89 Сураи ФАҶР (Сапедаи субҳ)

Назад

89 Сураи ФАҶР (сапедаи субҳ)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба сапедаи субҳ

2.ва савганд ба шабҳои даҳгона (яъне, ашараи зулҳиҷҷа ё даҳҳаи охири моҳи Рамазон)

3.ва савганд ба ҷуфту тоқ

4.ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад.

5.Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист?

6.Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард?

7.Бо Ирам2, ки сутунҳо дошт?

8.Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд.

9.Ва қавми самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд.

10.Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо, (мурод, аҳромҳову қасрҳо ё чаҳормех кардани мӯъминони мазлум аст)

11.онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд

12.ва дар онҳо фасод афзуданд.

13.Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард.

14.ҳаройна, Парвардигорат ба камингоҳ аст.

15.Аммо одамӣ, чун Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт».

16.Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт».

17.На чунин аст (ки мепиндоред). Шумо ятимро гиромӣ намедоред

18.ва якдигарро ба таъом додани мискин тарғиб намекунед

19.ва меросро ҳарисона мехӯред

20.ва молро фаровон дӯст доред.

21. На чунин аст (ки мепиндоред), чун замин шикофта шавад   шикофташудане

22.ва  Парвардигори ту биёяд ва фариштагон саф дар саф ҳозир оянд

23.ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чи ҷои панд гирифтан бошад?

24.(Дар ҳолати ҳасрат ва пушаймонӣ) Мегӯяд: «Эй кош, ки барои ҳаёти ҷовидонаи хеш пешопеш чизе мефиристодам».

25.Дар он рӯз (ки чунин аҳвол ва авзоъ рух медиҳад) касе чун азоби Худо азоб накунад

26.ва монанди занҷири Худованд ба занҷир накашад (ва ҷазои халоиқи муҷрим (гунаҳкор) чунин аст ва аммо нафси пок мавриди истиқбол қарор гирифта ва ба он гуфта мешавад).

27.Эй рӯҳи оромишёфта (имрӯз ҳеҷ гуна ҳаросе надорӣ),

28.хушнуду писандида ба сӯи (ризо ва биҳишти) Парвардигорат бозгард (ва аз он чӣ ба ту ато кардааст хушнӯд ва розӣ бош)

29.ва дар зумраи бандагони (солеҳи) Ман дохил шав

30.ва ба биҳишти Ман (яъне, қароргоҳи родмардони солеҳ) дарой.

 

Мы в социальных сетях