67 Сураи ТАҲРИМ1 (Ҳаром кардан)

Назад

67 Сураи ТАҲРИМ1 (ҳаром кардан)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

 

1.Эй паёмбар, чаро чизеро, ки Худо бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнуд сохтани занонат бар худ ҳаром мекунӣ? Ва Худо омурзанда ва меҳрубон аст!

2.Худо барои шумо кушодани савгандҳоятонро муқаррар доштааст. Худост ёвари шумо, ӯст донову ҳаким!

3.Он гоҳ ки паёмбар бо яке аз занони худ розе дар миён ниҳод, чун он зан он роз бо дигаре боз гуфт, Худо паёмбарро аз он огоҳ сохт ва ӯ баъзе аз он розро бар он зан ошкор кард ва аз ифшои пораи дигар худдорӣ кард. Чун ӯро аз он хабар дод, гуфт: «Чӣ касе туро аз ин моҷаро огоҳ кардааст?» Гуфт: «Он Худои донои огоҳ ба ман хабар додааст».

4.Агар шумо ду зан тавба кунед, беҳтар аст, зеро дилҳоятон аз ҳақ (каме) бозгаштааст. Ва агар барои озораш ҳамдаст шавед, Худо ёвари ӯст ва низ Ҷабраил ва мӯъминони шоиставу фариштагон аз он пас ёвари он хоҳанд буд.

5.Шояд агар шуморо талоқ гӯянд, Парвардигораш ба ҷойи шумо заноне беҳтар аз шумо барояш бидиҳад. Заноне мусалмон, мӯъмин, фармонбардор, тавбакунанда, аҳли ибодату рӯзагир, хоҳ шавҳар карда, хоҳ бокира.

6.Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигаҳ доред. Фариштагоне дуруштгуфтору сахтгир бар он оташ муваккаланд (гумоштаанд). Ҳар чӣ Худо бигӯяд, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон мекунанд, ки ба он амр шудаанд.

7.Эй кофирон,  дар он рӯз узр  махоҳед. Фақат барои коре, ки кардаед, ҷазо дода мешавед.

8.Эй касоне, ки имон овардаед, ба даргоҳи Худо тавба кунед, тавбае аз рӯи ихлос. Бошад, ки Парвардигоратон гуноҳонатонро маҳв (дур) кунад ва шуморо ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Дар он рӯз Худо паёмбар ва касонеро, ки бо ҳамроҳии ӯ имон овардаанд, хору зор накунад ва нурашон пешопеш аз самти росташон дар ҳаракат бошад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо ба камол расон ва моро биёмурз, ки ҳаройна, ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!»

9.Эй Паёмбар, бар кофирону мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир. Ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки бад саранҷомест!

10. Худо барои кофирон мисоли зани Нӯҳу зани Лутро меоварад, ки ҳар ду дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд ва ба он ду хиёнат карданд. Ва онҳо натавонистанд  аз занони худ дафъи азоб кунанд ва гуфта шуд: «Бо дигарон ба оташ дароед!»

11. Ва Худо барои касоне, ки имон овардаанд, зани Фиръавнро мисол меорад, он гоҳ ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ, маро аз мардуми ситамкор бираҳон!»

12. Ва Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи хешро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. Ва ӯ калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард. Ва  ӯ аз фармонбардорон буд.

 

13.Чи ба роз сухан гӯед ва чи ошкоро, ҳаройна, ӯ ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад доност.

14.Оё он зоте, ки (махлуқотро) офарида намедонад? Ҳол он ки ӯ борикбину огоҳ аст.

15.ӯст, ки заминро роми шумо гардонид. Пас, ба  рӯӣ он сайр кунед ва аз ризқи Худо бихӯред. Чун аз қабр берун оед, ба сӯи ӯ меравед.

16.Оё аз он зоте, ки дар осмон аст, эмин нишастаед, ки шуморо дар замин  фурӯ барад, пас ногаҳон замин меларзад.

17.Ё аз он зоте,  ки дар осмон аст, эмин нишастаед, ки ногоҳ боде ҳамроҳ ба сангрез бар сари шумо фиристад? Ба зудӣ хоҳед донист, ки бим додани Ман чӣ гуна аст.

18. Албатта, касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд. Пас, азоби ман чӣ гуна буд!

19. Оё паррандагонеро, ки бол кушуда ва бол кашида бар болои сарашон дар парвозанд, надидаанд? Онҳоро ҷуз Худои раҳмон касе дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. ҳаройна,  ӯст, ки ба ҳама чиз биност!

20. Оё онон, ки ёрони шумоянд, тавонанд дар боробари Худо ёриатон кунанд? Кофирон дар фиребе беш нестанд.

21. Оё кист он зоте, ки ба шумо рӯзӣ диҳад, агар ӯ рӯзии хеш боздорад? Балки, дар саркашиву дурӣ аз ҳақ пойдор  меистанд.

22. Оё он касе, ки нагунсор (хамшуда) ба рӯй афтода роҳ меравад,  ҳидоятёбандатар аст ё он ки бар пой истода ва ба роҳи рост меравад?

23. Бигӯ: «ӯст, ки шуморо офаридааст ва гӯшу чашму дил додааст. Чӣ андак шукр мегузоред!»

24. Бигӯ: «ӯст, ки шуморо дар замин офарид ва дар  қиёмат назди ӯ гирд оварда мешавед».

25. Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда чӣ вақт фаро мерасад?»

26. Бигӯ: «ҳаройна, илми он (қиёмат) назди Худост ва ҳаройна,  ман бимдиҳандае ошкорам».

27.Пас, чун кофирон  онро (азоби қиёматро) наздик бубинанд (аз дидани азоб), чеҳраашон гирифта шавад  (ва ҳоли инсонеро пайдо мекунанд, ки ӯро ба қатлгоҳ мебаранд). Ва ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ ботилаш мехондед (ва ба фаро расидан ва дидани он шитоб меварзидед)!»

28.Бигӯ: «Хабар диҳед, ки агар (фаразан) Худо марову ҳамроҳонамро (ки имон овардаанд) ҳалок кунад ё бар мо раҳмат оварад, чӣ касе кофиронро аз азоби дардовар мераҳонад2?»

29.Бигӯ: «ӯ Худои раҳмон, аст ба ӯ имон овардем ва бар ӯ таваккул кардем. Ва ба зудӣ, хоҳед донист, ки чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст!»

30.Бигӯ: «Хабар диҳед, агар обатон дар замин фурӯ равад, чӣ касе шуморо оби равон хоҳад дод?»

Мы в социальных сетях