52 Сураи ТУР (Кӯҳи Тур)

Назад

52 Сураи ТУР (кӯҳи Тур)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Қасам ба кӯҳи Тур

2.ва қасам ба китоби навишташуда,

3.дар сафҳае кушода  (Қуръони маҷид)

4.ва қасам ба байтулмаъмур2

5.ва қасам ба ин сақфи барафрошта (осмон)

6.ва қасам ба баҳри моломол (лабрез аз оташ),

7.ки ҳаройна, азоби Парвардигорат, ҳатман, воқеъ шуданист.

8.Ва онро дафъкунандае нест.

9.Рӯзе ки осмон сахт бичархад

10.ва кӯҳҳо шитобон равон шаванд,

11.пас вой, дар он рӯз бар дурӯғбарорандагон,

12.онон ки саргарми корҳои ботили хешанд!

13.рӯзе, ки онҳоро ба қаҳр ба ҷониби ҷаҳаннам кашанд.

14.Ин аст он оташе, ки дурӯғаш мешумурдед

15.Оё ин ҷодуст ё шумо намебинед?

16.Ба оташ дароед. Хоҳ бар он сабр кунед ё сабр накунед, фарқе накунад. Ҳаройна, шуморо дар баробари корҳое, ки мекардаед, ҷазо медиҳанд.

17.Ҳаройна, парҳезгорон дар биҳиштҳо ва неъматанд.

18.Аз он чӣ Парвардигорашон ба онҳо додааст, шодмонанд ва Худо онҳоро аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ доштааст.

19.Ба подоши корҳое, ки кардаед, бихӯреду биёшомед. Гувороятон бод.

20.Бар он тахтҳои канори ҳам чида такя мезананд. Ҳуриёнро ҳамсаронашон мегардонем.

21.Касоне, ки худ имон оварда ва фарзандонашон дар имон пайравияшон карданд. Фарзандонашонро бо онҳо якҷоя мекунем ва аз он подоши амалашон ҳеҷ намекоҳем, ҳар касе дар гарави кори хештан аст.

22.Ва пайваста аз ҳаргуна, ки бихоҳанд, меваву гӯшт атояшон мекунем.

23.Дар он ҷо ҷоми май (шароби таҳур) диҳанд ва ҷоми  май ситонанд, ки дар он на сухани беҳуда бошад ва на гуноҳ кардан.

24.Ходимонашон чун марвориди пинҳон дар садаф дар гирдашон мечарханд.

25.Пурсишкунон рӯй ба якдигар мекунанд.

26.Мегӯянд: «Пеш аз ин, ҳаройна, дар миёни касонамон (хонавода) мо аз (азоби) Худо метарсидем.

27. Пас, Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби самум3 нигаҳ дошт .

28. Ҳаройна, мо пеш аз ин ӯро мехондем, ки ҳаройна, ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!»

29.Пас, пандашон деҳ, ки ту ба баракати неъмати Парвардигорат на коҳин ҳастиву на маҷнун.

30.Ё мегӯянд: «Шоъиресту мо барои вай мунтазири  ҳаводиси рӯзгорем».

31.Бигӯ: «Шумо мунтазир бимонед, ки ҳаройна, ман низ  бо шумо интизорӣ мекашам».

32.Оё ононро ақлҳояшон ба ин пиндорҳо кашонида ё худ мардуме саркаш ҳастанд.

33.Ё мегӯянд: «Қуръонро худ сохтааст!» Балки, онҳо имон намеоваранд!

34.Пас, агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд.

35.Оё бе ҳеҷ  холиқе падид омаданд ё худ холиқи хешанд?

36.Ё осмонҳову заминро халқ кардаанд? Балки, ба яқин нарасидаанд.

37.Ё хазинаҳои Парвардигорат наздики онҳост? Ё бар чизе тасаллут ёфтаанд?

38.Ё нардбоне доранд, ки аз он боло мераванд ва гӯш фаро медиҳанд? Пас, он касе, ки гӯш фаро дода, ҳуҷҷате ошкор биёварад.

39.Ё худовандро духтарон асту шуморо писарон?

40.Ё аз онҳо музде металабӣ ва пардохти музд бар онҳо душвор аст?

41.Ё илми ғайб медонанду менависанд?

42. Ё мехоҳанд ҳиллае кунанд? Аммо кофирон худ ба ҳилла гирифторанд.

43.Ё онҳоро маъбудест ҷуз Худои барҳақ? Пок аст Аллоҳ аз ҳар чӣ шарикаш месозанд.

44.Агар бингаранд, ки қитъае аз осмон фурӯ меафтад, мегӯянд: «Абрест мутароким (қабат-қабат ҷамъшуда)».

45.Пас, онҳоро вогузор, то рӯзеро, ки дар он ба ҳалокат мерасанд, бингаранд,

46.рӯзе, ки макрашон ҳеҷ ба ҳолашон суд накунад ва кас ба ёрияшон барнахезад.

47.Ҳаройна, барои касоне, ки ситам мекунанд, боз ҳам азобест ҷуз ин азоб, вале бештаринашон намедонанд.

48.Дар баробари фармони Парвардигорат  босабр бош, ки ҳаройна, ту таҳти назари Моӣ! Ва ҳангоме ки бархостӣ, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй!

49.Ва тасбеҳ гӯй дар порае аз шаб ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон.

 

Мы в социальных сетях