Гобеленовое панно (картина). Гобелен - это стенной односторонний безворсовый ковёр с сюжетной или орнаментальной композицией...На картинах изображена одна из самых почитаемых мечетей в исламе - мечеть пророка Мухаммада, мир ему, в городе Медина и самый Великий аят Священного Корана - "Аят Аль-Курси". Данные исламская картины станут прекрасным, значительным, постоянно напоминающим о его дарителе подарком для друзей, близких и родных людей. Также картины могут украсить любой интерьер, так как являются своеобразным искусством, которое уже сотни лет украшает интерьеры домов по всему миру. Аят Аль-Курси картина.jpg (338×600)

Мечеть пророка Мухаммада картина.jpg (338×600)

Цена Картина 70 см. х 108 см. (гобеленовое панно) Мечеть пророка Мухаммада, мир ему, в Медине - 7500 руб.

Картина "Аят Аль-Курси" 70 см. х 100 см. - 8000 руб.

ЗАКАЗАТЬ КАРТИНУ С ДОСТАВКОЙ по Москве или транспортными компаниями по России можно позвонив по телефону:

8 925 717 24 11

или по e-mail: cheh89@mail.ru

 

 

71 Сураи НӯҲ

Назад

71 Сураи НӯҲ

 

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!

1. Мо, ҳаройна, Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем, ки қавми худро пеш аз он ки азобе дардовар бар сарашон фуруд ояд, бим деҳ.

2.Гуфт: «Эй қавми ман, ман ҳаройна, бимдиҳандае равшангарам,

3.Худоро  бипарастед ва аз ӯ битарсед ва аз ман итоъат кунед,

4.то гуноҳонатонро биёмурзад ва шуморо то муддате муъайян мӯҳлат диҳад, ҳаройна, он аҷали  илоҳӣ  чун ба сар ояд,  агар бидонед, дигар таъхир нашавад».

5.Гуфт (Нӯҳ): «Эй Парвардигори ман, ман ҳаройна, қавми худро шабу рӯз даъват кардам

6.ва даъвати ман ҷуз ба фирорашон наяфзуд.

7.Ва албатта, ман, ҳар бор, ки даъваташон кардам, то Ту онҳоро биёмурзӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд ва ҷома дар сар кашиданд ва пой фишурданд ва ҳар чӣ бештар саркашӣ карданд.

8.Пас, ба овози баланд даъваташон кардам.

9.Боз, ҳаройна,ба ошкор  гуфтам ва дар ниҳон гуфтам.

10. Сипас гуфтам: «Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, ки ӯ, албатта, омурзанда аст,

11.то аз осмон бароятон пай дар пай борон фиристад

12.ва шуморо ба амволу фарзандон мадад кунад ва бароятон бӯстонҳову наҳрҳо биёфаринад.

13.Шуморо чӣ мешавад, ки аз шукӯҳи Худованд наметарсед,

14.ҳол он ки шуморо ба гунаҳои (навъҳо) мухталиф биёфарид.

15.Оё намебинед, ки чӣ гуна Худо ҳафт осмони табақа – табақаро биёфарид?

16.Ва моҳро равшании онҳо ва хуршедро чароғашон гардонид.

17.Ва Худо шуморо чун растание аз замин бирӯёнид.

18.Боз шуморо ба он бозмегардонад ва боз аз он берун меоварад.

19.Ва Худо заминро чун фарше бароятон бигустурд,

20.то бар роҳҳои паҳновари он биравед».

21.Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, онҳо фармони ман  набурданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнаш наяфзуд.

22.Макр карданд – макре бузург.

23.Ва гуфтанд:  «Худоёнатонро тарк накунед, Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро тарк макунед!2»

24.Бисёреро гумроҳ карданд ва ту ҷуз бар гумроҳии ситамкорон маяфзой!» (Нӯҳ гуфт: “Инҳо худ хоҳони гумроҳианд, гумроҳашон кун”).

25.Ба ҷазои гуноҳонашон ғарқа шуданд ва ба оташ рафтанд ва ҷуз Худо барои худ ёваре наёфтанд.

26.Ва Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор,

27.ки агар ту, ҳаройна, бигузорияшон, бандагонро гумроҳ мекунанд ва ҷуз фарзандоне фоҷиру кофир наёваранд.

28.Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро биёмурз ва ситамкоронро ҷуз ба ҳалокаташон маяфзой!»

 

Мы в социальных сетях