82 Сураи ИНФИТОР (шикофтан)

Назад

82 Сураи ИНФИТОР1 (шикофтан)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Он гоҳ ки осмон  шикофта шавад

2.ва он гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд

3.ва он гоҳ ки баҳрҳо ба ҳам бипайванданд

4. ва он гоҳ ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гарданд,

5. ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст.

6.Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст?

7.Он кӣ туро биёфарид ва аъзоят дуруст кард  ва туро мӯътадилқомат кард.

8.Ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод).

9.На чунин аст, (ки мепиндоред) ва шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед.

10.Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:

11. котибоне2 бузургвор

12.  медонанд, ки шумо чӣ мекунед.

13.Албатта, некӯкорон дар неъматанд

14. ва гунаҳкорон дар ҷаҳаннам!

15. Дар  рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд

16. ва аз он ғойиб нашаванд.

17. Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?

18. Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?

19. Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натавонад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад.

Мы в социальных сетях