86 Сураи ТОРИҚ (Он чӣ дар шаб ояд)

Назад

86 Сураи ТОРИҚ1 (он чӣ дар шаб ояд)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба осмону ба он чӣ дар шаб ояд!

2.Ва ту чӣ донӣ, ки он чӣ дар шаб ояд, чист?

3.Ситораест дурахшанда.

4.Ҳеҷ кас нест, ки бар ӯ нигаҳбоне набошад.

5.Пас, одамӣ  бингарад, ки аз чӣ офарида шудааст.

6.Аз обе ҷаҳанда офарида шудааст,

7.ки аз миёни пушту сина берун меояд.

8.ҳаройна, Худо ба бозгардонидани ӯ тавоност,

9.рӯзе, ки розҳо ошкор мешаванд.

10.ӯро на қувватест ва на ёваре.

11.Қасам ба осмони баргардонанда ( мавҷ ва бухори об)

12.Қасам ба замини рӯёни шикофхӯрда,

13.ки ҳаройна, ин китоб ҳақро аз ботил ҷудо кунад

14.ва сухани ҳазл нест!

15.ҳаройна, онон ҳилае меандешанд

16.ва Ман ҳам тадбире меандешам.

17.Пас, кофиронро мӯҳлат деҳ, мӯҳлате андак!

Мы в социальных сетях