанд, ҳарчанд китобашонро ҳам тасдиқ карда буд ва бо он ки аз он пеш хостори пирӯзӣ бар кофирон буданд,  ба ӯ имон наёварданд, ки лаънати Худо бар кофирон бод!

90.  Бо худ  бадмуомилагӣ карданд, он гоҳ ки аз ҳасад ба китоби Худо кофир шуданд ва аз ин ки Худо фазлу карами хешро ба ҳар кас аз бандагони худ, ки бихоҳад, арзонӣ медорад, ҳасад бурданд ва қарини хашме афзун бар хашми дигар шуданд  ва кофиронро азобест хоркунанда!

91. Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки ба он чи Худо нозил кардааст, имон биёваред, мегӯянд: «Мо ба он чи бар худамон нозил шудааст,  имон меоварем». Ва ба ғайри он ҳарчанд бо ҳақиқат ҳамроҳ бошад ва китобашонро ҳам тасдиқ кунад, имон намеоваранд. Бигӯ: «Агар шумо имон оварда будед, аз чӣ сабаб паёмбарони Худоро пеш аз ин мекуштед?»

92. Мӯсо бо далелҳои равшани хеш ба ҳидояти шумо омад ва шумо, ситамкорон, пас аз ӯ ба гӯсола гаравидед.

93. Ва бо шумо паймон бастем ва кӯҳи Турро  бар болои саратон бидоштем. Акнун он чиро, ки бароятон фиристодаем, ба имони устувор бигиред ва каломи Худоро бишнавед. Гуфтанд:    «Шунидаем ва ба кор нахоҳем баст». Бар асари куфрашон ишқи гӯсола  дар дилашон омехта карда шуд. Бигӯ: «Агар ба он чӣ мегӯед, бовар доред, боваратон ба бадкорӣ вомедорад!»

94.  Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ки сарои охират назди Худо махсуси шумост, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед».

95.  Вале ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. Худо ситамкоронро мешиносад!

96.  Онҳоро аз мардуми дигар, ҳатто мушрикон, ба зиндагии инҷаҳонӣ ҳаристар хоҳӣ ёфт ва баъзе аз кофирон дӯст доранд, ки ҳазор сол дар ин дунё зист кунанд ва ин умри дароз азоби Худоро аз онон дур нахоҳад  сохт, ки Худо ба аъмолашон биност!

97.  Ба онҳо, ки ба Ҷабраил душманӣ меварзанд, бигӯ:   «ӯст, ки ин оётро ба фармони Худо бар дили ту нозил кардааст, то китобҳои дигари осмониро тасдиқ кунад ва барои мӯъминон раҳнамун ва башорат бошад».

98.  Ҳар ки душмани Худо ва фариштагони ӯ ва паёмбаронаш ва Ҷабраилу Микоил бошад, Худо ҳам душмани кофирон аст!

99.  Бешак бар ту оёте равшан нозил кардем. Ва ҷуз фосиқон касе мункири онҳо нахоҳад шуд.

100. Оё ҳар бор, ки бо Худо паймоне бастанд, гурӯҳе аз онҳо паймоншиканӣ карданд? Оре, бештарашон имон нахоҳанд овард!

101.  Ва гурӯҳе аз аҳли китоб чун паёмбаре аз ҷониби Худо бар онҳо фиристода шуд, ки ба китобашон ҳам гувоҳӣ медод, китоби Худоро, чунон, ки гӯӣ аз он бехабаранд, пушти сар афканданд.

102. Ва аз афсуне, ки девҳо ба рӯзгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайравӣ карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро ҷодугарӣ меомӯхтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта: –Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд, дар ҳоле, ки, он ду ба ҳар кас,  ки ҷодугарӣ меомӯхтанд, мегуфтанд:  «Кори мо фитна аст, мабодо кофир шавӣ». Ва мардум аз он ду ҷодуҳое меомӯхтанд, ки метавонистанд миёни зану шӯй ҷудоӣ афкананд ва онон ҷуз ба фармони Худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чӣ мардум меомӯхтанд, ба онҳо зиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он ҷодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурӯхтанд, агар медонистанд!

103. Агар имон оварда ва парҳезгор шуда буданд, подоше, ки аз ҷониби Худо ба онҳо дода мешуд, аз ҳар чизи дигаре некӯтар мебуд, агар медонистанд!

104. Эй касоне, ки имон овардаед, магӯед «роъино», бигӯед «унзурно». Ва гӯш фаро доред, ки барои кофирон азобест дардовар!

105. Аз миёни аҳли китоб онон, ки кофир шуданд ва низ мушрикон дӯст намедоранд, ки  аз ҷониби Парвардигор ба шумо хайре фурӯ фиристода шавад. Ва ҳол он ки Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба бахшоиши хеш махсус медорад. Худо соҳиби  фазле бузург аст!

106. Ҳеҷ оятеро мансух ё тарк намекунем, магар он ки беҳтар аз он ё монанди онро меоварем. Оё намедонӣ, ки Худо бар ҳар коре тавоност?

107. Оё намедонӣ, ки  Худо фармонравои осмонҳо ва замин аст ва шуморо ҷуз ӯ ёреву ёваре нест?

108. Оё мехоҳед аз паёмбари худ чизе бипурсед, ҳамчунон ки қавми Мӯсо пеш аз ин аз Мӯсо пурсида буданд? Он кас, ки куфрро ба ҷои имон ихтиёр кунад, чун касест, ки роҳи ростро гум карда бошад.

109. Бисёре аз аҳли  китоб, бо он ки ҳақиқат  бар онҳо ошкор шуда, аз рӯи ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон  ба куфр бозгардонанд. Афв кунед ва гузашт кунед, то Худо фармонашро биёварад, кӣ ӯ бар  ҳар коре тавоност!

110. Намоз бигзоред ва закот бидиҳед! Ҳар некиро, ки пешопеш барои худ равона медоред, назди Худояш хоҳед ёфт. Ҳар ойна Худо ба корҳое, ки мекунед, биност.

111. Гуфтанд: «Ҷуз яҳудон ва тарсоён касе ба биҳишт намеравад». Ин орзуи онҳост. Бигӯ:  «Агар рост мегӯед, ҳуҷҷати хеш биёваред».

112. Оре, ҳар кас, ки аз рӯи ихлос  рӯ ба Худо кунад ва некӯкор бувад, подошашро аз Парвардигораш хоҳад гирифт ва дастхуши биму андӯҳ намешавад.

113. Бо ин ки китоби Худоро мехонанд, яҳудон гуфтанд, ки тарсоён барҳақ наянд ва тарсоён гуфтанд, ки яҳудон барҳақ наянд. Ҳамчунон онҳо, ки ноогоҳанд сухане чун сухани онҳо гӯянд. Худо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ дар он ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард.

114. Кист ситамкортар аз он ки манъ кард масҷидҳои Худоро аз он ки ёд карда шавад номи Худо дар онҳо ва дар вайрон сохтани онҳо кӯшид? Раво нест дар он масҷидҳо ҷуз бимноку тарсон дохил шаванд ва насибашон дар дунё хорӣ  ва дар охират азобе бузург аст!

115.  Машриқу Мағриб  аз они Худост. Пас бар ҳар ҷое, ки рӯ кунед, ҳамон ҷо рӯ ба Худост. Худо фарохраҳмат ва доност!

116. Гуфтанд, ки Худо фарзанде гирифт. Пок аст ӯ! Балки ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они ӯст ва ҳама фармонбардори ӯянд!

117.   Офаринандаи осмонҳо ва замин аст. Чун иродаи чизе кунад, мегӯяд:     «Мавҷуд шав!» ва он чиз мавҷуд мешавад.

118. Нодонон гуфтанд: «Чаро Худо бо мо сухан намегӯяд? Ё мӯъҷизае бар мо намеояд?» Пешиниёнашон низ чунин суханоне мегуфтанд. Дилҳошон монанди якдигар аст. Мо барои онҳо, ки ба яқин расидаанд, оётро баён кардаем.

119.  Мо туро, ки сазовор ҳастӣ, ба рисолат фиристодем, то муждадиҳанда ва бимдиҳанда бошӣ. Ва пурсида нахоҳи шуд  аз аҳли дӯзах.

120. Яҳудон ва тарсоён аз ту хушнуд намешаванд, то ба ойинашон гардан ниҳӣ. Бигӯ: «Ҳидоят, ҳидоятест, ки аз ҷониби Худо бошад». Агар аз он пас, ки Худо туро огоҳ кардааст, аз хостаи онҳо пайравӣ кунӣ, ҳеҷ ёвару мададгоре аз ҷониби ӯ нахоҳӣ дошт.

121. Касоне, ки китобашон додаем ва ончунон, ки сазовор аст, онро мехонанд, мӯъминони ба  он ҳастанд ва онон, ки ба он имон надоранд, зиёнкорон ҳастанд.

122. Эй бани Исроил, аз он неъмате, ки бар шумо арзонӣ доштам ва шуморо  бар ҷаҳониён бартарӣ додам, ёд кунед!

123. Ва битарсед аз рӯзе, ки ҳеҷ кас дигареро ба кор наёяд ва фидя пазируфта нашавад ва шафоъат судашон накунад ва касе ба ёрияшон барнахезад!

124. Ва Парвардигори Иброҳим ӯро ба калимоте чанд биёзмуд ва Иброҳим он калимотро ба тамомӣ ба анҷом расонид. Худо гуфт:  «Ман туро пешвои мардум гардонидам». Гуфт «Фарзандонамро ҳам?» Гуфт: «Паймони ман ситамкоронро дар бар нагирад».

125. Ва Каъбаро ҷойгоҳи иҷтимоъ ва макони амни мардум сохтем. Мақоми Иброҳимро намозгоҳи хеш гиред. Мо Иброҳим ва Исмоилро фармон додем:  «Хонаи маро барои тавофкунандагону муқимон ва рокиъону соҷидон покиза доред!»

126. Ва Иброҳим гуфт:  «Эй Парвардигори ман, ин шаҳрро ҷои амне гардон ва аз мардумаш ононро, ки ба Худо ва рӯзи  қиёмат имон доранд, аз ҳар самаре рӯзӣ соз!» Гуфт: «Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андак бархурдорӣ диҳам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам», ки бад саранҷомест!

127.  Ва чун Иброҳим  ва Исмоил пояҳои хонаро боло бурданд, гуфтанд:      «Эй Парвардигори мо, аз мо бипазир, ки ту шунаво ва доно ҳастӣ!»

128.  Парвардигори мо, моро фармонбардори хеш  соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон  ва маносикамонро ба мо биёмӯз ва тавбаи мо бипазир, ки ту бисёр тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ!

129. «Эй Парвардигори мо, аз миёнашон паёмбаре бар онҳо мабъус гардон, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу (қуръон ва дигар китобҳои осмонӣ) ҳикмат  (маърифати дин) биёмӯзонад ва онҳоро покиза созад ва ту пирӯзманду ҳаким ҳастӣ!»

130.  Чӣ касе аз кеши Иброҳим рӯй барметобад, ҷуз он ки худро бехирад сохта бошад? Иброҳимро дар дунё баргузидем ва ӯ дар охират низ аз шоистагон аст.

131. Ва Парвардигораш ба ӯ гуфт: «Таслим шав». Гуфт: «Ман дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслимам».

132. Иброҳим ба фарзандони худ васият кард, ки дар баробари Худо таслим шаванд. Ва Яъқуб ба фарзандони худ гуфт:   «Эй фарзандони ман, Худо барои шумо ин динро баргузидааст, мабодо бимиред, бе он ки ба он гардан ниҳода бошед».

133. Оё шумо ҳозир будед, он гоҳ ки марги Яъқуб фаро расид ба фарзандонаш гуфт:  «Пас аз ман чӣ чизеро мепарастед?» Гуфтанд:    «Худои ту  ва Худои ниёкони ту, Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқро ба яктоӣ хоҳем парастид ва дар баробари ӯ таслим ҳастем».

134. Онҳо умматҳое будаанд, ки акнун даргузаштаанд. Он чӣ карда буданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо кунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоле, ки онҳо мекарданд, намепурсанд.

135. Гуфтанд: «Яҳудӣ ё насронӣ шавед, то  роҳи рост ёбед».  Бигӯ: «Мо дини яктопарастии Иброҳимро баргузидем  ва ӯ мушрик набуд».

136. Бигӯед:  «Мо ба Худо ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо  нозил омада ва низ он чӣ  ба Мӯсо ва Исо фиристода шуда ва он чӣ  бар  паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон  омадааст, имон овардаем. Миёни ҳеҷ як аз паёмбарон фарқе намениҳем ва ҳама дар баробари Худо таслим ҳастем».

137. Агар ба он чӣ шумо имон овардаед, онҳо низ имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рӯй бартофтанд, пас бо ту сари хилоф доранд ва дар баробари онҳо Худо туро кофист, ки ӯ шунаво ва доност!

138. Ин ранги (яъне, дини) Худост ва ранги (дини) чӣ касе аз ранги (дини) Худо беҳтар аст. Мо парастандагони ӯ ҳастем.

139. Бигӯ: «Оё дар бораи Худо бо мо баҳсу муҷодала мекунед? ӯ Парвардигори мову шумост. Аъмоли мо  азони мо ва аъмоли шумо азони шумост ва мо ӯро ба покдилӣ мепарастем.

140. Оё мегӯед, ки Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо яҳудӣ ё насронӣ буданд? Бигӯ: «Оё шумо огоҳтаред ё Худо? Ситамкортар аз касе, ки гувоҳии худро аз Худо пинҳон мекунад, кист? Ва Худованд аз корҳое, ки мекунед, ғофил нест».

141. Онҳо умматҳое будаанд, ки акнун даргузаштаанд. Он чӣ онҳо карданд, азони онҳост ва он, чи шумо мекунед, азони шумост ва шуморо аз аъмоли онҳо намепурсанд.

142. Аз мардум онон, ки камхираданд, хоҳанд гуфт: «Чӣ чиз онҳоро аз қиблае, ки рӯ ба рӯи он меистоданд, баргардонид?»20 Бигӯ:«Машриқу Мағриб аз они Худост ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!»

143. Оре, чунин аст, ки шуморо беҳтарини умматҳо гардонидем, то бар мардумон гувоҳ бошед ва паёмбар бар шумо гувоҳ бошад. Ва он қиблаеро, ки рӯ ба рӯи он меистодӣ, дигаргун накардем, магар ба он сабаб, ки ононро, ки аз паёмбар пайравӣ мекунанд, аз онон, ки рӯй мегардонанд (аз дин), бозшиносем. Ҳарчанд, ки ин амр ҷуз бар ҳидоятёфтагон душвор менамуд. Худо имони (намози) шуморо табоҳ намекунад. ӯ бар мардумон ниҳоят меҳрубон  ва бахшоянда аст!

144. Нигаристанатро ба атрофи осмон мебинем, Туро ба сӯи қиблае, ки меписандӣ, мегардонем. Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯй ба он ҷониб кунед. Аҳли китоб медонанд, ки ин дигаргунӣ ба ҳақ ва аз ҷониби Парвардигорашон будааст. Ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!

145. Барои аҳли Китоб ҳар бурҳону нишонае, ки биёварӣ, аз қиблаи ту пайравӣ нахоҳанд кард ва ту низ аз қиблаи онҳо пайравӣ намекунӣ ва онҳо ҳам худ пайрави қиблаи якдигар нахоҳанд буд. Ҳар гоҳ пас аз огоҳӣ, дар пайи хоҳишҳои онҳо биравӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд.

146. Аҳли Китоб ҳамчунон, ки фарзандони худро мешиносанд, ӯро мешиносанд  вале гурӯҳе аз онҳо дар айни огоҳӣ ҳақиқатро пинҳон медоранд.

147.  Он чӣ аз ҷониби Худо бар ту нозил шуда, ҳақ ҳамон аст, шубҳа макун!

148. Ҳар касеро ҷонибест, ки ба он рӯй меоварад. Пас дар некӣ кардан бар якдигар сабқат гиред. Ҳар ҷо, ки бошед, Худо шуморо ҳозир мекунад, ки ӯ бар ҳар коре тавоност!

149.  Аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, рӯи худ бар ҷониби Масҷидулҳаром  кун. Ҳақ ҳамон аст, ки Парвардигорат ба он амр фармуда. Ва Худо аз корҳоятон ноогоҳ нест!

150. Аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед рӯй  ба он сӯй кунед, то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Аз онҳо матарсед, аз Ман битарсед, то неъмати хеш бар шумо тамом кунам, то ки ҳидоят шавед.

151. Ҳамчунон ки паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристодем, то оёти моро бароятон бихонад ва шуморо покиза гардонад ва китобу ҳикмат  омӯзад ва он чиро, ки намедонистед, ба шумо ёд диҳад.

152. Пас маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии ман накунед.

153. Эй касоне, ки имон овардаед, аз сабру намоз мадад ҷӯед, ки Худо бо сабркунандагон аст.

154. Ононро, ки дар роҳи  Худо кушта мешаванд, мурда наҳисобед. Онҳо зиндаанд ва шумо дарнамеёбед.

155. Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсони дар маҳсулот меозмоем. Ва сабркунандагонро мужда деҳ.

156. Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд:«Мо аз они Худо ҳастем ва ба ӯ бозмегардем».

157.Дуруд ва раҳмати Парвардигорашон бар онон бод, ки ҳидоятёфтагонанд.

158. Сафо ва Марва23 аз шиъорҳои Худост. Пас касоне, ки ҳаҷҷи хона ё умраро ба ҷой меоваранд, агар бар он ду кӯҳ тавоф кунанд, муртакиби гуноҳе нашудаанд. Пас  ҳар кӣ  кори некеро ба рағбат анҷом диҳад, бидонад, ки Худо шукргузорандае доност!

159. Касонеро, ки далелҳои равшан ва ҳидояткунандаи моро, пас аз он ки дар китоб барои мардум баёнашон кардем, пинҳон мекунанд, ҳам Худо лаънат мекунад ва ҳам дигар лаънаткунандагон.

160. Магар онҳо, ки тавба карданд ва ислоҳ шудан ва он чӣ пинҳон дошта буданд, ошкор сохтанд, тавбаашонро мепазирам ва ман тавбапазир ва меҳрубонам!

161. Бар онон, ки кофир буданд ва дар кофирӣ мурданд, лаънати Худо ва фариштагону ҳамаи мардум бод!

162. Ҷовидона дар лаънатанд ва дар азобашон сабукӣ дода нашавад ва лаҳзае мӯҳлаташон надиҳанд.

163. Худои шумо Худоест якто. Худое  барҳақ, ҷуз ӯ нест бахшоянда ва меҳрубон!

164. Дар офариниши осмонҳову замин ва дар рафтуомади шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва мояи суди мардуманд ва дар бороне, ки Худо аз осмон фурӯ  мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он барангезад  ва дар ҳаракати бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни замину осмон, барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост!

165.  Баъзе аз мардум Худоро ҳамтоёне  ихтиёр мекунанд ва онҳоро чунон дӯст медоранд, ки Худоро. Вале онон, ки имон овардаанд, Худоро бештар дӯст медоранд. Ва он гоҳ, ки ситампешагон азобро бубинанд, дарёбанд, ки ҳамаи қудрат аз они Худост. Ҳар ойна Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!

166. Он гоҳ, ки пешвоён азобро бингаранд,  аз фармонбарони хеш безорӣ ҷӯянд ва пайванди миёни онҳо гусаста гардад.

167. Ва он пайравон гӯянд:  «Кош бори дигар бозмегаштем, то он чунонки аз мо безорӣ ҷӯстанд, аз онҳо безорӣ меҷӯстем. Худованд кирдорҳояшонро инчунин мояи ҳасраташон менамояд ва онон аз оташ раҳоӣ наёбанд!»

168. Эй мардум, аз он чизҳои ҳалолу покиза, ки дар замин аст, бихӯред ва пой ба ҷои пойи шайтон магузоред, ки душмани ошкори шумост.

169. ӯ шуморо ба бадиву зиштӣ фармон медиҳад ва мехоҳад, ки дар бораи Худо чизҳое бигӯед, ки ба он огоҳ  нестед.

170. Чун ба онҳо гуфта шавад, ки аз он чӣ Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед, гӯянд: «На, мо ба ҳамон роҳе меравем, ки падаронамон мерафтанд». Ҳатто агар падаронашон бехираду гумроҳ буданд?.

171. Мисоли кофирон мисли ҳайвонест, ки касе дар гӯши ӯ овоз кунад ва ӯ ҷуз бонгеву овозе нашнавад. Инҳо каронанд, гунгонанд, кӯронанд  ва ҳеҷ дарнамеёбанд!

172. Эй касоне, ки имон овардаед, аз он чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва агар Худоро мепарастед, шукрашро24 ба ҷой оваред.

173. Ҷуз ин нест, ки мурдорро ва хунро ва гӯшти хукро ва он чиро, ки ба ҳангоми забҳ номи ғайри Худо бар он бихонанд, бар шумо  ҳаром кард. Аммо касе, ки ночор шавад, ҳар гоҳ ки бемайлӣ ҷӯяд ва  аз ҳад нагузаронад, пас гуноҳе анҷом надодааст. Албатта Худо омурзанда ва бахшоянда аст!

174. Онон, ки Китоберо, ки Худо нозил кардааст, пинҳон медоранд, то баҳои андаке биситонанд, шикамҳои худро ҷуз аз оташ пур намесозанд. Ва Худо дар рӯзи қиёмат ба онҳо сухан нагӯяд ва покашон насозад ва барои онҳо азобе дардовар аст!

175. Инҳо гумроҳиро ба ҷои ҳидоят баргузиданд ва азобро ба ҷои омурзиш. Чӣ чиз бар оташ босабрашон сохта?

176. Зеро ки Худо китобро ба ҳақ  нозил кард ва касоне, ки дар китоби Худо ихтилоф мекунанд, дар мухолифате дур аз савобанд.

177. Некӣ он нест, ки рӯи худ ба ҷониби Машриқу  Мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи бозпасин ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро, бо он ки дӯсташ дорад, ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон бубахшад. Ва намоз бигузораду закот бидиҳад. Ва низ касоне ҳастанд, ки чун аҳде мебанданд, ба он вафо мекунанд. Ва онон, ки дар бенавоиву беморӣ ва ба ҳангоми ҷанг сабр мекунанд, инҳо ростгӯён ва парҳезгоронанд.

178. Эй касоне, ки имон овардаед, дар бораи куштагон бар шумо қасос муқаррар шуд:  озод дар баробари озод ва банда дар баробари банда ва зан дар баробари зан. Пас ҳар кас, ки  аз ҷониби  бародари худ афв гардад, бояд, ки бо хушнудӣ аз пайи адои хунбаҳо равад ва онро ба ваҷҳи некӯ ба ӯ пардозад. Ин ҳукм сабукиву раҳматест аз ҷониби Парвардигоратон ва ҳар кӣ  аз он сар боз занад, насиби ӯ азобест дардовар!

179. Эй хирадмандон, шуморо дар  қасос гирифтан зиндагист25. То ки парҳезгорӣ  кунед!

180. Ҳар гоҳ яке аз шуморо марг фаро расад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯи инсоф васият кунад. Ва ин шоистаи парҳезгорон аст.

181. Пас ҳар кас, ки он васиятро бишнавад ва он гоҳ дигаргунаш созад, гуноҳаш бар он касест, ки онро дигаргун сохтааст. Худо шунаво ва доност!

182. Ҳар гоҳ бими он равад, ки васияткунандае дар васияти хеш дучори хато ё зулме шуда бошад, агар касе ба ислоҳи миёни онон пардозад, пас муртакиби гуноҳе нашудааст.  Албатта Худо омурзанда ва меҳрубон аст!

183. Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон ки  бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед!

184. Рӯзҳое башумор. Ҳар кас, ки  аз шумо бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои  дигар рӯза бидорад. Ва онон, ки тавоноии онро надоранд, ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд26. Ва ҳар кӣ ба рағбат дар он бияфзояд, барояш беҳтар аст ва агар мехоҳед бидонед, беҳтар он аст, ки худ рӯза бидоред.

185. Моҳи Рамазон (моҳест), ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил,  Қуръон нозил шудааст, пас ҳар кас, ки  моҳро бубинад, бояд,  ки дар он (моҳ) рӯза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои дигар. Худо барои шумо  хостори осонӣ аст, на сахтӣ ва то он ҳисобро комил созед. Ва Худоро ба он  сабаб, ки роҳнамоиятон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед ва шукр гӯед!

186. Чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд, бигӯ, ки Ман наздикам ва ба нидои касе, ки Маро бихонад, посух медиҳам. Пас ба нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман имон оваранд, то роҳи рост ёбанд!

187. Ҳамбистарӣ бо занонатон дар шаби моҳи рӯза бар шумо ҳалол шуд. Онҳо пӯшиши шумоянд ва шумо пӯшиши онҳоед. Худо медонист, ки шумо бо хештан хиёнат (яъне, дар тарк кардани ҳамхобагӣ бо занонатон дар шабҳои рамазон) меварзед, пас тавбаи  шуморо пазируфт ва шуморо афв кард. Акнун бо онҳо ҳамбистар шавед ва он чиро,  ки Худо бар шумо муқаррар гардонидааст, анҷом диҳед ва бихӯреду биёшомед то риштаи равшани субҳдам дар торикии шаб ошкор шавад. Ва рӯзаро ба шаб бирасонед. Ва чун дар масҷид эътикоф кунед, бо занон ҳамбистар машавед. Инҳо ҳудуди фармони Худост, ба он наздик машавед. Худо оёти худро инчунин баён мекунад, то ки ба парҳезгорӣ бирасанд!

188. Амволи якдигарро ба ношоиста махӯред (ҳамчун ришва, рибо, ғасб ва дуздӣ) ва ба ҳокимон амволи худро марасонед, то ба он сабаб амволи гурӯҳе  дигарро ба ноҳақ (ба ситам) бихӯред. Ва шумо худ медонед.

189. Аз ту  дар бораи ҳилолҳои моҳ мепурсанд, бигӯ: «Барои он аст, ки мардум вақти корҳои хеш аз замони ҳаҷро бишиносанд». Ва писандида нест, ки аз пушти хонаҳо27  ба онҳо дохил шавед, вале писандида роҳи касонест, ки парво мекунанд ва аз дарҳо ба хонаҳо  дароед ва аз Худо битарсед, то растагор шавед!

190. Бо касоне, ки бо шумо ҷанг мекунанд, дар роҳи Худо биҷангед ва аз ҳад нагузаред. Зеро Худо аз ҳад гузарандагонро дӯст надорад!

191.  Ҳар ҷо, ки онҳоро биёбед, бикушед ва аз он ҷо, ки шуморо рондаанд, биронедашон, ки фитна (яъне, куфр ва ширк) аз қатл бадтар аст. Ва дар Масҷидулҳаром бо онҳо маҷангед, магар он ки бо шумо биҷанганд. Ва чун бо шумо ҷангиданд, бикушедашон, ки  ин аст ҷазои кофирон!

192. Ва агар бозистоданд, Худо омурзанда ва меҳрубон аст!

193. Бо онҳо биҷангед, то дигар фитнае набошад ва дин танҳо дини Худо шавад. Вале агар  аз дини хеш даст бардоштанд, таҷовуз ҷуз бар ситамкорон раво нест!

194. Ин моҳи ҳаром дар муқобили он моҳи ҳаром28 ва шикастан моҳҳои ҳаромро қасос аст. Пас ҳар кас бар шумо дастдарозӣ кунад, ба ҳамон андоза бар ӯ дастдарозӣ кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ӯ бо парҳезгорон аст!

195. Дар роҳи Худо инфоқ кунед ва хештанро ба дасти хеш ба ҳалокат маяндозед (ба тарки инфоқ дар роҳи Худо) ва некӣ кунед, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад.

196. Ҳаҷ ва умраро барои Худо комил ба ҷой оред. Ва агар шуморо аз  ҳаҷ боздоштанд, он қадар, ки муяссар аст, қурбонӣ кунед ва сар матарошед, то қурбонии шумо ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар яке аз шумо бемор  ё дар сараш озоре бувад, ба унвони фидя рӯза бидорад ё садақа диҳад ё қурбонӣ кунад. Ва чун эмин шавад, ҳар кӣ аз умраи таматтӯъ ба ҳаҷ бозояд, он қадар ки ӯро муяссар аст, қурбонӣ кунад. Ва ҳар киро қурбонӣ муяссар нашуд,  се рӯз дар ҳаҷ  рӯза бидорад ва ҳафт  рӯз чун аз ҳаҷ бозгардад, то даҳ рӯзи комил шавад. Ва ин ҳукм барои касест, ки аз мардуми Макка набошад. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!

197. Ҳаҷ дар моҳҳои муъайянест. Ҳар кӣ  дар ин моҳҳо ҳаҷро бар худ лозим кард (яъне, эҳром баст), бояд ки дар аснои он ҷимоъ (ҳамхобагӣ) накунад ва фисқе аз ӯ сар назанад ва муҷодала накунад. Ҳар кори неке, ки анҷом медиҳед, Худо аз он огоҳ аст. Ва тӯша бардоред, ки беҳтарини тӯшаҳо парҳезгорист. Эй хирадмандон, аз ман битарсед!

198.  Агар ба ҳангоми Ҳаҷ толиби рӯзии Худо бошед, гунаҳгор нашудаед ва чун  аз Арафот бозгаштед, Худоро дар Машъарулҳаром29 ёд кунед, аз он рӯ, ки шуморо ҳидоят карда, дар ҳоле ки пеш аз он гумроҳ будед.

199.  Сипас аз он ҷо, ки дигар мардум роҳ мепаймоянд (даста- ҷамъона), шумо низ равона шавед ва аз Худо омурзиш бихоҳед, ки омурзанда ва меҳрубон аст!

200.  Чун маносикатонро ба ҷой овардед, ҳамчунон ки падарони хешро ёд мекардед, ҳатто бештар аз он, Худойро ёд кунед. Бархе аз мардум  мегӯянд:  «Эй Парвардигори мо, моро  дар дунё чизе бахш». Инҳоро дар охират насибе нест.

201.  Ва бархе аз мардум мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро ҳам дар дунё хайре бахш ва ҳам дар охират ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор».

202. Инҳо аз он чӣ хостаанд, баҳраманд мешаванд ва Худо босуръат ба ҳисоби ҳар кас мерасад!

203. Худовандро  дар  рӯзҳое чанд ёд кунед ва ҳар кӣ дар ду рӯз шитоб кунад, муртакиби гуноҳе нашудааст. Ҳар парҳезгоре ҳам, ки таъхир кунад, гуноҳе накардааст. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки ҳамагон ба пешгоҳи вай гирд меоед!

204. Ва аз мардумон касе ҳаст, ки сухани ӯ дар боби зиндагонии дунё туро ба тааҷҷуб меорад ва Худоро бар он чи  дар дили ӯст гувоҳ меорад, ҳол он ки ӯ сахтарини ситезандагон аст.

205. Чун аз назди ту бозгардад, дар замин фасод кунад ва киштзорҳо ва чорпоро нобуд созад ва Худо фасодро дӯст надорад!

206. Ва чун ба ӯ  гӯянд, ки аз Худо битарс, худхоҳиаш ӯро ба гуноҳ кашонад. Ҷаҳаннам он ҷойгоҳи бад ӯро бас бошад!

207. Касе дигар аз мардум барои ҷустани хушнудии Худо ҷони хешро фидо кунад30.  Худо бар ин бандагон меҳрубон аст!

208. Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагон ба итоъат дароед ва пой ба ҷойи пойи шайтон магузоред, ки ӯ душмани ошкори шумост.

209. Ҳар гоҳ пас аз он ки ин оёти равшани Худо ба шумо расид, дар имони хеш лағзише ёфтед, бидонед, ки Худо пирӯзманд ва ҳаким аст.

210. Оё инҳо мунтазири он ҳастанд, ки Худо бо фариштагон дар зери соябоне аз абр наздашон биёяд ва кор яксара шавад? Ҳол он ки Худо марҷаъи  ҳамаи корҳост.

211. Аз бани Исроил бипурс, ки онҳоро чӣ оёти равшане додем. Ҳар кас, ки неъматеро, ки Худо ба ӯ иноят кардааст, дигаргун созад, бидонад, ки ӯ сахтуқубат аст!

212. Барои кофирон зиндагии ин  ҷаҳонӣ ороста шудааст ва мӯъминонро масхара мекунанд. Онон, ки аз Худо метарсанд, дар рӯзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Худо ҳар касеро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад!

213. Мардум як уммат буданд, пас Худо паёмбарони муждадиҳанда ва тарсонандаро бифиристод ва бар онҳо китоби барҳақ нозил кард, то он китоб дар он чӣ мардум ихтилоф доранд, миёнашон ҳукм кунад, вале ҷуз касоне, ки китоб бар онҳо нозил шуда ва ҳуҷҷатҳо ошкор гашта буд,  аз рӯи ҳасаде, ки нисбат ба ҳам меварзиданд, дар он ихтилоф накарданд. Ва Худо мӯъминонро ба иродаи худ дар он ҳақиқате, ки ихтилоф мекарданд, роҳ намуд, ки Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!

214. Мепиндоред, ки ба биҳишт хоҳед рафт? Ва ҳанӯз он чӣ бар сари пешиниёни шумо омада, бар сари шумо наёмада? Ба онҳо фақру ранҷ  расид ва такон дода шуданд, то он ҷо, ки паёмбар ва мӯъминоне, ки бо ӯ буданд, гуфтанд:  «Пас ёрии Худо кай хоҳад расид?»  Бидон,  ки ёрии Худо наздик аст!

215. Аз ту мепурсанд, ки чӣ нафақа кунанд? Бигӯ: «Он чӣ аз моли худ нафақа мекунед, барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону раҳгузарон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Худо ба он огоҳ аст».

216.  Ҷанг бар шумо муқаррар шуд, дар  ҳоле ки онро бад мебинед. Шояд чизеро бад бубинед ва дар он хайри шумо бошад ва шояд чизеро  дӯст дошта бошед ва ӯ бароятон бад  бошад. Худо медонад ва  шумо намедонед!

217. Туро аз ҷанг кардан дар моҳи ҳаром мепурсанд. Бигӯ: «Ҷанг кардан дар он моҳ гуноҳе бузург аст. Аммо  боздоштани мардум аз роҳи Ҳақ ва кофир шудан ба ӯ ва Масҷидулҳаром31  ва берун рондани мардумаш аз он ҷо, дар назди Худованд гуноҳе бузургтар аст ва ширк аз қатл бузургтар аст!» Онҳо бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд, шуморо аз динатон бозгардонанд. Аз миёни шумо онҳо, ки аз дини худ бозгарданд ва кофир бимиранд, аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ шуда ва ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!

218. Касоне, ки имон овардаанд ва онҳо, ки ватанро тарк кардаанд ва дар роҳи Худо ҷиҳод  намудаанд, ба раҳмати Худо умед медоранд ва Худо омурзанда ва меҳрубон аст!

219. Туро аз шаробу қимор мепурсанд. Бигӯ: «Дар он ду (шароб ва қимор), гуноҳест бузург ва судҳоест барои мардум. Ва гуноҳашон аз судашон бештар аст». Ва аз ту мепурсанд: «Чӣ чиз нафақа кунанд?» Бигӯ: «Он чӣ афзун ояд». Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад, то ки дар кори дунё ва охират бияндешед.

220. Туро аз ятимон мепурсанд. Бигӯ: «Ислоҳи ҳолашон беҳтар аст». Ва агар  бо онҳо омезиш мекунед, чун бародарони шумо бошанд. Худованд табаҳкорро аз некӯкор бозмешиносад ва агар Худо хоҳад бар шумо сахт мегирад. Албатта Худо пирӯзманд ва ҳаким аст!

221. Занони мушрикаро то имон наёвардаанд, ба занӣ магиред ва канизи мӯъмина беҳтар аз озодзани мушрика аст, ҳарчанд  шуморо аз ӯ хуш ояд. Ва ба мардони мушрик то имон наёваранд, зани мӯъмина мадиҳед. Ва бандаи мӯъмин (ғулом, барда) беҳтар аз мушрик аст, ҳарчанд шуморо аз ӯ хуш ояд. Инҳо ба сӯи оташ даъват мекунанд ва Худо ба ҷониби биҳишту омурзиш. Ва оёти худро ошкор баён мекунад, то ки бияндешанд!

222. Туро аз ҳайзи занон мепурсанд. Бигӯ «Ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дурӣ гузинед ва ба онҳо наздик машавед, то пок гарданд. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Худо фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед. Ҳар ойна Худо тавбакунандагонро дӯст дорад!

223. Занонатон киштзори шумо ҳастанд. Ҳар ҷо, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед. Ва барои хеш аз пеш чизе фиристед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ба назди ӯ хоҳед рафт. Ва мӯъминонро мужда деҳ!

224. Худоро омоҷи (василаи) савгандҳои хеш қарор мадиҳед, то аз некӯкориву тақво ва ислоҳ дар миёни мардум бозистед, ки Худо шунаво ва доност!

 

225. Худо шуморо ба сабаби савгандҳои бидуни қасдатон  бозхост намекунад, балки ба хотири нияте, ки дар дил ниҳон медоред, бозхост мекунад. Худо омурзанда ва бурдбор аст!

226. Барои касоне, ки савганд мехӯранд33, ки бо занони хеш наёмезанд, чаҳор моҳ мӯҳлат аст. Пас агар бозоянд, Худо омурзанда ва меҳрубон аст.

227. Ва агар азми талоқ карданд, Худованд шунаво ва доност!

228. Бояд, ки занони муталлақа (талоқшуда) то се бор пок шудан аз шавҳар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар раҳми онон офаридааст, пинҳон доранд.  Ва дар он айём агар шавҳаронашон қасди ислоҳ дошта бошанд, ба бозгардониданашон сазовортаранд. Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, монанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

229. Ин талоқ ду бор аст34 ва аз он пас ё ба  ваҷҳи некӯ нигаҳ доштани ӯст ё ба  ваҷҳи  некӯ раҳо сохтанаш. Ва ҳалол нест, ки аз он чӣ ба занон додаед, чизе бозситонед, магар он ки бидонанд, ки ҳудуди Худоро риоят намекунанд. Аммо ҳар гоҳ донистед, ки он ду ҳудуди Худоро риоят намекунанд, агар зан худро аз шӯй бозхарад, гуноҳе бар он ду  нест. Инҳо ҳудуди Худо аст. Аз он таҷовуз макунед, ки ситамкорон аз ҳудуди Худо таҷовуз  мекунанд.

230. Пас агар боз занро талоқ дод, дигар бар ӯ ҳалол нест, магар он, ки ба никоҳи  марде дигар дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад), ва ҳар гоҳ он мард занро талоқ диҳад, агар медонанд, ки ҳудуди  Худоро риоя мекунанд, руҷӯъашонро гуноҳе нест. Инҳо  ҳудуди Худост, ки барои мардуми доно баён мекунад.

231. Ҳар гоҳ занонро талоқ додед ва мӯҳлаташон қариб омад ё ононро ба ваҷҳи некӯ нигаҳ доред ё ба  ваҳҷи некӯ раҳо созед.  Ва нигоҳашон мадоред (ба қасди дароз кардани идда), то ки бар онҳо зиён бирасонед ё ситам бикунед. Ва ҳар кас, чунин кунад, ба хештан ситам кардааст. Ва оёти Худоро ба лаъбу лаҳв магиред ва аз неъмате, ки Худо ба шумо додааст ва аз оёту ҳикмате, ки барои панди шумо фиристодааст, ёд кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ӯ ба ҳама чиз огоҳ аст!

232. Ва чун занонро талоқ додед ва мӯҳлаташон сар омад, монеъ машавед, ба никоҳи ҳамсарони худ, ҳар гоҳ ки миёнашон ризояте ҳосил шуда бошад, дароянд. Касе, ки аз шумо ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда бошад, инчунин панд гирад. Ва ин шуморо беҳтар ва ба покӣ наздиктар аст. Худо медонад ва шумо намедонед!

233. Модароне, ки мехоҳанд шир доданро ба фарзандони худ комил созанд, ду соли тамом  ширашон бидиҳанд. Хӯроку либоси он ба ваҷҳе матлуб (урфи мардум) бар ӯҳдаи соҳиби фарзанд аст ва ҳеҷ кас беш аз қудраташ таклиф намешавад. Набояд ҳеҷ модаре ба хотири фарзандаш зиёне бубинад ва ҳеҷ падаре ба хотири фарзандаш. Ва вориси падар низ чунин бар ӯҳда дорад. Ва агар падару модар бихоҳанд, бо ризоят ва мушоварати якдигар фарзандашонро аз шир бозгиранд (яъне пеш аз ду сол), муртакиби гуноҳе нашудаанд. Ва ҳар гоҳ бихоҳед касе дигарро ба шир додани фарзандатон гиред, агар музде некӯ бипардозед, гуноҳе нест. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки ӯ ба коре, ки мекунед, биност!

 

234. Касоне, ки аз шумо бимиранд ва заноне бар ҷой гузоранд, он занон бояд, ки чаҳор моҳу даҳ рӯз интизори кашанд ва чун муддаташон  ба сар омад, агар дар бораи хеш коре шоиста кунанд, бар шумо гуноҳе нест, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!

235. Ва агар ба киноят аз он занон хостгорӣ кунед ё андешаи худ дар дил ниҳон доред, гуноҳе бар шумо нест. Зеро Худо медонад, ки аз онҳо ба зудӣ ёд хоҳед кард. Вале дар ниҳон бо онон ваъда мадиҳед, магар он ки ба ваҷҳе некӯ сухан гӯед ва майли  бастани никоҳ макунед, то он муддат тамом шавад ва бидонед, ки Худо ба он чӣ  дар дил доред, огоҳ аст. Аз ӯ битарсед ва бидонед, ки ӯ омурзанда ва бурдбор аст!

236. Агар занонеро, ки бо онҳо наздикӣ накардаед ва маҳре барояшон муқаррар надоштаед, талоқ гӯед, гуноҳе накардаед. Вале онҳоро ба чизе баҳраманд созед: тавонгар ба қадри тавонаш ва тангдаст ба қадри тавонаш баҳраманд созанд ба ваҷҳе матлуб (урфи мардум). Ин корест шоистаи некӯкорон.

237. Агар барояшон маҳре муайян кардаед ва пеш аз наздикӣ, талоқашон медиҳед, нисфи он чӣ муқаррар кардаед, бипардозед,  магар он ки онҳо (занон) худ ё касе, ки ақди никоҳ ба дасти ӯст35, онро бубахшад. Ва бахшидани шумо ба парҳезгорӣ наздиктар аст. Ва фазилатро миёни худ фаромӯш макунед, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, биност!

 

238. Намозҳо  ва намози миёниро  пос доред ва мутеъона барои Худо қиём кунед.

239. Ва агар аз душман бимнок будед, пиёда ё савора намоз кунед. Ва чун эмин шудед, Худоро ёд кунед, зеро ба шумо чизҳое омӯхт, ки намедонистед.

240. Мардоне аз шумо, ки мемиранд ва заноне бар ҷой  мегузоранд, бояд, ки дар бораи занони худ васият кунанд, ки нафақаи онҳоро ба муддати як сол бидиҳанд ва аз хона берунашон накунанд. Пас  агар худ хориҷ  шаванд, бо нияти шоистае (яъне никоҳ ба таври шаръӣ), гуноҳе бар шумо нест. Ва Худо ғолибу ҳаким аст.

241. Барои занони талоқшуда баҳраест ба ваҷҳе матлуб (урфи мардум), чунонки лозим аст бар мардони парҳезгор.

242. Худо оёташро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки таъаққул (фаҳм) кунед!

243. Оё он ҳазорон танро надидаӣ, ки аз бими марг аз хонаҳои хеш берун рафтаанд? Сипас, Худо ба онҳо гуфт: «Бимиред!» Он гоҳ ҳамаро зинда  сохт. Худо ба мардум неъмат медиҳад, вале бештари мардум шукри неъмат ба ҷой намеоваранд!

244. Дар роҳи Худо ҷанг кунед ва бидонед, ки Худо шунаво ва доност!

245. Кист, ки ба Худо қарзи  нек (нафақа дар роҳи Худо) диҳад, то Худо бар он чанд баробар афзояд? Худо тангдастӣ диҳад ва тавонгарӣ бахшад ва шумо ба сӯи ӯ бозгардонда мешавед!

246. Оё ин гурӯҳ аз бани Исроилро пас аз Мӯсо надидӣ, ки ба яке аз паёмбарони худ гуфтанд: «Барои мо подшоҳе қарор кун, то дар роҳи Худо биҷангем». Гуфт: «Наздик аст, ки агар ҷанг бар  шумо фарз гардонида шавад, аз он сар боз хоҳед зад?» Гуфтанд: «Чаро дар роҳи Худо наҷангем, дар ҳоле, ки мо аз сарзаминамон берун  ронда шудаем ва аз фарзандонамон ҷудо афтодаем?»  ва чун ҷанг бар онҳо муқаррар шуд, ҷуз андаке аз он рӯй бартофтанд. Худо ба ситамкорон огоҳ аст!

247. Пайғамбарашон ба онҳо гуфт: «Худо Толутро подшоҳи шумо кард». Гуфтанд:  «Чӣ гуна ӯро бар мо подшоҳӣ бошад? Мо сазовортар аз ӯ ба подшоҳӣ ҳастем ва ӯро дороии чандоне надодаанд». Гуфт:   «Худо ӯро бар шумо баргузидааст ва ба донишу тавоноии ӯ бияфзудааст ва Худо подшоҳияшро ба ҳар кӣ хоҳад, диҳад, ки Худо кушоишдиҳанда ва доност!»

248. Пайғамбарашон гуфт, ки нишони подшоҳии ӯ ин аст, сандуқе, ки оромии дил аз Парвардигоратон ва боқии мероси хонадони Мӯсо ва хонадони Ҳорун дар он аст ва фариштагон мебардорандаш, назди шумо ояд. Агар мӯъмин бошед, ин барои шумо ибратест.

249.  Чун Толут сипоҳро ба роҳ андохт,37  гуфт:   «Худо шуморо ба ҷӯи обе меозмояд: ҳар кӣ аз он нахӯрад ё танҳо кафе биёшомад, аз ман аст». Ҳама, ҷуз андаке аз он нӯшиданд. Чун ӯ  ва мӯъминоне, ки ҳамроҳаш буданд,  аз наҳр гузаштанд, гуфтанд:  «Имрӯз моро тавони Ҷолут ва сипоҳаш нест». Онон, ки медонистанд, ки бо Худо дидор хоҳанд кард, гуфтанд:   «Ба хости Худо чӣ басо гурӯҳи андаке, ки бар гурӯҳи бисёре ғалаба кунад», ки Худо бо касонест, ки собиранд.

250. Чун бо Ҷолут ва сипоҳаш рӯ ба рӯ шуданд, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бар мо сабр бибору моро собитқадам гардон ва бар кофирон  пирӯз соз!»

251. Пас ба хости Худо онҳоро шикаст доданд ва Довуд Ҷолутро бикушт ва Худо ба ӯ подшоҳиву ҳикмат дод ва он чӣ мехост, ба ӯ биёмӯхт. Ва агар Худо баъзе аз мардумро (куффоро) ба василаи баъзе дигар (мӯъминон) дафъ намекард, замин табоҳ мешуд, вале  Худо бар ҷаҳониён фазлу карами хешро арзонӣ  медорад.

252. Ин аст оёти Худо, ки ба ростӣ бар ту  мехонем ва ту аз паёмбарон ҳастӣ!

253. Баъзе аз ин паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ додем. Худо бо баъзе сухан гуфт ва баъзеро ба дараҷоте барафрошт. Ва ба Исо  ибни Марям мӯъҷизаҳо  додем ва ӯро ба Рӯҳулқудс (яъне, ҷабраил) ёрӣ кардем. Ва агар Худо мехост, мардуме, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он, ки ҳуҷҷатҳо бар онон ошкор шуда буд, бо якдигар қитол намекарданд. Вале онон ихтилоф карданд: баъзе имон оварданд ва баъзе кофир шуданд. Ва агар Худо мехост, бо ҳам қитол намекарданд, вале Худо ҳар чӣ хоҳад мекунад.

254.  Эй касоне, ки имон овардаед, пеш аз он ки  он рӯзе фаро расад, ки на дар он хариду фурӯше бошад ва на дӯстиву шафоъате, аз он чӣ ба шумо  рӯзӣ додаем, инфоқ кунед. Ва кофирон худ ситамкоронанд.

255. Аллоҳ худоест, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз ӯ нест. Зиндаву тадбиркунандаи ҳама чиз аст. На хоби сабук (пинак) ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати ӯ дар назди ӯ шафоъат кунад? Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сарашон аст, медонад ва ба илми ӯ ҷуз он чӣ Худ хоҳад, иҳота натавонанд ёфт.  Курсии ӯ осмонҳо ва заминро дар бар дорад. Нигаҳдории онҳо бар ӯ душвор нест. ӯ баландпояву бузург аст!

256. Дар дин ҳеҷ маҷбурие нест. Ҳидоят аз гумроҳӣ мушаххас шудааст. Пас ҳар кас, ки ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, ба чунон риштаи устуворе чанг зада, ки гусастанаш набошад. Худо шунаво ва доност!

257. Худо ёвари мӯъминон аст. Онҳоро аз торикиҳо ба равшанӣ  мебарад. Вале онон, ки кофир  шудаанд, тоғут (бутҳо ва худоҳои дурӯғин) ёвари онҳост, ки онҳоро аз равшанӣ ба торикиҳо мекашад. Инҳо ҷаҳаннамиёнанд ва ҳамвора дар он хоҳанд буд.

258. Он касеро, ки Худо ба ӯ подшоҳӣ  арзонӣ  карда буд, надидӣ, ки бо Иброҳим дар бораи Парвардигораш мукобара (фахрфурӯшӣ)  мекард? Он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: «Парвардигори ман зинда мекунад ва мемиронад». ӯ гуфт: «Ман низ зинда мекунам ва мемиронам». Иброҳим гуфт: «Худо хуршедро аз машриқ бармеоварад, ту онро аз мағриб баровар». Он кофир ҳайрон шуд. Зеро Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!

259.  Ё монанди он кас, ки ба деҳе расид. Деҳе, ки сақфҳои биноҳояш фурӯ рехта буд. Гуфт:   «Аз куҷо Худо ин мурдагонро зинда кунад?» Худо ӯро ба муддати сад сол миронд. Он гоҳ зиндааш кард. Ва гуфт:  «Чӣ муддат дар ин ҷо будӣ?» Гуфт: «Як рӯз ё қисмате аз рӯз». Гуфт: «На, сад сол аст, ки дар ин ҷо будаӣ. Ба таъому обат бингар, ки тағйир накардааст ва ба харат бингар, мехоҳем туро барои мардумон ибрате гардонем, бингар, ки устухонҳоро чӣ гуна ба ҳам мепайвандем ва гӯшт  бар он мепӯшонем». Чун қудрати Худо бар ӯ ошкор шуд, гуфт:  «Медонам, ки Худо ба ҳар коре тавоност!»

260. Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман бинамой, ки мурдагонро чӣ гуна зинда месозӣ». Гуфт:  «Оё ҳанӯз имон наёвардӣ? «Гуфт: «Бале, валекин мехоҳам, ки дилам ором ёбад». Гуфт:  «Чаҳор парранда бигиру гӯшти онҳоро ба ҳам биёмез ва ҳар ҷузъе аз онҳоро бар кӯҳҳо бинеҳ. Пас онҳоро фарёд кун. Шитобон назди ту меоянд ва бидон, ки Худо пирӯзманд ва ҳаким аст».

261.  Масали онон, ки моли худро дар роҳи Худо инфоқ (сарф) мекунанд, мисоли донаест, ки ҳафт хӯша бароварад ва дар ҳар хӯшае сад дона бошад. Худо подоши ҳар киро, ки бихоҳад, чанд баробар мекунад. Худо кушоишдиҳанда  ва доност!

262. Музди касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо  инфоқ (сарф) мекунанд ва пас аз инфоқ миннате намениҳанд ва озоре намерасонанд, бо Парвардигорашон аст. На бимнок мешаванд ва на андӯҳгин.

263. Гуфтори некӯ ва бахшоиш беҳтар аз садақаест,  ки озоре ба дунбол дошта бошад. Худо бениёз ва бурдбор аст!

264. Эй касоне, ки имон овардаед, монанди он кас, ки амволи худро аз рӯи риё ва худнамоӣ сарф мекунад ва ба Худову рӯзи қиёмат имон надорад, садақаҳои  хешро ба миннат ниҳодан ва озор расонидан ботил макунед. Масали ӯ мисли  санги софест, ки бар рӯи он хок нишаста бошад. Ба ногоҳ бороне тунд фурӯ борад ва он сангро  ҳамчунон киштнопазир боқӣ гузорад. Чунин касон аз он чӣ кардаанд, суде намебаранд, ки Худо кофиронро ҳидоят намекунад.

265. Ва масали касоне, ки амволи хешро барои талаби ризои Худо аз рӯи яқин ва эътиқод сарф мекунанд, мисли боғест бар теппае, ки бороне тунд бар он борад ва дучандон  мева диҳад ва агар на бороне тунд, ки нарм бороне бар он борад. Худо бар корҳои шумо биност!

266. Оё аз миёни шумо касе ҳаст, ки дӯст дошта бошад, ки ӯро боғе аз хурмову ангур буда бошад ва ҷуйҳо дар пои дарахтонаш ҷорӣ бошад ва ҳар гуна мевае диҳад ва худ пир шуда ва фарзандоне нотавон дошта бошад, ба ногоҳ гирдбоде оташнок дар он боғ афтад  ва бисӯзад? Худо оёти худро барои шумо инчунин  баён мекунад, то ки бияндешед!

267. Эй касоне, ки имон овардаед, аз дастовардҳои некӯи хеш ва аз он чӣ бароятон аз замин рӯёнидем,  харҷ кунед, на аз чизҳои нопоку бад, ки худ онҳоро ҷуз аз рӯи чашмпӯшӣ намеситонед. Ва бидонед, ки Худо бениёз ва сутуданист.

268. Шайтон шуморо аз бенавоӣ  метарсонад  ва ба корҳои зишт вомедорад, дар ҳоле, ки Худо шуморо ба омурзиши хеш ва афзунӣ ваъда медиҳад. Худо кушоишдиҳанда ва доност!

269. Ба ҳар ки хоҳад, ҳикмат ато кунад. Ва ба ҳар ки ҳикмат ато шуда, некии фаровон дода шуда. Ва ҷуз хирадмандон панд напазиранд.

270. Ҳар чиро садақа ё назр кардаед, Худо ба он огоҳ аст. Ва ситамкоронро ҳеҷ ёриву мададгоре нест!

271. Агар ошкоро садақа диҳед, коре некӯст ва агар дар ниҳон ба бенавоён садақа диҳед, некӯтар аст ва гуноҳони шуморо дур созад. Ва Худо бар корҳое, ки мекунед,огоҳ аст!

272. Ҳидоят ёфтани онҳо бар ӯҳдаи ту нест, балки Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад. Ва ҳар моле, ки садақа мекунед, савобаш азони худи шумост ва ҷуз барои хушнудии Худо чизе сарф макунед ва ҳар чӣ сарф кунед, мукофоти он ба шумо мерасад ва бар шумо ситам нахоҳад шуд.

273. Ин садақот аз они бенавоёнест, ки худро дар тоъати Ҳақ банд кардаанд ва дар талаби қут нотавонанд ва ончунон дар пардаи ифофанд (худдорӣ), ки ҳар кӣ ҳоли онҳо надонад, пиндорад, ки аз тавонгаронанд. Ононро аз симояшон мешиносӣ, ки ба исрор (бо хирагӣ) аз касе чизе нахоҳанд. Ва ҳар моле, ки сарф мекунед, Худо бар он огоҳ аст!

274. Онон, ки амволи хешро дар шабу рӯз, дар пинҳону ошкор сарф мекунанд, аҷрашон бо Парвардигорашон аст, на бимнок мешаванд ва на ғамгин!

275. Онон, ки рибо мехӯранд, дар қиёмат чун касоне аз қабр бармехезанд, ки ба осеби шайтон девона шуда бошанд. Ва ин ба ҷазои он аст, ки гуфтанд:  «Рибо низ чун хариду фурӯш аст». Дар ҳоле, ки Худо хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст. Ҳар кас, ки панди Худо ба  ӯ расид ва аз рибохӯрӣ бозистод, Худо аз гуноҳони пешини ӯ даргузарад ва кораш ба Худо вогузор шавад. Ва онон, ки ба он кор бозгарданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд!

276. Худованд риборо ночиз мегардонад ва садақотро афзунӣ медиҳад ва ҳеҷ куфронкунандаи гунаҳкорро дӯст надорад!

277. Онон, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд ва намоз хондаанду закот додаанд, муздашон бо Парвардигорашон аст. На бимнок мешаванд ва на ғамгин!

278. Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва агар имон овардаед, аз рибо ҳар чӣ боқӣ мондааст, тарк кунед.

279. Ва ҳар гоҳ чунин накунед, пас ба ҷанги Худову расули ӯ хабардор бошед. Ва агар тавба кунед, асли сармоя аз они шумост. Дар ин ҳол на ситам кардаед ва на тан ба ситам додаед!

280. Ва агар қарздор тангдаст бувад, мӯҳлате бояд, то тавонгар гардад. Ва агар доно бошед, донед, ки чун бар ӯ бубахшоед, бароятон беҳтар аст!

281. Аз он рӯз, ки сӯи Худо бозмегардед  ва ба ҳар кас подоши амалаш ба тамомӣ дода мешавад ва ситаме намебинад, бимнок бошед.

282. Эй касоне, ки имон овардаед, чун қарзе то муддате  муъайян ба якдигар диҳед,  онро бинависед. Ва бояд дар байни шумо котибе бошад, ки онро ба дурустӣ бинависад. Ва котиб набояд, ки дар навиштан аз он чӣ  Худо ба ӯ омӯхтааст, сарпечӣ  кунад. Ва  қарздор бояд, ки бар котиб имло кунад ва аз Аллоҳ, Парвардигори худ битарсад ва аз он ҳеҷ накоҳад. Агар қарздор нодон ё сағир бувад ё худ навиштан наметавонист, валии ӯ аз рӯи адолат имло кунад. Ва ду шоҳиди мард ба шаҳодат гиред. Агар ду мард набувад, як марду ду зан, ки ба онҳо ризоият диҳед, шаҳодат бидиҳанд, то агар яке фаромӯш кард, дигаре ба ёдаш биёварад. Ва шоҳидон чун ба шаҳодат  даъват шаванд, набояд, ки аз шаҳодат худдорӣ кунанд. Ва аз навиштани муддати  қарзи худ, чӣ хурд ва чӣ бузург, малӯл машавед. Ин равиш дар назди Худо одилонатар  аст ва шаҳодатро устувордорандатар ва шакку шубҳаро дуркунандатар. Ва ҳар гоҳ муъомалаи нақдӣ бошад, агар барои он санаде нанависед, муртакиби гуноҳе нашудаед. Ва чун муъомалае кунед, шоҳиде гиред. Ва набояд ба котибу  шоҳид зиёне бирасонед, ки агар чунин кунед, нофармонӣ кардаед. Аз Худо битарсед. Худо шуморо таълим медиҳад ва ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст!

283. Ҳар гоҳ дар сафар будед ва котибе наёфтед,  бояд чизе ба гарав гирифта шавад ва агар касе аз шумо дигареро амин донист, он кас, ки амин дониста шуда, амонатро боздиҳад ва бояд аз Аллоҳ, Парвардигораш битарсад. Ва шаҳодатро пинҳон  макунед. Ҳар кас, ки шаҳодатро пинҳон кунад, ба  дил гунаҳкор аст ва Худо аз коре, ки мекунед, огоҳ аст!

284. Аз они Худост, ҳар чӣ  дар осмонҳову замин аст. Он чиро, ки дар дил доред, хоҳ ошкораш созед ё пӯшидааш доред, Худо шуморо ба он  бозхост хоҳад кард. Пас ҳар киро, ки  бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад. Ва Худо  бар ҳар коре тавоност!

285. Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби  Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳеҷ  яке аз паёмбаронаш фарқе намениҳем. Гуфтанд: «Шунидем ва итоъат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши туро хосторем, ки саранҷоми ҳама ба сӯи туст!»

286. Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ  амр намекунад. Некиҳои ҳар кас  аз они худи ӯст ва бадиҳояш аз они худи ӯст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниҳодӣ, таклифи гарон бар мо  манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо  таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар  мо раҳмат овар! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гурӯҳи  кофирон пирӯз гардон!»

Мы в социальных сетях